Ҷашну оинҳои миллию мардумӣ инъикоскунандаи орзую омоли иҷтимоӣ,фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, руҳияи миллию мардумиро дар тули зиндагии башарӣ таҷссум менамояд.Бо таваҷҷуҳ ба ин дар доираи фарҳанги форсии тоҷикӣ, бо назардошти махсусиятҳои иҷтимоӣ дар таърихи пешин, ҷашнҳои миллию мардумӣ Наврўз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ буданд ва роҳандозӣ шудааст. Дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи хос дорад ва монанди идҳои дигари аҷдодӣ (Наврўз, Сада, Тиргон) аз ҷанбаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ, кишоварзӣ ва маданӣ бархўрдор мебошад.
Дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иҷрои маросимоти меҳргонӣ қабл аз ислом донишмандон, муаррихон ва шоирону нависандагон изҳори назар кардаанд. Фарҳангшиноси маъруфи асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар асари арзишманди худ «Осор-ул-боқия» арз доштааст, ки «Ин ид монанди дигар идҳо барои умумии мардум аст. Аз оини Сосониён дар ин рўз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати офтоб буд, ба сар мегузоштанд ва дар ин рўз барои ирониён бозоре барпо мешуд».
Инчунин, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо доир ба ҷашни Меҳргон дар замони Ғазнавиён маълумоти бештаре дар даст аст. Ашъори шоирони даврони Ғазнавӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва амсоли онҳо гувоҳи онанд, ки ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомоти вижа таҷлил мегардидааст. Муаррихи машҳури замони Ғазнавӣ Абулфазли Байҳақӣ аз баргузории ҷашни Меҳргон дар дарбори салтанатии Султон Масъуди Ғазнавӣ таъқид мекунад. Аз он ҷо, ки ҷашни Меҳргон ба ҳусни зиндагии рўзмараи мардумӣ пайванди ногусастанӣ дорад, тули таърих мардуми табақоти гуногунро ба худ ҷазб намудааст. Агарчи Наврўз ҷуғрофиёи бузургтареро мусаххар карда буд, Меҳргон ҳам ба он монандӣ дошт Чун Меҳргон ба аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртибот дорад сатҳу сифати зиндагидўстӣ ва зебоиписандии одамонро боло мебарад.
Бо густурдани хони Меҳргонӣ инсон ҳосили меҳнату заҳмати солонаашро ки айёми тирамоҳ ҷамъбаст мекунад ба намоиш мегузорад, аз ин рў, Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза карда, беҳтарин либосашонро мепўшанд. Худро зебо намуда ба идгоҳҳо мераванд. Умуман дар ин рўз ҳама хушу хурсандӣ намуда меҳрубониҳои зиёдро анҷом медиҳанд.
Муаллифи «Шоҳнома» -и безавол Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили Меҳргон ба давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромад.
Дар даврони ҳукмронии Ҳахоманишиҳо ҷашни Меҳргон бо анъанаҳои махсус аз дигар давраҳои таърихӣ ҷолибтар таҷлил мегардид. Ҳахоманишиҳо иди Меҳргонро бештар бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо бо тантана мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рўз дар ҷашнгоҳ ҳукуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рўз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепўшиданд. Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён руймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хўрдан сухан нагўянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд.
Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрўхта, дастархони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд. Чунон ки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд ниёгони мо дар ин рўз сару либоси идона мепўшидаанд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.
Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувонӣ дорад, густурда мекарданд.Дар руйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хўрданиҳои маҳалӣ ва буйҳои хушмонанди гулоб, ҳазориспанду анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарақ медиҳад.
Яъне Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Таърихи ҷашни Меҳргон ифодагари он аст ки мардуми форсу тоҷик дар ҳама давру замон, новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ ва тааллуқоти нажодию динӣ ба зиндагӣ ва инсон арзиши баланд қоил будаанд ва тавассути таҷлили ҷашну маросим, қабл аз ҳама фарҳангу арзишҳои миллии хешро ошно сохтанд.
Ба ҷашни Меҳргон Истиқлолияти давлатӣ умри дубора бахшид. Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву обимева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо пешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд.
Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомот ба роҳ монда шуда аст. Ба истиқболи ин ҷашни муборак кишоварзон, боғу токпарварон ва чорводорон заҳмати дучанд кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кищвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Бо таъқиди роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҳлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда роҳнамо созад.
Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабаниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардидааст.
Шарифова Санавбар - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.