Иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар барномаи " Шабе дар осорхона "

18 - уми майи соли ҷорӣ кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳлу оилаашон дар барномаи " Шабе дар осорхона " иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки барномаи " Шабе дар осорхона " бори аввал соли 1997 дар шаҳри Берлини Олмон оғоз гардида, солҳои баъдӣ дар давлатҳои Аврупо ва Амрико гузаронида шуда буд.

Солҳои охир барномаи " Шабе дар осорхона " дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби Офтоб то нисфи шаб дарҳояшонро ба рӯйи тамошобинон боз менамоянд.

Мақсади асосии ин иқдом - муаррифии захира, имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.

Лозим ба ёддоварист, ки дар Осорхонаи миллӣ шаҳрвандони хориҷӣ дар қатори шаҳвандони Тоҷикистон иштирок ва аз осори фарҳангии миллати тоҷик аз наздик дидан намуда, олами маънавии хешро ғанӣ гардониданд.

Мо бар онем, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди худшиносии миллӣ аҳамияти калон дорад.

Шуъбаи иттиллот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика