Бойгонии матолиб

13 April 2021

Тақвими моҳи шарифи Рамазон1

Мақдисӣ ва Абӯҳанифа

Дар миёни осори ҷуғрофии исломӣ асари Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абубакри Мақдисӣ бо номи «Аҳсану-т-тақосим фи маърифати-л ақолим» ҷойгоҳи вижа дорад. Ў бештари қаламрави хилофатро дар поёни қарни Х дарнавардида, ҷуғрофия ва ахлоқу одоти ақвому миллали мухталифро тасвир кардааст. Мақдисӣ перомуни дарёву кўҳу роҳу дашту саҳро ва иқлими манотиқи гуногун маълумот дода, зимни тасвири нуқоти ҷуғрофӣ фаъолиятҳои ҳирфаӣ, авзои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва мазҳабии мардумони ин ё он сарзаминро баён кардааст.

Яндекс.Метрика