Хосиятҳои илмии сарчашмаҳои ҳуқуқии мовароуннаҳрӣ дар асрҳои миёна ва муқоисаи онҳо бо дигар оилаҳои ҳуқуқӣ: умумиятҳо ва вижагиҳои миллӣ

Мухтасар оид ба оилаи ҳуқуқии мусулмонӣ

Тибқи маълумоти муҳаққиқон (солҳои 1990-ум), қариб 900 млн. одам дар бештар аз 50 давлати ҷаҳон аз рўӣ меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ истиқомат мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳуқуқи мусулмонӣ, мисли оилаи ҳуқуқии романӣ-олмонӣ ё англо-америкоӣ, низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ мебошад. Ин оилаи ҳуқуқӣ пурра мустақил буда, новобаста ва бе таъсири ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ё англо-америкоӣ, дар шароитҳои махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ пайдо шудааст. Ҳуқуқи мусулмонӣ – қисми чудонашавандаи ислом аст. Агар ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ё англо-америкоӣ бо тамаддуни Ғарб алоқаманд бошад, пас ҳуқуқи мусулмонӣ мансуби тамаддуни исломӣ, яъне тамаддуни Шарқ мебошад. Ҳуқуқи мусулмонӣ аз лаҳзаи пайдоиш мазмуни динӣ дошта, меъёрҳои он дар чорчўбаи муқаррароти ислом ташаккул ёфтаанд. Ислом дар кишварҳои мусулмонӣ (Арабистони Саъудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва диг.)ба сифати дини расмии давлатӣ шинохта шудааст.Аз ин рў, ҳуқуқи мусулмонӣ, ки ҷузъи ислом аст, дар аксарияти кишварҳо хислати расмӣ гирифтааст. Ин хислати расмии ҳуқуқи мусулмонӣ, аз ҷумла, дар он  ифода меёбад, ки ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои мусулмонӣ мутобиқи ислом, яъне меъёри шариат ба танзим дароварда шудаанд. Ислом аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ғ. иборат мебошад. На танҳо ҳаёти шахсӣ, балки тарзи ташкилу фаъолияти давлат, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳти танзими ислом қарор доранд. Вобаста ба ин, дар ҳуқуқи мусулмонӣ ғайр аз ҳуқуқи оилавӣ ва мерос ҳамчунон ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ, мурофиавӣ ва ғ. инкишоф ёфтанд.

Маълумоти мухтасар оид ба мазҳаби Ҳанафия

Дар ташаккули асоси назарияи ҳуқуқи исломӣ консепсияи асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафӣ - Абуҳанифа саҳми бебаҳо гузоштааст. Номи пурраи ӯ Имом ал-Аъзам, Ан-Нӯъмон ибни Собит ал-Кӯфӣ аст.  Ӯ дар Кӯфа (80/699-150/767) дар оилаи як тоҷири сарватманди абрешим ба дунё омадааст. Вай маълумоти умумии фундаменталӣ ва теологӣ гирифтааст. Бархе аз уламо ӯро ба насли пайравон – «табиин» нисбат медиҳанд, зеро ин мутафаккир ва ҳуқуқшиноси барҷаста дар ҷавониаш бо чанде аз охирин саҳобагони Паёмбар шиносоӣ пайдо намуда буд.  Мактаби ҳуқуқии Абӯҳанифа бо ақли нисбӣ дар усулҳои таҳқиқи аҳкоми инфиродӣ ва эҳтиёҷи зиёд дар истифода аз суннатҳо хос аст.

Бояд гуфт, ки мазҳаби ҳанафӣ аз Ироқ то Миср, Сурия, Бангладеш, Ҳиндустон, Чин ва Осиёи Марказӣ паҳн гардида, имрӯз пайравони ин мазҳаб нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Қайд кардан зарур аст, ки паҳншавии ҳамаҷонибаи мазҳаби ҳуқуқии ҳанафӣ дар асли усулҳои ҳуқуқии оқилонаи уламои ҳанафӣ истифода бурда мешавад.  Гап дар сари он аст, ки усули Абуҳанифа бар хилофи усулҳои дигар мазхабҳои ҳуқуқӣ аз он иборат буд, ки у Қуръон ва гуфтаҳои паёмбари ислом Муҳаммад (с) – ҳадисҳоро сарчашмаи асосии ҳуқуқи мусулмонон шуморида, аз диншиносон ва фақеҳҳои мусулмон талаб мекард тамоми далелҳои ин маъхазҳои ибтидоиро ба воситаи ақл (райй – фикри озоди шахсӣ) тарҷума намуда, талаботи замон ва урфу одатхои маҳаллиро ба назар гиранд.  Маҳз аз ҳамин хусусияти хос, мазҳаби ҳуқуқи ҳанафия то имрӯз озодтар маҳсуб мешавад.

Ҳуқуқи мусулмонӣ аз ҷумла равияи ҳанафия чаҳор сарчашмаи асосӣ дорад: Қуръон, Сунна, иҷма ва қиёс. Асоси ҳуқуқи мусулмонӣ ва тамоми тамаддуни исломӣ Қуръон аст, ки китоби муқаддаси ислом ҳисоб мешавад.

Маълумоти мухтасар оид ба Қуръон

Қуръон, аз калимаи арабии “қараъа” – қироат, хондан ва хониш гирифта шуда, номи китоби муқаддаси мусулмонон мебошад. Онро инчунин “Каломи Шариф”, “Калом-ул-Лоҳ”, “Муcҳаф”, “Умм-ул- Китоб”, “Фурқон” (модари китобҳо) ва ғайра меноманд, ки дар худи Қуръон низ бо чунин номҳо ёд шудааст. Қуръон, мувофиқи эътиқоди мусулмонон, ваҳй (суханон)-и илоҳӣ мебошад, ки Худо ба Муҳаммад пайғамбари ислом (с) ба воситаи “Руҳ-ул-қудс” (малоика Ҷабраил) қисм-қисм нозил кардааст, яъне фурӯ овардааст. Мувофиқи ақидаи аксари уламои ислом муъҷизаи асосии Муҳаммад (с) пайғамбари ислом ҳамин Қуръон аст. Қуръон, дар баробари китоби муқаддаси мазҳабӣ будан, як сарчашмаи таърихӣ, адабию бадеӣ, забонӣ ва умуман, яке аз асарҳои нодири тамаддуни башар мебошад. Меъёрҳои Қуръон масоили мухталифи ҳаёти ҷомеаи исломиро танзим мекунанд, аз қабили вазъи ҳуқуқии шахс, ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноят ва ҷазо, мурофиаи суди, масъалаҳои дорои мазмуни конститутсионӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, байналмилалӣ (Холиқов А.Ғ. Ҳуқуқи исломӣ. - Душанбе, 2010. - С. 75).

Қуръон аз 114 сура (боб) иборат буда, ҳар сура ба чандин оят (ҷумла ё порчаҳои хурд) тақсим мешавад. Сураҳо дар Қуръон аз рӯйи дарозии онҳо ҷой дода шудаанд. Оятҳои қурониро ҳадди камаш 6204 ва ҳадди зиёдаш 6666 оят тақсим кардаанд ин ихтилоф вобаста ба гуногунии тақсими оятҳо дар ин ё он нашр мебошад, на аз камию зиёдии муҳтавои Қуръон. Фонди луғавии Қуръон иборат аз 77934 калима ва 323621 ҳарф (аз ин миқдор каму зиёд ҳам овардаанд) ташкил шудааст. Сураҳои дароз (ба ҷуз сураи якум – Фотиҳа) дар аввал ва сураҳои кӯтоҳ дар охир омадаанд, гарчи аксари сураҳои кӯтоҳ он сураҳое мебошанд, ки аввалтар, дар оғози даъват нозил шудаанд. Сураҳое, ки дар шаҳри Макка баён (нозил) шудаанд маккӣ ва сураҳое, ки дар шаҳри Мадина баён шудаанд, сураҳои мадинагӣ номида мешаванд. Қуръони Карим тибқи ахбори худи он аз ҳамон асле нозил шудааст, ки Таврот ва Инҷил сарчашма мегиранд.

Аввалин сураи нозилшуда «Сураи Алақ» мебошад, ки он бо амри “Бихон – иқраъ” оғоз мешавад. Қайд намудан лозим аст, ки забони Қуръон чун асари динӣ қисман забони символӣ ва рамзӣ аст, ки хоси ҳама динҳои маъруф мебошад. Яъне маъно ва ҳадаф дар он тавассути ташбеҳ ва рамз ифода меёбад. Дар худи Қуръони карим сураи Оли Имрон, ояти 7 ояҳои қурониро ба ду навъ “муҳкамот” ва “муташобеҳот” тақсим кардааст. Муҳкамот оятҳое ҳастанд, ки бе ҳеҷ шарҳу баёни изофӣ равшану фаҳмо-бадеҳӣ мебошанд. Аммо “муташобиҳот”, яъне оятҳое, ки хусусияти рамзӣ, ташбеҳӣ доранд ва зоҳирашон аз ботинашон, яъне маънии аслиашон фарқ мекунад. Таъвил – маънии ботинии ин гуна оётро фақат Худо ва донишманди илм (“росихин фил-илм”) медонанд.

Мундариҷаи Қуръон, гуногунмазмун ва бою ғанӣ аст. Дар он масъалаҳои мухталифи динию мазҳабӣ ва маънавию ахлоқие чун худошиносӣ, пағамбарӣ, ҳаёти пас аз марг, тасвири саҳнаи охират, масоили ҳуқуқӣ, оилавӣ ва ғайраҳо баён шудаанд. Махсусан, масъалаҳои инсондӯстӣ, бузургдошти инсон, каромати вай, ҳадафу мақсади зиндагии вай, адолатхоҳӣ, зулмситезӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҳамида дар Қуръон ҷои асосиро ташкил медиҳанд. Агар Қуръонро ба ду қутби доира тақсим намоем, дар қутби болои он Худошиносӣ, яъне шиносонидани ҳастӣ ва ягонагии Худо ва дар қутби поёнӣ масъалаи инсон, пайдоиш, офариниш ва ҳадафи офариниш, мартабаи инсон дар ҳастӣ ва назди Худо, ҳидояту роҳнамоии инсон, амру наҳйи он дар амалу рафтор, тарзи зиндагӣ дар ин дунё ва омодагӣ ба олами боқӣ-абадӣ, шариат – қонуни зиндагии иҷтимоӣ ва ғайра ташкил мекунад. Сураҳои давраи маккӣ бештар хусусияти ахлоқӣ ва даъвати тавҳидӣ доранд, сураҳои мадинагӣ низ дар асли тавҳидӣ аксаран хусусияти танзими зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоии мусулмононро доранд. Онҳо бештар ба муқобили ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавию мазҳабии даврони ҷоҳилия ва расму русуми бутпарастон равона шудаанд.

