Бойгонии матолиб

09 March 2024

Идомаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло дар кишвар 3 хона – интернати пиронсолон ва маъюбон бо 384 нафар бошандагон, аз ҷумла 196 нафар пиронсолон 4 хона – интернати беморони рӯҳӣ бо 893 нафар бошандагон, аз ҷумла 842 нафар маъюбони бемориҳои рӯҳӣ, 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 14 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб – интернати дорои мақоми маҳаллӣ фаъолият дорад.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.

Яндекс.Метрика