МАСЪАЛАИ ТАЛОҚ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ ВА АДЁНИ ҶАҲОНӢ

То тавонӣ по манеҳ андар фироқ, 

«Абғазу-л-ашёи инди-т-талоқ» (Мавлоно, «Маснавии маънавӣ»). 

Оила ва оиладорӣ яке аз муҳимтарин рукнои зиндагии инсонӣ ба шумор меравад, ки пойдорӣ ва мустаҳкамии он асоси хушбахтӣ дар ҳаёти шахс мебошад. Оила намунаи олӣ ва таърихии институти иҷтимоӣ буда, зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад. Дар қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст, вале дар истинод бо нуқоти назари мухталиф таърифи оиларо ба тариқи зайл додан мумкин аст: “Оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳимояи давлат қарор дорад”.

 Дар Қуръон низ таърифи оила баён шуда аст: ”Аз нишонаҳои Ӯ  (Парвардигор) ин аст, ки аз худи шумо ҷуфтҳое барои шумо офарид, то назди ишон оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстӣ, раҳмат ва меҳрубонӣ барқарор сохт ”(Рум, ояти 21). Яъне оила, қонуни меҳру сафо ва садоқат мебошад, мадрасаи муҳаббату дӯстист, мактаби меҳру саломатӣ ва ишқварзист, донишгоҳи тарбияту шукуфоии истеъдод ва рушди тафаккуру тааққул мебошад. Дин, имон, бовар, ақида, ватандӯстӣ, илм, дониш, ирода, шаҳомат, шуҷоат, ахлоқ ва ҳамаи фазилатҳо дар дохили ҳамин бино ва фазои он оғоз ва ба шукуфоӣ мерасад. Зану шавҳар бо пайванди худ ва бо муҳаббату маваддат ба якдигар ин қонунро месозанд ва бо таомулу якдигарфаҳмӣ ва исору гузашт ба оромиш мерасанду дар водии амни илоҳӣ гом бар медоранд. Ва Худованд низ ба онҳо назари раҳмат намуда фарзандоне эъто мекунад, ки идомадиҳандагони насли башарӣ ва созандагони ҷомеаи ҷаҳонӣ бошанд. 

Ҳанӯз дар ибтидо асоси оиларо никоҳ ташкил медод. Никоҳ шакли таърихии муносибатҳои тағйирёбандаи иҷтимоии байни зану мард буда, ҳаёти ҷинсӣ, ҳуқуқу вазифаҳои заношӯиро таъйин ва танзим менамояд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки аксари кулли мардум пайравони дини ислом мебошанд, ҳам аз никоҳи мусалмонӣ ва ҳам аз бастани ақди никоҳ дар мақомоти “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” (САҲШ) истифода мешавад. Яъне амалан оилаи навбунёд аз ду ҷониб зери ҳимоя қарор мегирад, ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби аҳкоми шариати исломӣ, гарчанде дар назди қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.” 

Дар баробари  давлат, ки бо қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии хеш зомини ҳимояи оила маҳсуб мешавад, дини мубини ислом  низ ниёзи фитрии инсонро ба инобат гирифта барпо намудани оила ва бинои хонаводагиро шарти асосии зиндагӣ дониста устувории оилаи мустаҳкам ва солимро дар пешрафти ҷомеа яке аз рукнҳои асоси меҳисобад. 

Мутаассифона мушкилот ва ҳаводиси ғайричашмдошт ва гуногуне дар зиндагӣ ба вуқуъ меояд, ки ин пойдорӣ ва мустаҳкамиро халалдор мекунад ва боиси вайрон шудани хонаводаҳою оилаҳо мегарданд. Бино бар ин аз қадимулайём то ба имрўз чӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва чӣ аз ҷониби адёни мухталиф тавассути содир намудани қавонин ва меъёрҳои марбут ба ин масъала кўшишҳо ба харҷ мераванд то садди роҳи ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. 

Бояд тазаккур дод, ки робитаи зану шавҳар робитае аст, ки дар асл ва асоси худ то поёни умр идома меёбад ва бояд, ки чунин ҳам бошад, вагарна зан ва шавҳар дар паҳлўи якдигар эҳсоси роҳат, пешбурди зиндагӣ ва тарбияи фарзандонашонро ба таври бояду шояд иҷро карда наметавонанд. Вақте ки робитаи зан ва шавҳар ба сабабҳои бадрафториҳои зан ё мард дар оила вайрон мешавад, дар ин сурат шариати ислом ва мақомоти марбутаи давлатӣ иҷозат медиҳанд робитаи зан ва мард қатъ гардад ва аз якдигар ҷудо гарданд. Дар баробари дигар сабабҳои ин мушкилот риоя накардани зан ва мард аз ҳуқуқи якдигар, монанди бадзабонӣ кардан, беэҳтиромӣ нисбат ба якдигар, фош кардани асрор, берун шудани зан аз хона бе иҷозат, ба майли худ рафтор кардан дар корҳои хона ва мисли инҳо низ сабаб шуда метавонанд.

Ҳар гоҳ ки кӯшишу таҷрибаҳо бенатиҷа монанд ва созиш байни зану шавҳар ҳосиле надиҳад, чораи охирини ҳалли ин масъаларо ислом ташреҳ намудааст, ки ин ҷудоӣ ё талоқ мебошад. Талоқ дар луғат ба маънии озод, ҷудо кардан, бардоштани қайду банд ва раҳо кардан аст ва дар истилоҳи шариат талоқ аз ҳукми шаръие иборат аст, ки қайди никоҳ ва ресмони ақдро бо гуфтани калимаҳои махсус бардошта месозад ва ба ҳаёти заношавҳарӣ дар миёни марду зан хотима мебахшад.

Дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон гарчанде барои пешгирии ин мушкилот аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин иттиҳодияҳои динӣ саъю кўшиши беандоза ба харҷ дода шавад ҳам, шумораи вайрон шудани оилаҳо дар миёни навхонадорон рў ба афзоиш дорад, ки ин боиси ташвиши ҷомеаи тоҷик гардидааст. 

Чун ҳадафи мо аз навиштани ин сатрҳо муайян намудани муносибати дини ислом ва дигар адёни бузарги ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаи таллоқ аст, пас бевосита мепардозем ба  масъалаи мавриди назар. 

 

Идома дорад...

 

Шодӣ Мирзо 

Яндекс.Метрика