Ҳамчунин, ҳаводиси ҷараёни пайдоиши ислом, ғазовот ва муҳорибаҳои садри ислом дар онҳо инъикос ёфтааст. Аз назари ниёзҳои башари имрӯза оятҳои зиёде дар Қуръон мавҷуданд, ки ба корбурди ақлу хирад, тафаккуру андешаи солим, сулҳу мудоро, иҷтиноб аз таассубу бадбинӣ даъват намуда, куштори ноҳақи инсонҳо, мушкилсозии зиндагии муминон, бандагони Худоро маҳкум мекунанд. Омӯзиш ва шинохти Қуръон барои мардуми мусулмон, сарфи назар аз диндор будан ва набуданаш, алалхусус барои равшанфикрон, зиёиён ва ҳама аҳли қалам ҷиҳати шинохти фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи худ хело зарур аст. Чунки Қуръон ҳамчун сарчашмаи динию ақидатӣ ва бадеию фарҳангӣ таърихан ба забон, адабиёти насрию назмӣ, ба фалсафа, ҳуқуқ, ахлоқ, тарзи зиндагӣ, санъат ва умуман ҳама соҳаҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии мусулмон таъсири зиёд гузоштааст ва бидуни омӯзиши воқеии он шинохти кофии ин соҳаҳо ғайриимкон аст.

Қуръон дар таърихи тамаддуни исломӣ ҳамчун омили такондиҳандаи рушди ҳамаи соҳаҳои илм нақши бузурге бозидааст. Аз илми сарфу наҳв, таҷвид-фонетика-забони арабӣ, илми қироат, илми тафсир ва таъвил, илми насх ва мансух, илми асбоби танзил ва ҳатто то ҳайат-ситорашиносӣ дар заминаи ниёзҳои шинохти Қуръон пешрафт карданд.

Яке аз чунин илмҳо илми қироат ва тафсиру таъвил мебошад. ИЛМИ ҚИРОАТ дар натиҷаи ихтилофоте, ки ҳанӯз дар садри ислом дар хондани баъзе оятҳо ва калимаҳои Қуръон ҷой дошт, ба вуҷуд омад. Илми қироат мавзуоти махориҷи ҳуруф-фонетикаи овозҳои ҳуруфи арабӣ ва пайваста хондани калимаю иборот, масоили оҳанги тиловат ва қавоиде ҳастанд, ки васл, идғом, ист ва ғайраро дар бар мегирад, ки онро илми таҷвиди Қуръон меноманд.

ИЛМИ ТАФСИР ВА ТАЪВИЛ. Илми тафсир ва таъвил дар заминаи зарурати фаҳмиши амиқ ва шарҳу эзоҳи оятҳои Қуръон ба вуҷуд омад. Интишори ислом дар байни ақвоми дорои расму ойин ва забонҳои мухталиф ва ҳар андоза дур шудани мусалмонон аз замони Паёмбар (с) ва ниҳоят шароит ва муқтазои замон зарурати тафсири оёти Қуръон ва баёни шароити нузул ва маънии ин ё он гуфтаҳои қуръониро ба миён оварданд.Манбаъҳои тафсир, ки бо кӯмаки онҳо маъониро дар меёбанд чаҳортост:

1)тафсири Қуръон бо худи Қуръон;
2)тафсир ба ақл, яъне бо истифода аз усули ақливу мантиқӣ;
3)тафсир ба нақл бо истифода аз ривоёт, ҳадисҳо ва гуфтаҳои саҳобагон;
4)тафсир бо исроилиёт, аз тариқи тавзеҳи қиссаҳои қуръонӣ бо истифода аз ахбор ва сарчашмаҳои дини яхудӣ ва насронӣ.
Маъруфтарин тафсири Қуръон иборатанд аз: “Ҷомеъул-баён фи тафсирил-Қуръон”, ки мухтасар бо номи “Тафсири Табарӣ” маъруф аст, муаллифи он Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ (224-310ҳ.);
Дуввумин, тафсири маъруф аҳли суннат «Таҳвилоти аҳли ас-суннат» ё «Тафсири Мотурудӣ» аз Имом Абумансур Мотурудии Самарқандӣ (233/240-333ҳ), мебошанд (Тарҷумаи тафсири Табарӣ қ.1, 2. 2007. Қ. 1. - 884 с., Қ. 2. - 784 с.).
Искандаров Шарафҷон – мутахасиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи исломӣ  
 
 

Яндекс.Метрика