ҲАМКОРИИ ДОНИШГОҲ БО ВОЛИДАЙН МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Ба хотири беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мустаҳкам намудани робитаи наздики Донишгоҳ бо падару модарон ҳар моҳ силсила вохӯриҳои роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон бо волидайни донишҷӯён баргузор карда мешавад.

Чунин як вохӯрии судманд бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо волидайни донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юми факултетҳои тиббӣ ва фармасевтӣ гузаронида шуд. Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои тиб, дотсент Қурбонбекова П. Қ. падару модарро барои ташриф овардан ба Донишгоҳ хайру мақдам гуфта, доиршавии чунин сӯҳбату вохӯриҳои озоду самимиро бо волидайни донишҷӯён дар чунин шароити мураккаби ҷаҳони муосир саривақтӣ маънидод намуд.

Зикр гардид, ки вазъи ноустувори ҷаҳони муосир ва мушкилотҳои глобалӣ ба маънавиёти наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонида истодааст, ки танҳо робитаи наздики омӯзгору волидон метавонад дар пешгирии он нақш гузорад. Хатари рӯзафзуни терроризму эктремизм ба амнияти ҷомеа, реша давонидани хурофотпарастӣ дар байни аҳолӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва ифротӣ, тақлиди ҷавондухтарон ба фарҳанги бегона аз мавзуъҳои дигаре буданд, ки зимни вохӯрӣ ба миён гузошта шуданд.

Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҳи Қодирӣ атрофи роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавии ба гурӯҳҳои ифротӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир андешаронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи тарбия намудани фарзандон бояд бо аҳли зиё, бахусус бо омӯзгорон бештар робита барқарор намудан мувофиқи мақсад аст.

Ба андешаи диншинос ҳоло дини мубини Ислом ба сипари сиёсии доираҳои манфиатхоҳ табдил ёфта, бо ҳамин роҳ метавонанд ҳарчӣ бештар ҷомеаи орому осудаи моро халалдор намоянд. Падару модар бояд хуб пай баранд, ки Ислом дини сулҳу дӯстӣ ва дониш аст ва танҳо интихоби роҳи дониш метавонад ҷомеаро аз хатару дигар пайёмадҳои манфӣ нигоҳ дорад. Сипас, ба иҷрои бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ғамхории Сарвари давлат ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон иқтибосҳо оварда шуда, муфассал шарҳ дода шуданд.

Волидайни донишҷӯён аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Донишгоҳ истиқбол намуда, изҳори сипос баён намуданд. Ҳамкории мустаҳками минбаъда дар ин самт аз ҳар ду ҷониб маъқул дониста шуд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика