Бойгонии матолиб

16 April 2021

МУХТАСАР ДАР БОРАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИСЛОМӢ ВА УЗВИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОН

Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ)  –  ин созмони байналмилалие мебошад, ки дар Конфренсияи сарони давлатҳои исломӣ соли 1969 дар шаҳри Работ (Марокаш) бо номи Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) бо мақсади таъмини якдилии исломӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, мубориза алайҳи истеъмор, истеъмори ҷадид ва нажодпарастӣ, пуштибонӣ аз Созмони озодибахши Фаластин таъсис дода шудааст. Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона 28 июни соли 2011 дар 38-умин иҷлосияи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конференсияи Исломӣ номи ин созмон ба Созмони Ҳамкории Исломӣ табдил дода шуд.

ДУ СУРУДА АЗ ДУ ОРИФИ БУЗУРГ ДАР СИТОИШИ ИМОМ АБУ ҲАНИФА (ИМОМИ АЪЗАМ)

Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Зуто ибни Марзбон (699-767м./80-150ҳ.қ.) фақеҳ ва мутакаллими номдори Кӯфа ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ яке аз чаҳор мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат аст, ки асли ҷадди ӯ аз Хуросон ва ё Мовароуннаҳр буд.  Аҳли суннат ӯро «Имоми Аъзам» ва «Сироҷу-л-аима» лақаб додаанд ва пайравони ӯро ҳанафӣ меноманд. Дар ҷаҳони ислом мазҳаби ҳанафия яке аз бузургтарин мазҳабҳои аҳли суннат ба шумор меравад ва қариб дар тамоми манотиқи дунё пайравони онро дидан мумкин аст.

Яндекс.Метрика