Модар маҳз олиҳаи ҳастии инсоният мебошад. Модар калимаест, ки вирди забонҳо давр мезанад. Модар ҳастии инсонро ифода менамояд. Модар шахсест, ки ба инсон ҳаёт мебахшад. Модар ноёбтарин ганҷи бебаҳост. Беҳуда нагуфтаанд, ки биҳишт зери қудуми модарон аст.
Модар фаришта аст, ки офаридгор ба инсон додааст. Аз модар ҳаёт оғоз меёбад. Модар роҳнамо ва роҳкушоӣ инсон аст. Модар тарбиятгар ва таълимдиҳандаи инсон мебошад. Модар сарчашмаи тамоми бурдбориҳо ва мувафаққиятҳои фарзанд мебошад.
Меҳру муҳаббати модар нисбати фарзанд беинтиҳо мебошад. Инсон бо ягон ченак ё тарозу наметавонад меҳру муҳаббати модарро нисбат ба фарзанд баркашад. Дуои модар калиди хушбахтиҳо, пешравиҳо ва музафариятҳои фарзанд мебошад.
Модар накҳату таровати зиндагист. Модар зебоиву зиннати ҳаёти инсон мебошад. Модар чароғи ҳар як хонадон аст. Модар шуълаи умеду орзуҳост.
Модар офтоби дурахшони фарзанд аст. Модар ҳидоятгари инсон буда, дар пастиву баландиҳои зиндагӣ бо фарзандаш мебошад. Беҳтарин суханҳое, ки дар дунё олимону бузургон гуфтаанд, маҳз дар бораи модар мебошад.
Модар азизтарин шахсест барои инсон. Ҳаёти инсон бе модар ҳеҷ маъное надорад. Модар, ҷонам фидоят бод. Ҳастиаш пур аз меҳру муҳаббат, шодиву нишот, фараҳу хушбахтӣ мебошад.
Модар аввалин мураби ва муддариси фарзанд мебошад. Модар ғамхору ғамгусор, ҳамдаму ҳамнишини фарзанд аст. Шахси сарватманд шахсест, ки модар дорад. Модар шаҳсутуни ҳар як хонадон аст.
Модар арзишмандтарин шахс дар рӯи олам барои фарзанд мебошад. Модар ҷаҳонест барои фарзанд. Модар сафобахши ҳаёти инсон мебошад. Инсоният чи қадаре, ки назди модар сари таъзим фуруд ояд, боз ҳам кам аст.
Доштани модар, доштани толеъи баланд аст. Модар сарчашмаи зиндагист. Модар барои инсон аз дуру гуҳар ҳам азизтар ва қимматтар аст. Мақому мартабаи модар бениҳоят баланд аст.
Мо, фарзандон бояд модарро мисли гавраки чашм ҳурмату эҳтиром, навозишу меҳрубонӣ ва нигоҳубин намоем. Мо, фарзандон бояд аз ҳолу аҳволи модарон ва саломативу зиндагониашон доимо бохабар бошем. Мо, фарзандон бояд ҳамеша асои модарон бошаем. Мо, фарзандон аз дуои модарон доимо баҳраманд бошем, то ки зиндагиамон обу ранг гирад.
Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон