МУХТАСАР ДАР БОРАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИСЛОМӢ ВА УЗВИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОН

Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ)  –  ин созмони байналмилалие мебошад, ки дар Конфренсияи сарони давлатҳои исломӣ соли 1969 дар шаҳри Работ (Марокаш) бо номи Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) бо мақсади таъмини якдилии исломӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, мубориза алайҳи истеъмор, истеъмори ҷадид ва нажодпарастӣ, пуштибонӣ аз Созмони озодибахши Фаластин таъсис дода шудааст. Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона 28 июни соли 2011 дар 38-умин иҷлосияи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конференсияи Исломӣ номи ин созмон ба Созмони Ҳамкории Исломӣ табдил дода шуд. Шиори нави ин созмон чунин аст: «Сулҳ, амният ва инкишоф» Дар ҳоли ҳозир СҲИ баъд аз СММ дуюмин ва калонтарин созмони байналмилалӣ мебошад,  ки манфиатҳои миллатҳову давлатҳои  исломиро дар арсаи байналмилалӣ ифода мекунад. Панҷоҳуҳафт (57) давлат аз қораҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла  Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси аъзои доимӣ ва баъзе кишварҳои дигар, мисли  Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғ., ба ҳайси мушоҳидачӣ шомили  ин созмонанд.

Мақомоти роҳбарикунандаи СҲИ, тибқи  моддаи 3-и Оинномаи СҲИ,  аз мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо (як бор дар муддати се сол), конференсияи вазирони корҳои хориҷӣ (ҳар сол), котиботи генералӣ ва мақомоти ёрирасон иборат мебошад. Котиботи генералӣ мақомоти иҷроияи СҲИ мебошад. Котиби генералӣ дар конференсияи вазирони корҳои хориҷӣ ба муддати 4 сол интихоб карда мешавад. ӯ чор муовин дорад: оид ба масъалаҳои сиёсӣ; илм ва технология; масъалаҳои иқтисодӣ; масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ. Дар ҳайати Котиботи генералӣ шӯъбаҳои зерин фаъолият доранд: иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илму техника, оид ба масъалаҳои Осиё; Оид ба масъалаҳои Африқо; оид ба масъалаҳои байналмилалӣ; оид ба иттилоот; оид ба ҳуқуқи инсон ва масоили ақаллиятҳои мазҳабӣ, оид ба созмонҳои ғайридавлатии исломӣ ва ғ.

Дар назди СҲИ як қатор созмонҳои мустақил, ки бо қарори конференсияҳои он таъсис ёфтаанд, ки фаъолияти онҳо аз тарафи Котиботи генералӣ ҳамоҳанг карда мешавад, мисли: Бонки исломии рушд: Агентии исломии ахбор; Созмони радиошунавонӣ ва хадамоти телевизионии давлатҳои исломӣ; Комиссияи исломӣ оид ба масоили иқтисодӣ ва фарҳангӣ; Маркази исломӣ оид ба таълими касбӣ-техникӣ ва тадқиқот;  Хазинаи исломӣ  оид ба рушди илму техника; Марказ оид ба тадқиқоти санъат ва фарҳанги исломӣ; Палатаи савдо ва саноати исломӣ;  Созмони пойтахтҳои исломӣ; Марказ оид ба тадқиқоти оморӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; Маркази исломии рушди тиҷорат; Хазинаи исломии рушд ва ғ. Қароргоҳи СҲИ дар ш. Ҷидда (Арабистони Саудӣ) ҷойгир шудааст. Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар раванди ҳамгироии кишварҳои исломӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо нақши муассир дорад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 1 декабри соли 1992 аъзои ин созмони бонуфуз гардидааст. Инчунин Тоҷикистон соли 2007-ум ба Иттиҳоди парлумонии СҲИ аъзо шудааст. Низомномаи нави СҲИ бошад, аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон 8 апрели соли 2009 тасдиқи худро ёфтааст. Дар доираи Созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои он бо мақсади расидан ба ҳадафҳои умда, аз қабили таҳкими хамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзо, рафъи тамоми шаклҳои табъиз, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод ва ҳифз намудани ҷойҳои муқаддас, кӯмак барои барқарор кардани ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми Фаластин, дастгирии муборизаи мардуми мусулмон барои ҳифзи шаъну шарафи хеш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои аъзо ва дигар давлатҳо ҳамкорӣ намуда истодааст.

Дар ҳошияи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Исломӣ, дар кишвари мо як муддати начандон тӯлонӣ  ҷашнвораҳои абармардони фарҳанги исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва Имом Бухорӣ; эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшону Мӯминобод; тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом;  Соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит; ва  як силсила чорабиниҳои дигари илмию фарҳангӣ  дар сатҳи давлатию умумимиллӣ, роҳандозӣ шудаанд.

Шоев Субҳиддин – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ

Яндекс.Метрика