
Тибқи банди 4 - и Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, рӯзи 14 июли соли ҷорӣ сафари гурӯҳи корӣ зери роҳбарии директори Марказ А. Холиқзода, кормандон А. Мирзозода, А. Қодирӣ ва Абдуллоев Н. ба ноҳияҳои Нуробод.
Мулоқот дар толори МИДҲ - и ноҳияи Нуробод баргузор гардида, дар чорабинии мазкур Ҷобирзода Додарҷон Пӯлод раиси ноҳияи Нуробод, муовинони раис, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳия, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони маҳалла, фаъолон ва сархатиби масҷиди ҷомеъи маркази ноҳия Абдулҳаев Изомуддин иштирок доштанд.
Ҷобирзода Додарҷон раиси ноҳияи Нуробод ташрифи ҳайати гурӯҳи кориро ба ноҳияи мазкур хайра мақдам гуфта, салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди ноҳияи Нурободро, ки санаи 12 - июли соли равон ба шаҳри Роғун сафар карда буданд, расонид.
Мавсуф дар бораи иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, инчунин дар бораи тезонидани корҳои Нерӯгоҳи обӣ – барқии - и Роғун (НБО), сохтмони роҳҳои Обигарм - Нуробод ва дигар масъалаҳои мубрами ноҳия ибрози андеша карданд.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдурраҳим дар бораи иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, камбудии маводи озӯқаворӣ дар ҷаҳон ба хусус Тоҷикистон, таъсири ҷангҳои минтақа ба кишвари мо, таваҷҷӯҳи деҳқонон ба ҳар як ваҷаби замин, Ваҳдати миллӣ ва зурурати он дар Тоҷикистон, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат, омӯзиши илмҳои дақиқ, туризм ва сайёҳӣ, илму маориф, экстремизму терроризм, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, аҳамияти мутолиаи китоби Бобоҷон Ғафуров дар тақвияти андешаи миллӣ, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, сафари ҳоҷиён ба Макка, дастгирии ятимону бепарасторон, бегонапарастӣ дар байни ҷомеа, Қонуни Ҷумҳурири Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон”, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , ҷангҳои шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он, инчунин зиракии сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ шудан дар атрофи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.
Сархатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Нуробод Абдулҳаев Изомуддин дар бораи эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ андешаронӣ намуда, саҳми бузургони форсу тоҷик дар илми тиб, риёзиёт, нуҷум, аҳодис , тафсир ва илми фиқҳро ёддовар шуд.
У ҳамчунин, дар бораи андешаҳои Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Мавлоно ва Салмони Форс маърӯза намуд.
Сархатиби ноҳияи Нуробод қайд намуд, ки дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки то ҳанӯз давлат ва парчами миллӣ надоранд ва мо бояд аз давлату миллати худ ва Пешвои муаззами миллати тамаддунофари худ ифтихор кунем.
Ҳифзи миллат, забон ва фарҳанги миллӣ дар асари ҷаҳонишавӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Мардуми ноҳияи Нуробод дар канори Пешвои муаззами миллат меистанд ва сиёсати Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамоянд.
Дар идомаи суханрониаш пешниҳод намуд, ки ҷиҳати омода намудани таомҳои қадимаи миллӣ, дар ноҳияи Нуробод курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шавад.
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир