Соли равон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим” 15 сол сипарӣ гардид. Ин қонуни сарнавиштсоз имрӯз Тоҷикистони азизро аз бӯҳрони иқтисодӣ берун баровард. Мардум оҳиста-оҳиста дарк намуданд, ки ин қонун танҳо ва танҳо ба фоидаи худи эшон аст. Бо вуҷуди ин дар баробари дастовардҳо боз ҳам баъзе норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар татбиќи ќонун ба назар мерасанд. Баъзе нафарон дар ҷомеа то ҳол он ҷашну маросиме, ки қонунгузорӣ манъ намудааст, ҷузъи фарҳанги худ ҳисобида, ошкору пинҳон ба қонуншиканӣ даст мезананд. Дар натиҷаи қонуншиканӣ кардан чунин шахсон аз нигоҳи ахлоќӣ ҳеҷ хиҷолате ҳам намекашанд. Дар ин ҷо бояд дар баробари танзими қонунӣ “танзими ахлоќӣ” ба кор бурда шавад. Вақте танзими ахлоќӣ мегӯем, диққати бештар бояд ба масъулияту виҷдон дода шавад. Масъулияту виҷдон бояд татбиќ гардидани амалҳои анъана гардидаро низ ба хотири ояндаи нек ба низом дарорад.
Қонун маъмулан як ҳукми фарогир аст, ки ба хотири ислоҳ ва танзими рафтори ҷомеа бароварда шудааст. Ҳарчанд қонун як чизи мукаммале аст, ки таъсири бузурге бар рафтори шахсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мегузорад, вале он бояд ҷузъи фарҳанги ахлоќии аҳли ҷомеаро ташкил намояд.
Аз нигоҳи сотсиологӣ ќонунҳо бар ду навъанд: ќонунҳои навишта ва нонавишта. Қонунҳои нонавишта ҳамон амалу рафторҳоеанд, ки инсон виҷдонан бояд онҳоро риоя кунад. Мисли аз ҷой хестан дар назди калонсолон ва ё ҷой додан ба эшон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ. Ин як қонунест, ки иҷро накардани он ҷиноят нест, аммо онро аксарият риоя мекунанд. Аммо, мутаассифона баъзан мушоҳида мешавад, ки баъзе қонунҳои навишта иҷро намешаванд. Дар ин ҷо як муҳимият вуҷуд дорад. Қонунҳои навиштаро ниҳодҳои дахлдори ин ё он соҳа назорат мекунанд, ќонунҳои нонавиштаро бошад аксаран виҷдон ва ё ҷамъият.
Чун сухан аз риояи эътиқодии қонуни мазкур меравад ва рӯҳониён бо эътиқодоти мардум сару кор доранд, бояд эшон дар таъмини риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” масъул бошанд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳофизаи таърих амалкардҳои рӯҳониёнро дар мавриди пешгирии исрофкорӣ ва хурофотзудоӣ дар ёд дорад. Ин ашхос дар ҷомеаҳои анъанавӣ афроди муассир ба ҳисоб мераванд. Аз ин рў, яке аз роҳҳои мубориза бар зидди исрофкорӣ ва хурофот ҷалби бештари рӯҳониён дар таъмини риояи ќонуни мазкур аст.
Паёмбари акрам (с) бо исрофкориву хурофотпарастӣ ситез доштанд, эшон ҳатто дар пешбурди мақсадҳои олӣ ба исрофкориву хурофот даст назаданд. Исрофкорӣ дар Қуръон сароҳатан манъ шудааст ва паёмбари акрам (с) хурофотро амали зишт меписандиданд, ӯ кусуфи офтобро дар суги фарзандаш Иброҳим қотеона рад намуд ва онро заифии имони мардуми авом шуморид.
Рӯҳониён низ дар маснади чунон паёмбаре қарор доранд ва ниёбат аз чунон шахсиятеро уҳдадор мебошанд. То ҳол дар ҷомеа хурофотҳои куҳна ва навпайдои динӣ, исрофкорӣ ва дигар падидаҳои талхи рӯзгор ба назар мерасад. Дар ин маврид, ҷойгоҳи рӯҳониён дар мубориза бо ин падидаҳо то чӣ андоза мушоҳида мешавад, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Оё рӯҳониён дар баробари ин тўфони сангин бархурди шоистаро аз худ нишон додаанд ё на? Ба андешаи банда ҳузури рӯҳониён дар ин муборизаи фикрӣ камранг аст ва ин боис мегардад, ки амалан заминаҳои фаъолияти хурофотпарастон ва исрофкорон озодтар гардад.
Решаҳои исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон асоси хатарро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, ки ба ҷуз ҷомеашиносон ва равшанфикрон ақалли ками мардум онро эҳсос мекунанд.
Бояд ёдовар шуд, ки рӯҳониён бояд дар мубориза бо хурофот ва исрофкорӣ, ки ин ду сарчашмаи асосии риоя накардани қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” мебошанд, огоҳии комил дошта бошанд. Дониши кофӣ надоштан дар ин маврид боис мешавад, ки фатвоҳо ва паёмҳои чандпаҳлӯ содир шавад ва қонуншиканҳо дар амният ба сар баранду хурофоту исрофкорӣ ривоҷ ёбад.
Рӯҳониён бояд дар мавриди исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ бо мардум бештар мулоқотҳо анҷом дода, ба саволҳои онҳо посухҳои дақиқ диҳанд. Баъзан беэътиноӣ ба ин мавзӯот аз ҷониби рӯҳониён ва мақомоти дахлдор дар амал душвориҳои сангинро барои диндорон эҷод мекунад. Ҳамчунин заминаеро барои суистифода ё бардоштҳои ғалат фароҳам месозад. Яке аз масъалаҳои асосии қонуни мазкур дар ин маврид, ин аст, ки то ҳол баъзе диндорон барои риояи ҷашну маросим, хоссатан маросими азодорӣ, ҳатто барои иҷрои онҳо розианд, то маблағи ҷаримаро пардохт намоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол баъзе афроди ҷомеа барои қабули қонун аз нигоҳи фикрӣ ва эътиқодӣ омода нестанд. Барои рафъи ин мушкилот танҳо ва танҳо бояд рӯҳониёни суннатӣ байни мардум аз нигоҳи динӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста гузаронанд. Рӯҳониён бояд решаҳо ва заминаҳои таърихии пайдоиши ин хурофот ва исрофкориҳоро донанд, то равишҳои мубориза бо онҳоро мустаҳкамтар намуда, хурофот ва исрофкориро дар ҷомеа аз байн баранд. Муборизаи фикрии рӯҳониён бояд чунон мустаҳкам бошад, ки то бидъат, хурофот ва исрофкорӣ ба суннат ва суннат ба бидъату хурофот табдил наёбад.
Дар умум рӯҳониёни суннатӣ бояд худ дар мадди аввал дар риояи муќаррароти ќонуни миллӣ улгуи мардум бошанд ва нагузоранд ҳеҷ исрофкорӣ ва хурофот ба вуҷуд ояд. Баъдан дар роҳи ислоҳи мардум гом бардоранд, то дар пешбурди умури корҳои нек барои миллату давлат саҳми арзандае дошта бошанд.
Рамазониён Аҳтам Бобосафар