Таҳаммулпазирӣ дар таълимоти Абӯҳанифа

Идома:

Қобили зикр аст, ки нуқтаи назари  Имом Абӯҳанифа дар масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи мо – талоқ низ хеле дурандешона ва оқилона  аст. Ҳалли масъалаи мазкур аз он сабаб барои ҷомеаи мо муҳим аст, ки мардуми мо пайрави Имом Абӯҳанифа ҳастанду лек аз таълимоти ӯ ба хубӣ огаҳӣ нестанд. Маҳз ба сабаби ноогоҳӣ имрӯз дар байни ҷавонони мо вайроншавии тасодуфии оилаҳо зиёд ба чашм мерасад. Ҳол он ки пешвои мазҳаб дар ин бора гуфтааст: “Ат-Талоқу маъа истиқомати ҳоли-з-завҷайни ҳаромун”. Яъне вақте ки ҳамсарон якҷоя зиндагӣ менамоянд, талоқ ҳаром аст. Агар дар ҳолати маҷбурӣ ва зарурат талоқ сурат гирифта бошад ҳам,  ӯ тариқаи онро тавре муайян намудааст, ки ислоҳи он имконпазир бошад. Яъне, дар се марҳила бояд талоқ бидиҳад ва дар миёни ҳар талоқ як моҳ бояд фосила бошад, то дар ин муддат шавҳар дар бораи қарори худ биандешад ва агар бихоҳад аз тасмими худ бигардад[1,259]. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки барои сурат гирифтани никоҳ дигар имомҳо шартҳои сахтро пеш гузоштаанд. Аз ҷумла, дар мазҳаби Имом Шофеӣ гувоҳони никоҳ бояд одил бошанд. Чунин талабот хеле мушкил мебошад, зеро дар шароити вазнини зиндагӣ ёфтани гувоҳ бо чунин сифат кори осон нест. Ҳамчунин дар мазҳаби Имом Шофеъӣ ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал шоҳидон ё гувоҳон бояд мард бошанд. Аз нигоҳи Имом Абӯҳанифа бошад, занҳо ҳам гувоҳ шуда метавонанд, ки ин андеша  аз дурандешию сифати ақлонии таълимоти ӯ дарак медиҳад. 

Чӣ хеле ки дар боло зикр намудем, таълимоти Абӯҳанифа ҳамчунин аз сифати баланди башардӯстона низ бархӯрдор мебошад. Ин башардӯстии таълимоти Имом Абӯҳанифа дар он ифода меёбад, ки зиммиҳо, яъне касоне, ки мусулмон набуда, дар таҳти ҳукумати мусулмонон мутеона зиндагӣ менамоянд, дар муқоиса бо таълимоти дигар мазоҳиб шомили озодиҳои бештар мебошанд.  Муҳаққиқи таълимоти Абӯҳанифа Шиблии Нӯъмонӣ менависад, ки “ҳуқуқеро,  ки Имом Абӯҳанифа барои зиммиҳо додааст, то кунун дар ҳеҷ гӯшаи дунё ҳеҷ ҳукумат ва  давлат ақвоми ғайрро надодааст”[1,275].  Ба ақидаи ӯ “Имоми Аъзам ба таври умум дар тамоми муомилот ҳуқуқи зиммиҳоро бо муслимин мусовӣ қарор додааст”[1,276]. 

Ҳамин тавр, дар асоси таҳлилу баррасии ҷиддӣ ва амиқи таълимоти Имоми Аъзам ба чунин хулоса хоҳем расид,  ки вай аллакай 1255 сол пеш зимни ташаккул додани таълимоти хеш доир ба баъзе аз масоили иҷтимоӣ   маҳз манфиатҳои аҳли ҷомеа, ба қавли дигар манофеи як инсони мушаххаси ҷамъиятиро  маҳак қарор дода, сатҳи баланди ақлонию таҳаммулпазирии таълимоти хешро ба маъраз гузоштааст. Ба назар чунин мерасад, ки Имоми Аъзам 1255 сол пеш ногузирии баланд бардоштани мақоми зан, баробарҳуқуқии мусулмонон ва ғайримусулмонон, зарурати ба иноат гирифтани  манофеи дунявии  инсон ва вобаста ба он содир намудани аҳкоми шаръиро дарк намуда буд. Ҳамин дурандешии амиқи Абӯҳанифа дар иддае аз масоили иҷтимоӣ ба таълимоти ӯ хусусияти дарозумрӣ бахшида,  манфиатбахшу татбиқшаванда ва ҳамзамон ҳамқадами замон будани онҳоро собит намудааст. 

Қобили зикр  аст, ки аз пайравони баъдинаи Имоми Аъзам Мавлоно Абдулҳайи Лакнавӣ то ҳадде асли таҳаммулпазириро дар таълимоти хеш роҳандозӣ намудааст. Ӯ ихтилофҳои  дар байни имомони аҳли суннат суратгирандаро чун аз “ихтилофи назари саҳобагон ва ихтилофҳои аҳодис” маншаъгиранда баҳогузорӣ намуда, таъкид менамояд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки барои ихтилоф дар раъю назар шахси мухолифи худро фосиқ ё гумроҳ ном барад[5,45]. Абдулҳайи Лакнавӣ ҳамзамон мутаасибони замони худро зери маломат қарор дода, безории худро аз  онҳо эълом доштааст.

Бояд тазаккур дод,  ки хусусиятҳои мазкури таълимоти Абӯҳанифаро  Муҳаммад Иқбол низ таъкид намуда, ҳамзамон аз мухолифони вай низ ёдовар шудааст:“Хӯрдагирии эшон (Имом Молик ва Имом Шофеъӣ – А. К.) бар Абӯҳанифа ва мазҳаби ӯ сабаби озодии умури ғайримуҷаррад  ё айнӣ аз қайду банд шуд ва ин заруратро пеш овард,  ки дар тафсири усули қазоӣ ва ҳуқуқӣ ба мушоҳидаи ҳаракату танаввуъи зиндагӣ бипардозанд. Бад-ин тартиб мазҳаби Абӯҳанифа, ки натоиҷи ин ихтилофи назарро ба хубӣ ҷазб кард, аз  лиҳози асли асосии худ  озодии мутлақ дорад ва аз  ҳар мазҳаби фиқҳии дигар қобилияти интибоқи халлоқи он бештар аст. Вале ҳанафиёни ҷадид бар хилофи рӯҳи ин мазҳаб тафсиру  таъбирҳои муассиси ин мазҳаб ва пайравони билофасли ӯро ҷанбаи абадият бахшида ва ҳамон ранги суботу абадиятеро,  ки мухолифони Абӯҳанифа ба фатовии баёншуда дар ҳолоти айнии хос медоданд, инон низ  ба фатовии Абӯҳанифа ва пайравони вай додаанд”[8,228]. Дар шароити тағйироту дигаргуниҳои босуръати иҷтимоию  фарҳангӣ зиста, бо андешаи мазкури мутафаккири бузург розӣ нашудан душвор аст. Мутаассифона, пайравони имрӯзаи соҳибмақоми Имоми Аъзам дар ҷомеаи мо хусусияти ақлонию башардӯстона ва озодгароии  таълимоти Абӯҳанифаро дарк накарда, таълимоти Имомро ба низоми пур аз банду қайд мубаддал сохтаанд. Ҳол он ки Муҳаммад Иқболи таҳаввулгар боз ҳам таъкид менамояд: “Иддаои насли ҷадиди мусулмонони пайрави озодагарӣ ба ин ки мехоҳанд усули ҳуқуқии асосии исломро дар партави таҷрибаи худ ва авзои ҷадиди зиндагӣ аз нав тафсир кунанд, ба ақидаи ман иддаои комилан барҳақе аст. Таълими Қуръон ба ин  ки зиндагӣ фароянди  офариниши тадриҷӣ аст, биззарура мусталзими он аст, ки ҳар насл ба раҳнамоӣ ва на дар зери қайду банди  корҳои гузаштагон муҷоз бошад, ки масоил ва душвориҳои махсус ба худро ҳал кунад”[8,218]. 

Бинобар ин, он шахшудамондагӣ, бетағйирӣ,  қафомондагие, ки дар таълимоти пайравони Имом мушоҳида мегарданд, ҳеҷ умумияте бо таълимоти асосгузори он надошта, баръакс маҳсули тахайюли худи онҳо маҳсуб мебошанд. Аз ин лиҳоз, зарурат ба таъкид аст, ки чун Абӯҳанифа дар қарни VIII зиста  асли  озодагарию ақлониятро зимни ҳалли масоили иҷтимоӣ ба роҳбарӣ гирифтааст, пас пайравони ӯ дар қарни XXI бояд аслҳои зикршударо бештар мавриди истифода қарор диҳанд, чун маҳз аслҳои  мазкур кафили боэътимоди пешрафту саодати башар маҳсуб меёбанд.  

Хулоса, таҳаммулпазириро ҳамчун падидаи зарурӣ, ногузир ва ҳатмӣ дар ҳаёти башарӣ таъкид намуда, мехоҳем тазаккур диҳем ки он дар шаклҳои гуногун  ҳамчун воситаи мусолиматомези ҳамзистии халқиятҳои мухталиф  дар таърихи тамоми фарҳангҳо  ҷой доштааст. Дар таҳаммулпазирӣ ба инобат гирифта шудани манофеи заминии халқиятҳои мухталиф василаи равшани зуҳури принсипи дунявият ба шумор рафта, ҳамзамон олати боэътимоди пешгирии ҳама гуна хушунату бадбинӣ ва муқовимати ғоявӣ баромад менамояд. Андешаҳои хешро ҷамъбаст намуда, мухтасаран зикр менамоем, ки фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ки аз ақли солим, дониши васеъ ва сиришти комилан инсонӣ маншаъ мегирад, шомили арзиши воло буда, василаи ягонаи зиндагии мусолиматомези тамоми халқу миллатҳо ва фарҳангу тамаддунҳо дар ҷомеаи пурихтилофи имрӯза ба ҳисоб меравад.  

               Адабиётҳои истифодашуда:   

1.Афкор ва рӯзгори Имоми Аъзам аз нигоҳи муҳаққиқон. Ба кӯшиш ва таҳияи Ҷаъфар Ранҷбар. – Душанбе:Эр-граф, 2009.  

2. Ибни Абилъиззи Ҳанафӣ. Шарҳ-ут-таҳовия, Дор-ул-маориф. Миср. 1373-1953.  

3.Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.Душанбе, “ЭР-граф”,2017.

4.Маҳмадизода Н.Д. Зоҳиршавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва ропешгирии он. Душанбе: “ЭР-граф”, 2022.

5.Мирзозода Ғ. Мавлоно Абдулҳайи Лакнавӣ - муҷаддиди дар мазҳаби ҳанафӣ. –Душанбе «Паёми ошно», 2014.

6. Мулло Алии Қорӣ. Шарҳи фиқҳ-ул-акбар. Деҳлӣ.1348-1922. 

7 Мулло Ҳусайн., «ал-Ҷавҳарату-л-мунифа фи шарҳи васияти-л-имом Абӯҳанифа», Доирату-л-маориф, Ҳайдаробод, 1321-1903, 

8. Муҳаммад Иқбол. Эҳёи фикри динӣ дар ислом. Душанбе «Эр-граф», 2010. 

9.Тауфик Ибрагим. Коранический гуманизм. ИД “Мадина”, М., 2015 

10.Қуръони карим. Тарҷимаи тоҷикӣ.Душанбе: 2009. 

 11.Шарҳи фиқҳи акбар. Шайх Абулмунтаҳо Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Манғиёсӣ. Мутарҷим Муҳаммад Юнус Ҳайрон (Ба хати форсӣ), Бе с/н. 

  12.Icocnews.ru/izuchenie –biblii. Рӯзи муроҷиат: 2.08.2021. соати 20-00.

  13.Cyberleninka.ru/n/buddiyskie –tsennosty- i-problema-tolerantnosty-v- sovremennom –mire

 

Абдухалилзода К.А. 

Яндекс.Метрика