СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, РАИСИ МУАЗЗАМИ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АМАЛ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сафари корӣ анҷом дода 12.08.2022 дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карда буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, раванди корҳои ободкориву созандагӣ дар назди фаъолони вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Раиси муаззами ҳизбамон масъулону фаъолонро таъкид намуданд, ки бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷомеа корро дар самти мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ва ҷинояткориҳо, пеш аз ҳама терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ ба таври қатъӣ пурзӯр кунад.
Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи муштараки КИМ ҲХДТ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Исфара оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон санаи 26.08.2022 бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, собиқадорони ҳизбу меҳнат, вакилони Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, имом хатибони масчидҳо, роҳбарони як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаҳои меҳнатӣ, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа - Роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, Мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, Корманди масъули Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, Роҳбари дастгоҳ- мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимӣ Фирдавс ва Муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода Суруридин Руҳониддин иштирок намуданд.
Хонзода Абдураҳмон Умар, Мирзозода Азизулло Файз ва Абдуллоҳи Қодирӣ оид ба ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солими ҷавонон дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳои ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа, пайомадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имрӯза, омилу сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ майл кардани ҷавонон, нақши қишрҳои гуногуни ҷомеа дар таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар кунии мардум ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Сарвари давлат бобати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромадҳои пурмазмун карданд.
Дар ҷаласа Амунуллоев Сабурхон – директори китобхонаи марказии шаҳр, Абдуманонова Шаҳлохон – директори МТМУ №68, Раҳимова Башоратхон – собиқадори ҳизбу меҳнат, Азизов Насруллохон – сархатиби шаҳри Исфара оиди куллан беҳтар кардани тарзу услуби корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа аз хурофотпарастӣ, радикализми динӣ, ифротгароӣ ва терроризм фикру андеша ва таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.
Зиёваддинзода Суруридин Руҳониддин – муовини раиси шаҳри Исфара мутобиқ ба қарорҳои ҷаласаи сайёрӣ якҷояи Шӯрои ҷамъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯроҳои ҷамъиятӣ шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар мавзӯъи “Таҳдидҳои муосир ва амнияти миллии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳу воситаҳои пешгирии онҳо” ки санаи 17.08.2022 дар шаҳри Исфара баргузор гардида буд, ҳолати воқеии корро дар ин самт ҳаматарафа ба риштаи таҳлил кашида қайд намуд, ки таклифу пешниҳодҳои судманд, ки дар баромадҳои меҳмонон ва музокираҳо баён гардиданд, дар меҳвари фаъолияти ҳамарӯзаи сохторҳои марбутаи МИҲД, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, ҳар як фаъоли ҳизб, ташкилотҳои ҳизбӣ қарор дошта дар амалисозии сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеа, рушди демократия ва гуногунандешӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва радикализми динӣ нақши муосир бояд гузаронад.
Кори ҷаласаро Ҷӯраева Гулафзо – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ҷамъбаст намуда Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барои дар атрофи ғояи “Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳамаи мо” муттаҳид намудани аҳолии шаҳру деҳот кӯшиш намуда истодаанд.
Ҳамкориии байни Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Шӯроҳои иттифоқҳои касаба, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмиллал, иттифоқи ҷавонон, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ дар ин самт натиҷаҳои назаррас дода истодааст. Чунин тарзи корбарӣ собит намуд, ки танҳо сарҷамъиву мутаҳидии ҳамаи мо асоси пешравиҳо ва кафили таъмини босуботи амнияти Тоҷикистон мебошад.
Бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шахсан раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур якҷо бо роҳбарони ҷамоатҳо ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони муқимии Руссия ва муҳоҷирони меҳнати хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин кор нақши наздик 500 нафар аъзои ҲХДТ ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, назаррас буда, аксарияти онҳо бо кумитаи шаҳрӣ алоқаи доимӣ доранд.
Мо кӯшиш намуда истодаем, ки донишу малака ва таҷрибаи ғании собиқадорони ҳизб ва шахсони барумандро барои дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ахлоқи ҳамида сабру таҳаммул омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ риояи волоияти қонун, эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия намудан ҳаматарафа истифода барем. Алҳол беш аз 4200 нафар аъзои ҲХДТ дар шаҳри Исфара собиқаи зиёда аз 15 солаи ҳизбӣ дошта, 50 нафари онҳо ҳамчун аъзои Шӯрои собиқадорони ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва тарбияи ҷавонон саҳми босазо доранд.
Новобаста аз пешравиҳо як чизро мо набояд фаромӯш созем, ки шаҳри Исфара дар марзи 3 Ҷумҳурӣ ҷойгир буда, сокинони баъзе аз маҳаллаю ҷамоатҳояш бо расму оинҳои ҷойдошта хусусиятҳои ба худ хос доранд. Ва ин моро водор менамояд, ки корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро бо назардошти ин омилҳо ба роҳ монем.
Чунин вохурии муфид бо фаъолони ҷамоати деҳоти Навгилем дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардид.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика