МАЗҲАБҲОИ АҲЛИ СУННАТ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дини ислом яке аз се динҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Пайравони ин дин мувофиқи сарчашмаҳо ва оморҳо имрӯз қариб зиёда аз 1,5 миллиардро ташкил дода, дар 120 кишвари дунё зиндагӣ намуда истодаанд.

Дар замони имрӯза 4 мазҳаби аҳли суннат мавҷуд буда, мардуми суннимазҳаб аз рӯй ҳамин чор мазҳаб амал менамоянд.

1.Мазҳаби Ҳанафӣ - асосгузори ин мазҳаб Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошад, ки бо тахаллуси Имоми Аъзам машҳур гаштааст. Ин мазҳаб яке аз бузургтарин мазҳаби чоргонаи аҳли суннат ба ҳисоб меравад. Ин мазҳаб дар Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Чин, Туркия, Нимҷазираи Балкан, Нимҷазираи Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия, Миср, Сурия, Урдун, Федератсияи Руссия  ва дигар кишвару минтақаҳои ҷаҳон интишор ёфтааст.

2.Мазҳаби Ҳанбалӣ - асосгузори ин мазҳаб Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Ҳанбал мебошад, ки бо номи Аҳмад ибни Ҳанбал маъруф гаштааст. Пайравони ин мазҳаб дар давлати Катар зиёд мебошанд.

3.Мазҳаби Шофеъӣ - асосгузори ин мазҳаб Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ мебошад , ки бо номи Имом Шофеъӣ машҳур гаштааст. Мазњаби мазкур сеюмин мазҳаби аҳли суннат ба шумор меравад. Пайравони ин мазҳаб дар кишварҳои Сурия, Лубнон, Фаластин, Урдун, Ироқ, Покистон, Ҳиндустон, Малайзия мавҷуд мебошанд.

4.Мазҳаби Моликӣ - асосгузори ин мазҳаб Абӯабдуллоҳ Молик ибни Анас ибни Абиомир ал-Асбаҳӣ бо номи Имом Молик машҳур буда, пайравонаш дар кишварҳои Андалус, Испания, Тунис, Ал-Ҷазоир, Марокаш, Африқои Ғарбӣ. Миср, Судон, зиёд мебошанд.

Айни замон пайравони чаҳор мазҳаби аҳли суннат дар тамоми гушаву канори дунё зиндагӣ намуда истодаанд, анъанаҳои дини ислом ва расму оини мазҳаби хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда истодаанд.

Зиёда аз 97%-и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусулмон буда, пайравӣ мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз истиқлолият ба даст оварданаш анъанаҳои милливу динии худро, ки аз гузаштагони хеш ба мерос гирифтааст, дар чаҳорчубаи дини Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, ҳифз намуда, барои муҳофизати онҳо тамоми саъю талоши худро намуда истодааст. Таҷлили соли бузургдошти Имоми Аъзам дар соли 2009, ки дар он намояндагони тамоми кишварҳои пайрави ин мазҳаб иштирок намуданд, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ҳамчунин, соли 2009 дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва соли 2018 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул карда шуд. Дар дебочаи ин қонуни мазкур нақш ва мақоми хоссаи мазҳаби ҳанафӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, қонуни мазкур қабул карда мешавад».

 

ШУЪБАИ ПАЖУҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР

Яндекс.Метрика