ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁН ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЁМ - РОҲНАМОИ ТАТБИҚИ ҒОЯҲОИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Санаи 30 декабри соли равон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар Мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим щамоиши ҳизбиён таҳти унвони “Паём роҳнамои татбиқи ғояҳои низомии давлатдории миллӣ”, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони ҲХДТ ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, собиқадорону фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Раҳимзода Шариф, директори Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, оид ба нуктаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 доир гардида буд, баромад намуданд.
Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паём ба мақоми олии қонунгузории мамлакат - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.
Ҳамзамон қайд гардид, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта шавад.
Инчунин маърӯзачиён оид ба пешбурди иқтисоди рақамӣ, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ - ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 - 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Доираи асоси иштирокдорони ҳамоишро таблиғотчиёни ҲХДТ ташкил медиҳад, ки масъули ба мардум расонидани мазмун ва нуктаҳои асосӣ паём мебошанд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

Бознашр аз сомонаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

Яндекс.Метрика