ЗАРДУШТИЯ ВА МЕРОС

Аз замоне, ки инсон мафҳуми моликиятро дарк кард, ҳаёти якҷоя оғоз ёфт. Ҳар касе, ки дунёро тарк мекард, молу мулкашро дигарон соҳиб мешуданд. Дар дунёи қадим дар байни миллатҳои бо тамаддун ва бетамадуни ҷаҳон, соҳиб шудани моли тарк карда шуда, шаклу усулҳои гуногун дошт, маслан: мусодираи он маҷбурӣ буда, ҳар касе, ки нерумандтар буд, молу мулки шахси фавтидаро ба моликияти худ дароварда, афроди заиф ва нотавон, аз ҷумла занону кӯдаконро аз он маҳрум месохт.
Дини зардуштӣ яке аз динҳои оламшумул ба ҳисоб рафта, дар баробари динҳои осмонӣ арзи вуҷуд кардааст ва дар мавзуи мерос усул ва қоидаҳоеро, ки дар танзим намудани масъалаҳои ба мерос тааллуқ дошта ва дар амал татбиқ намудани он мавриди истифода қарор мегиранд, бунёдгузорӣ кардааст.
Тибқи қоидаҳои расмӣ аҳволи шахсии зардуштӣ вақте, ки ҳамсарон дар садама якҷоя мемиранд ё танҳо яке аз онҳо бимирад, тақсими мерос байни фарзандонашон вобаста ба ҷинс фарқ мекунад. Ҳамин тариқ, таносуби мероси падар, ҳар писар ду баробар аз ҳиссаи духтар мерос мегирад. Мероси модар бошад, дар байни духтар ва писар баробар тақсим карда мешавад. Дар ин ҳукм, аз як тараф, мо шоҳиди навъе аз маҳрумсозии баъзе занон аз мероси падар мегардем. Аз тарафи дигар, мо мебинем, ки мард (писар) аз имтиёзи баробари зан (духтар) баҳра бурдан аз мероси модар бархӯрдор аст.
Агар ворисони фавтида якчанд бародару хоҳарон бошанд, агар фавтида мард бошад, ҳиссаи ҳар як бародар аз ҳиссаи хоҳар як маротиба зиёдтар хоҳад буд. Аммо, агар фавтида зан бошад, ҳиссаи бародар ба ҳиссаи хоҳар баробар аст.
Дар сурати ворисони фавтида амак ё амма бошад ва марҳум мард бошад, ҳиссаи амак аз ҳиссаи амма як маротиба зиёдтар аст. Аммо агар шахси фавтида зан бошад, амак ва амма ба таври баробар мерос хоҳанд гирифт.
Агар шахси фавтида мард бошад ва ворисони ӯ танҳо хола ё тағо бошанд, тағо аз хола як маротиба зиёдтар мерос мегирад. Аммо, агар шахси фавтида зан бошад, ҳиссаи мероси тағо ва хола баробар аст.
Агар ворисон амак ва тағо бошанд, хешовандони падарӣ, яъне ба амакҳо бартарӣ дода мешавад ва тамоми мерос аз они онҳост.
Дар сурати ворисон бобою бибӣ бошанд, ҳиссаи бобо аз мероси марди фавтида аз ҳиссаи бибӣ як маротиба зиёдтар аст. Аммо, ҳиссаи ҳар ду дар мероси зани фавтида баробар хоҳад буд.
Ҳамаи ин ҳолатҳоро дар дини зардуштӣ мебинем. Ҳангоми шахси фавтида мард бошад, зан қисман аз мерос маҳрум шуда, фоидаааш ба нисфи мард баробар аст. Албатта, дар ин дин мардон ва занон ҳамчун падару модар мероси баробар доранд.
Инчунин, зану шавҳар, агар онҳо танҳо ворисон бошанд, ҳиссаи меросро баробар мегиранд ва ҳар яки онҳо нисфи амволро соҳиб мешавад. Аммо, агар шахси фавтида шавҳар бошаду фарзанде боқӣ гузошта бошад, ҳиссаи мероси ҳамсараш шаш як аст ва агар марҳум зан бошад ва фарзанде боқӣ гузошта бошад, ҳиссаи мероси шавҳараш ба ҳиссаи мероси писар ва духтар баробар аст.
Дар дини зардуштӣ мо ба ҳолатҳои дучор мешавем, ки дар баъзе ҳолатҳо занон нисбат ба мардон мероси зиёдтар мегиранд.
Агар ворисҳо писар, духтар ва зан бошанд ва шахси фавтида мард бошад, шаш яки амвол, ҳиссаи зан аст ва боқимондаи мерос бошад ба писар як баробари духтар тақсим карда мешавад. Аммо агар шахси фавтида зан бошад, аз ҳашт як ҳиссаи мерос ҳиссаи шавҳар ва боқимонда байни писар ва духтар баробар тақсим карда мешавад. Дар ин маврид мушоҳида мешавад, ки дар шароити баробар ба зан шаш як ва мард ҳашт як мерос тақсим мешавад.
Дар сархати даҳуми боби бисту чоруми Қонуни шаҳрвандии Зардуштӣ дар давраи Сосониён омадааст: агар духтар пас аз вафоти падар таваллуд шавад, хароҷоти арӯсии ӯ аз амволи падар пардохта мешавад.
Ҳамин тариқ, дар дини зардуштӣ меҳвари тафовут бар ҷинс асос ёфтааст. Ба тавре, ки агар меросгузор зан бошад, писару духтар аз моли мерос саҳми баробар мегиранд. Аммо агар меросгузор мард бошад, дар ин ҳолат духтар нисфи писарро мерос мебарад, яъне он қисман ба маҳрумсозӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Наботов М.А. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика