Дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо арзёбӣ мешавад. Чунки давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфитҷӯй, аз ҷумла ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикӣ аз воситаҳои ахбори омма ва интернет васеъ истифода намуда, бо ин роҳ ба ташаккул ва тафаккури инсонҳо таъсир мерасонанд. Дар қарни гузашта муҳаққиқи рус Виктор Афанасев (18 ноябри 1922 – 10 апрели 1994) чунин гуфта буд: “Матбуот, радио ва телевизион силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса кард”. Вале дар асри навин бошад, ба силоҳи ҳақиқии таъсиррасонӣ ба тафаккур интернет табдил ёфтааст, ки зарарашро баробари яроқи ҳастаӣ медонанд. Тибқи маълумоти дастрас, ҳоло беш аз 5 миллиард аҳолии ҷаҳон, яъне 65 дарсад сокинони сайёра истифодабарандагони интернет мебошанд. Аз ин бармеояд, ки фазои маҷозӣ ба як ҷузъи муҳими зиндагии одамон табдил ёфтааст.
Бар асоси гузориши April Global Statshot report, истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон – 4,65 миллиард ё 58,7 дарсади шумораи умумии аҳолии сайёраро дар бар мегиранд.
Бинобар ин, бештар мушоҳида мешавад, ки ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй ҳадафҳои худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ мекунанд.
Рушди технологияҳои иттилоотиву интернет агар аз як тараф барои башарият имкони ҳалли бисёр муаммоҳоро фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар дар шароити кунунӣ баъзе хатару таҳдидҳоро барои амнияти миллӣ ва суботи сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст. Таҳлили ҳодисаву равандҳои сиёсии чанд соли охири ҷаҳон собит менамояд, ки аксари ҷангу низоъҳои дар ин ё он давлат рухдода маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд.Баъзе абарқудратҳо ба василаи гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷиноятҳое даст мезананд, ки боиси халалдор гардидани амнияти давлатҳои алоҳида мегардад. Масалан, дар сар задани ҳодисаҳои инқилобҳои ранга, “баҳори араб”, бетартибиҳои аввали соли 2022 дар Қазоқистон ва ғайраҳо технологияҳои иттилоотӣ, интерент ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақши асосӣ доранд.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи умумии симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳад, ки 5 миллиону 460 ҳазору 504 муштариёни фаъол мебошанд. Ҳоло дар кишвар шумораи истифодабарандагони интернет ба 4,5 миллион расидааст. Гузашта аз ин, наздики як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишваранд.
Бар асоси иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар 185 ҷинояти киберӣ сатб шудааст. Асосан, ҷиноятҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар аъзои гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ мебошанд, содир кардаанд. Онҳо тариқи интернет маълумоти бардурӯғ, ифротӣ ва иғвоангезонаро паҳн карда, мехостанд бо ин роҳ ба амнияти кишвар халал ворид намоянд.
Дар ҳамин робита, ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ 17 ҷинояти киберӣ ва 500 ҷинояти дигар бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир шудааст.
Аз оморҳои овардашуда бармеояд, ки кишвари мо низ ба хатари амнияти иттилоотӣ рӯбарӯст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ба хотири пешгирии хатару таҳдиди созмонҳои ифротиву террористӣ тадбирҳои муҳим аз ҷониби давлат амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин тадбирҳо таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ мебошад, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) садо дод.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.”
Роҳбари давлат дар чунин раванди мураккаб муттаҳид гардидани ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми ҷомеаро ҷиҳати ҳифзи суботи сиёсӣ, бо тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба равияҳои ифротгароро хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки “ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад”.
Таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ имкон фароҳам меорад, ки хатарҳои эҳтимолии дар фазои маҷозӣ ба вуҷудоянда пешгирӣ ва таъсири манфии таҳдидҳои воқеӣ бартараф карда шаванд.
Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ҷалби ин гуна нафарон ҳама роҳу воситаҳоро истифода карда, равияҳои гуногуни диниро асос меоранд.
Таҷриба нишон дод, ки гурӯҳҳои террористӣ сол ба сол барои амалӣ намудани аҳдофи нопоки худ ва мағзшӯйи намудани ҷавонон роҳу усулҳои нав ба навро меҷӯянд. Бо вуҷуди татбиқи чорабиниҳои муштараки давлатӣ, вазъ дар ин самт ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, аз тамоми истифодабарандагони интернет, ки нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳаргуна ақидаҳои ифротӣ нагарданд. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Бо пуштибони аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат дар таъмини амнияти иттилоотӣ, дар маҷмуъ, амнияти миллии кишвар саҳми худро гузоранд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