Солҳои охир дар ҷомеа як ҳодисаи нангин ва падидаи манфӣ ба назар мерасад, ки ҳар шахси солимфикрро ба андеша водор менамояд. Ин ҳодисаи нангин ба худкушӣ даст задани як зумра инсонҳои бетаҷриба, махсусан ҷавонон мебошад.
Одам гумон мекунад, ки роҳи халосӣ танҳо дар тарки ин дунё аст, зеро дар назари чунин ашхос мушкилиҳои пешомада бениҳоят бузург ва умуман ҳалнашаванда менамоянд. Вале ин асли воқеа ва ҳақиқати ҳол нест. Зеро инсон қудрате дорад, ки ҳама мушкилотро ҳал намояд. Аксарият медонанд, ки бештари онҳое, ки ба худкушӣ даст мезананд, ҷавонон мебошанд. Онҳо ба сабабҳои ночизи зиндагӣ сабру тоқат наоварда, ба ин кори аз дидгоҳи дин ва ҳам манзалати инсонӣ маҳкумшуда, даст мезананд ва мо боварии комил дорем, ки ҳамаи он натиҷаи сабукфикрии онҳо мебошад.
Агар шахси худкуш гумон дошта бошад, ки ба воситаи мурдан аз мушкилиҳо халос мешавад, хатои бузурге мекунад.
Худкушӣ аз назари ахлоқ, одоб, фарҳанг, динҳои ҷаҳонӣ ва мизони адли инсонӣ амали норавост. Худкушӣ аз байн бурдани ҷон (нафс) ба ҳисоб меравад, ки Худованд онро ба амонат гузоштааст. Ва ҳеҷ кас ҳақ надорад нисбат ба ин амонат чунин рафтори худсарона кунад.
Ба вижа дини мубини ислом ин амали зиштро, ки инсонро аз имону боварӣ дур менамояд, қатъиян маҳкум кардааст. Паёмбари ислом (с) онҳоеро, ки даст ба худкушӣ задаанд, аз лутфу карами Худованд маҳрум дониста, аз зумраи ба ғазаби Худованд гирифторшудагон медонанд.
Аз Ҷундуб ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд:
«Дар гузаштагони қабл аз шумо марде захме бар бадан дошт, бетобӣ кард ва кордеро бардошта бо он дасташро бурид. Хун банд нашуд, то ин ки фавт кард. Худованди мутаъол фармуд: Қабл аз он ки бандаамро бимиронам, ба худкушӣ даст зад, аз ин рў биҳиштро бар ў ҳаром кардам». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
«Ҳар касе бо корд худкушӣ мекунад, рўзи қиёмат бо ҳамон корд ба таври ҳамешагӣ ба оташи ҷаҳаннам партофта мешавад».
«Ҳар касе худро қасдан аз кўҳ партофта худкушӣ кунад, дар оташи дўзах абадӣ мемонад».
«Ҳар касе ба воситаи истеъмоли заҳр худкушӣ кунад, ҳамон заҳр дар дасташ дар дўзах абадӣ мемонад».
«Ҳар касе бо роҳи буғӣ ё ресмон худкушӣ мекунад, бо ҳамон роҳ дар дўзах азоб дода мешавад».
«Ҳар касе бо кадом воситае, ки набошад худкушӣ кунад, бо ҳамон чиз дар охират азоб дода мешавад».
Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки барои аз байн бурдани ингуна фоҷиъаҳои мудҳиш, ки хилофи сиришти инсонӣ мебошад, якчо мубориза барем ва нагузорем, ки ҷавонони зебою баркамоли мо бо ин кори бешарафона худро аз ҳаёт ва неъматҳои додашуда маҳрум созанд.
Ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани он нақши падару модар, ходимони дин ва ҳар як фарди чомеа хеле назаррас аст. Моро зарур аст, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро бештар намуда, ба ҷавонон арзиши зиндагӣ ва ба қадри неъматҳо расиданро талқин кунем, зеро ҳаёт беҳтарин неъмат буда, паёмадҳои нек, хушиву хурсандӣ ва лаҳзаҳои хушбахтӣ дорад, ки онро бояд қадр кард.
Мудири шўъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.