Модарон ва хоҳарони азиз! Ҳамкорони гиромӣ!
Бо арзи эҳтирому самимияти бепоён Шуморо бо фарорасии баҳори хуҷастапай ва иди баҳору зебоӣ - 8-уми март, Рӯзи модарро аз номи роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Мардуми тамаддунофар ва соҳибмаърифатии мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Ҳамин аст, ки 8- уми Март чун Рӯзи модарон ҷашни расмии давлатӣ эълон шуда, гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - модарони азиз, дар ҷомеаи мо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба эҳёи суннатҳои фарҳангиву маънавии ниёгонамон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Бо итминон метавон гуфт, ки муносибати Сарвари давлат ба масъалаи мақоми зан дар ҷомеа ва эҳёи ҷашни Рӯзи модар, ки ҳар ду масъала дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни милливу динии аҷдодони мо ҷойгоҳи хосае доштанд, худ ибтикори шоёни Роҳбари давлат дар самти арҷ гузоштани мақому манзалати модар - зан ба шумор меравад.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати фаро расидани рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ҳамеша зиндагонии Шумо аз шукуфарезии гулҳои баҳорӣ, зебоиву шукӯҳ ва таҷаллии офтоби меҳрубонӣ лабрез бошаду нури ихлосу иродаатон зиндагониатонро гарму мунаввар нигоҳ дорад.
Идатон муборак бонувону модарони гиромиқадр!
Бо камоли эҳтиром,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим