Идатон муборак устодон ва ҳамкорони гиромӣ!

«Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзгор аст, ки дар қалби шогирдон нуру рушноӣ бахшида онҳоро бароҳи илму маърифат ва озодандешиву соҳибмаърифатӣ раҳнамун месозад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд; "Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад". Хушбахтона имрӯз бо сиёсати оқилонаи Пешвои миллат қадру қимати устод омӯзгор дар ҷомеа боло рафта истодааст.

Идатон муборак устодон ва ҳамкорони гиромӣ!

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика