Сафари гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Рашт ва Роғун

Санаҳои 22-24 августи соли равон гурӯҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини директор Абдухалилзода К.А., Шоҳсаидзода Ш. ва Наҷотзода М. ҷиҳати иҷрои нақшаи корӣ ба ноҳияҳои Сангвор, Рашт ва Роғун сафари хидматӣ анҷом дода, бо фаъолони минтақаҳои номбурда вохӯриҳо гузарониданд.

Зимни вохӯриҳо муовини директори Марказ Абдухалилзода К. дар мавзӯи «Хатари ифротгароӣбарои ҷомеа» баромад намуда,ба иштирокчиён доир ба моҳияти ифротгароӣ, сарчашмаи он, шаклҳои зуҳуроти он дар ҷомеаи имрӯза ва хатару таҳдидҳои  он ба ҷомеаи башарӣ, махсусан ҷомеаи Тоҷикистон маълумоти муфид пешниҳод намуд.

Аз ҷумла, номбурда таъкид намуд, ки насли ҷавони имрӯзаро зарур аст, ки бар ивази пайравӣба афкору ақоиди тунд ва ифротии динӣсамти тафаккури хешро иваз намуда, ба улуми табиатшиносӣтаваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем, ки кишвари худро аз хатару таҳдидҳои дохилӣ берунӣэмин нигоҳдошта, баҳри аҳли ҷомеа зиндагии хушҳолонаро таъмин намоем.

Корманди Марказ Шоҳсаидзода Ш. дар мавзӯи «Худшиносӣва ватандӯстӣ» баромад намуда, зарурати ташаккули эҳсоси худшиносию меҳанпарастиро барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб донист. Аз ҷумла ӯқайд намуд, ки бидуни худшиносию меҳанпарастӣҳадафи асосӣ– ободии кишвар ғайриимкон хоҳад буд.

 

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 

Яндекс.Метрика