МУНОСИБАТИ ҲАМСАРОН ДАР ОИЛА: ПЕШГИРИИ ВАЙРОНШАВИИ ОИЛАҲО ДАР ТАЪЛИМОТИ ДИН

Хушунат дар ислом амали манфур аст. Вақте ки мард ва ё зан аз сўи ҳамсари худ беэҳтиромӣ, саркашӣ ва ё ҳар амали номақбули дигареро мушоҳида мекунад, ў набояд дар аввалин маротиба бо ў бархўрди шадид намуда, ўро озор диҳад, балки мард бояд ба таври ором ва бо камоли эҳтиром ба зан фаҳмонад, ки ин амали ў дуруст нест ва барояш хушоянд намебошад. Мард набояд ба таври мудовим ва аз ҳад беш ба гўши зан насиҳат хонад, зеро он натиҷаи баръакс хоҳад дод. Вале, бо риояти ҳудуд ва дар лаҳзаҳои таъсирбахш ба зан фаҳмонидани ҳуқуқу вазифҳои ў ва ҳидояти ў ба ахлоқи нек аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мард аст. Ин марҳилаи ҳалли низоъ дар оила аҳамияти бисёр ҷиддӣ дорад, зеро басе заноне ҳастанд, ки дар сурати шунидани насиҳати дуруст ва муассир, рафтори худро ислоҳ мекунанд ва ба ин восита ихтилофи байни зану шавҳар рафъ мешавад.
 
Худованд дар Қуръони карим мардону занонро ба рафъи ихтилофот ва оштиву таҳаммули ҳамдигар даъват намуда, аз ҷумла чунин мефармояд: «Ва агар зане аз шавҳараш хавфи саркашӣ ё рўйгардонӣ дошта бошад, пас бар онҳо боке нест, ки дар миёни худ ба навъе сулҳ оранд; ва сулҳ кори беҳтар аст» (Сураи Нисо, ояти 128).
 
 Бо ҳамсари худ муомилаи нек доштан дар таълимоти исломӣ яке аз аломатҳои имон ва яке аз сабабҳои асосии дар назди Худо беҳтар дониста шудани бандаи мўъмин ба ҳисоб меравад. Паёмбари ислом ахлоқи нек ва рафтори некро нишонаи имону имондорӣ хонда, шахсонеро, ки бо оилаҳояшон муносибати хубу некў доранд чунин тавсиф кардааст: «Муъминоне имонашон комилтар аст, ки ахлоқашон беҳтар бошад. Ва беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо ҳамсарони худ беҳтарин рафторро дошта бошанд («Сунани Тирмизӣ», китоби «Разоъ», ҳадиси 1165, «Муснади Имом Аҳмад», ҳадиси 9725).
 
Оиша (р) гўяд: Паёмбари Худо (с) фармудаанд: Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо зан ва фарзандони худ беҳтарин рафторро дошта бошанд. Ва ман бо хонаводаам аз ҳамаи шумо рафтори беҳтарро дорам («Сунани Тирмизӣ», китоби «Маноқиб», ҳадиси 3830, «Сунани Доримӣ», китоби «Ниқоҳ», ҳадиси 2160, «Саҳеҳи Ибни Ҳиббон», ҷилди 9, саҳ 492, ҳадиси 4186).
Шариати ислом ҳусни муошират (рафтори некў)-ро бар якдигар дар оила беҳтарин амр медонад. Дар ин бобат ҳадиси Пайғамбар (с) ба ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим ҳаст, ки онҳо дар «Саҳеҳайн» овардаанд ва дар он гуфта мешавад: «Беҳтарини шумо касест, ки бо ҳамсараш ба некўӣ рафтор мекунад».
 
Имрўзҳо аз сабаби надонистани асосҳои маърифати оиладорӣ қисмати зиёди ҷавонон бо ҳамсарони худ унс гирифта натавониста, аз ҳам ҷудо мегарданд. Дар таълимоти шаръ тавсияҳое мавҷуданд, ки ҷавононро ба зиндагонии мусолиҳатомез ва эҳтироми якдигар дар оила ҳидоят менамоянд.
 
Дар ҳадисе ба ривояти Абудовуд гуфта шудааст: «Талоқ бадтарин ҳалол дар назди Худо мебошад». Талоқ ин амри оддӣ нест, ки ҳар вақт, мард биҳоҳад онро амалӣ гардонад, балки он аз ҷониби шариат танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки имконияти идома додани ҳаёти хушбахтонаву ширини оиладорӣ номумкин гардад. 
Талоқ ва ҷудоӣ аз ҳамдигар, зиндаятим мондани фарзандон дар Ислом куллан ҷонибдорӣ карда намешавад. Ба қавли Мавлавӣ:
То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,
Абғаз-ул-ашёи инди ат-талоқ.                                                                                    
Мақсад аз ташкили оила муҳайё сохтани оромиш ва осоиш мебошад, то ки падару модар фарзандони хешро солеҳ тарбия намуда, дар рушду нумўи ҷомеа саҳмгузор бошанд. 
Дини Ислом барои зан ва шавҳар ҳуқуқ, масъулият, вазифаҳо ва одоберо муқаррар намудааст, ки онҳо ҳатман бояд аз ҷониби ҳамсарон риоя шаванд. Аз ҷумла, қабл аз бастани ақди никоҳ шавҳар бояд барои зан маҳри муайян диҳад, ки ин шарти никоҳ ба ҳисоб меравад: «Ва ба занон маҳрашонро бо хушнудӣ бидиҳед» (Сураи Нисо, ояти 4).
 
Мард бояд масорифи хонаводаро ба андозаи тавону қудраташ таъмин намояд: «Доро бояд ки аз дороии худ харҷ кунад; ва он кас, ки ризқ бар вай танг карда шуд, бояд аз он чи харҷ кунад, ки Худо ба ў додаст» (Сураи Талоқ, ояти 7); «…ва хўроку пўшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (ўҳдаи) падар аст» (Сураи Бақара, ояти 233).
 
Ҳар зан қабл аз ҳама, ҳуқуқ дорад, ки нисбати ў аз ҷониби шавҳар муносибату рафтори боэҳтиромона ва ғамхорона зоҳир карда шавад. Ў набояд ҳамчун шахси дуюмдараҷа, балки ҳамдарду ҳамшарики роҳи зиндагии шавҳар бошаду ғаму шодии зиндагиро бо ҳам баробар тақсим намояд.
 
Аз Муовия ибни Ҳайда ривоят аст, ки гуфт: «Аз Пайғамбар (с) пурсидам, ки ҳаққи зан бар шавҳараш кадом аст?» Гуфт: «Ин аст, ки агар ғизое хўрдӣ, ўро низ аз таъом таъмин кунӣ; ва агар худ либос пўшидӣ, ўро низ аз либос таъмин кунӣ; ва бар сару рўйи ў мазан; ва бар вай суханони зишт магу; ва дашном мадеҳ; ва ҷуз дар хона аз ў дурӣ нагир». 
 
Донишмандон эътироф кардаанд, ки масъулияти асосии ҳамсарон баҳри ҳифзу ҳимояи никоҳ равона шуда бошад. Ин масъулият иборат аст аз муносибати маҳрамона ва якдигарфаҳмӣ дар оила. 
Ҳамчунин, шавҳар бояд барои зан ва фарзандонаш манзил ва хонаашонро муҳайё созад: «Дар он ҷое, ки шумо сукунат доред, ба қадри тавонатон занони талоқдодаро сокин кунед» (Сураи Талоқ, ояти 6).
Мард вазифадор аст аз коре, ки чӣ аз нигоҳи маънавӣ, чӣ аз нигоҳи маишӣ-иҷтимоӣ сабаби озор ва зарари зан мегардад, бипарҳезад: «(Дар дини ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест» (Ривояти имом Молик).
Шавҳар инчунин вазифадор ва масъул аст, ки бо зан зиндагии хуб намояд: «… ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед, …» (Сураи Нисо, ояти 19).
 
