Таъсири манфии андешаҳои ифротии динӣ ба мафкураи ҷавонон (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ чунин қайд карданд, ки “Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”. 
 
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 9 марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд. Дар ин мулоқоти худ қайд карданд, ки “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям. 
 
Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад.
 
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.
 
Мо худ шоҳид будем ва хуб дар ёд дорем, ки тамоми фоҷиаҳои солҳои 90-ум дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда сар заданд. Ҳамаро зери по кардем. Ба чӣ оварда расонд?
 
Ба анархия – беҳокимиятӣ! Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.
 
Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.
 
Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки маркази як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгир аст. Инчунин, аксари ҷангҳое, ки миёни кишварҳо ба вуқӯъ меоянд, ба ин ё он тарзе ҷангҳои мазҳабӣ мебошанд. Дар онҳо дасти душманони дини мубини ислом ва уммати мусулмон ҳаст.
 
Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 ба вуҷуд омада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст”.
 
Оре, дар партави ин гуфтаҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд қайд намуд, ки шомилшавии  аксаре аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ на танҳо мушкилии ҷидии Тоҷикистон, балки зуҳуроти номатлубу нигаронкунандаи тамоми ҷаҳони муосир мебошад. Ифротгароии динӣ ё ба истилоҳ “экстремизми динӣ” яке аз намудҳои ниҳоят хатарноки ифротгароӣ мебошад, ки дар натиҷа шахс ба хурофоти динӣ аз ҳад зиёд дода шуда, таълимоти диниро сатҳӣ ва бо фаҳмиши рӯякӣ аз худ менамояд. Дар як муддати муайян шахс ин гуна фаҳмишу ақидаи динии худро дар амал татбиқ кардан хоста, ба фазои радикализми динӣ (тундравии динӣ) шомил мегардад. Минбаъд агар амалҳои ифротгароёнаи шахс пешгирӣ карда нашаванд, баҳри паҳн намудани ақидаҳои хурофотии хеш даст ба таҳдиду куштори одамон мезанад. 
 
Ифротгароёни динӣ барои расидан ба мақсадҳои худ асосан ба ҷавонони фанатики дин, дорои саводи пасти динию дунявӣ ва зудбовару мушкилидор таваҷҷуҳ менамоянд. Тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пучу дурӯғ дода, нисбати дин, давлат ва шахсиятҳои бонуфуз ҳар хел овозаҳои беасосоро паҳн мекунанд, бадбинӣ ва низоъҳои мазҳабиро бармеангезанд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”. 
 
Дар шароити ҷаҳоншавӣ ва душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст. 
 
 
Исоев Н. - сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 
 
 
Яндекс.Метрика