Никоҳ дар Ислом шартномаи ҳамзистии зану шавҳарро мемонад, ки танҳо дар асоси ризоияти тантанавии дутарафа сурат гирифта, дар ҳолатҳои истисноӣ аз роҳи талоқ бекор карда мешавад. Никоҳ бояд на саҳнаи задухўрди зану шавҳар бошаду на воситаи ба ҳабс гирифтан ё зиндонӣ кардану мавриди хушунат қарор додани зан. Никоҳ бояд сабаби оромиш, боварӣ эътимоди зану шавҳар ва фарзандони онҳо бошад.
Ислом меъёрҳоеро муқаррар кардааст, ки ҳама равандҳои никоҳ ва ҳаёти оилавиро то ҷузъиёташ танзим менамояд. Бастани никоҳ масъулияти азимеро бар души шахс бор мекунад. Ҳамсарон бояд фарзандони худро солим, солеҳ, соҳибмаълумот ва дар рўҳияи ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан ба воя расонанд.
 
Калимаи «никоҳ» дар «бастани аҳднома дар байни мард ва зан барои қонеъ гардонидани ҳамдигар, ташкил додани оилаи хуб ва ташаккул додани иттиҳоди солим»-ро ифода мекунад.
Ислом чунин меҳисобад, ки оила қисми таркибӣ - иҷтимоии ҷомеа ва никоҳ ниҳоди бунёдии ислом мебошад. Ислом мутаваҷҷеҳи он аст, ки оила ва муносибатҳои оилавиро ба дараҷаи қудсият расонад; муносибатҳои зану шавҳар на танҳо дар заминаи алоқаҳои ҷинсӣ, балки дар асоси тарбияи фарзандон, ки ба онҳо масоили кўмаки ҳамдигарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таълим дода мешавад, ҳамчунин муносибатҳои иҷтимоӣ ва умумии садоқати оилавӣ ва ҷамъиятӣ қарор гирифта, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ мепарварад ва ғамхорӣ ба хешу таборро меомўзад.
 
Тарбияи фарзандони солеҳ вазифаи асосӣ ва муқаддаси падару модар буда, бояд зан ва шавҳар ҳарду ба тарбияи фарзандон аҳамият дода, ҳамоҳангӣ намоянд: «Ҳар яки шумо ба манзалаи чўпонед ва ҳар кадоматон масъулу ҷавобгар аз раъияти худ ҳастед; ва ҳоким масъул аст; ва мард сарпараст ва масъули раъияти (хонаводаи) худ аст; ва зан сарпарасти хонаи шавҳар ва аз раъияти худ масъул аст; ва ҳар яки шумо ба манзалаи чўпонед ва ҳар кадоматон масъулу ҷавобгар аз раъияти худ ҳастед» (Муттафақун алайҳ).
Аз овардани далелҳои шаръӣ танҳо як мақсад аст: бунёди хонаводаи солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ятим намондани фарзандон.
 
Имрўз мо шоҳиди онем, ки баъзе ҷавонон дониставу надониста «талоқ» гўён, оилаҳои худро вайрон мекунанд, ҳамсарони худро меронанд, аз баҳри фарзандон мебароянд. Мутаассифона, дар ин кор саҳми баъзе хушдоманҳо низ «назаррас» аст. Чунин хушдоманҳо оташи кинаву адоватро дар оилаи фарзандони худ баланд карда, келинро ҳамчун хизматгор қабул доранд, агар шавҳар (писар) дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, нисбати ҳамсараш туҳмату буҳтон мегўянд. Дар натиҷа, писар аз хориҷа истода, ҳамсари худашро тавассути телефон ё хабари «СМС» «талоқ» медиҳад. Огоҳ бошед, ки бузургон гуфтаанд: Вақте калимаи талоқ садо диҳад, Арши азим ба ларза меояд.
 
Тибқи таълимоти дин дар оилае, ки муноқиша бармехезад, калонсолон вазифадоранд, ки ба миёни онҳо даромада, зану шавҳарро муросо диҳанд. Аз ин рў, мо бояд ба ҷавонон насиҳат кунем, онҳоро тарбия намоем, агар аз чунин ҳолатҳо огоҳ шавем, бетарафиро ихтиёр накарда, дар солим мондани оилаҳо ва дар маҷмуъ тамоми ҷомеа саҳмгузор бошем.
 
Абдураҳмон Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ 
Яндекс.Метрика