Дунявият ҳамчун падидаи иҷтимоӣ

Дунявият ҳамчун мафҳум мухтасаран афзалият додан ба арзишу манфиатҳо ва талаботҳои дунявӣ дар муқобили арзишу талабот ва манфиатҳои ухравӣ ё диниро дар назар дорад. Он ба сифати принсипи ҳаётие баромад менамояд, ки ноил шудан ба саодату хушбахтии индунёии инсонро аз саодату хушбахтии ондунёии инсон муқаддам мешуморад. Бинобар ин, дунявият ҳамчун мафҳум низ худ ба худ дар ҷойи хушку холӣ насабзида, балки реша дар ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон дорад. Аз ин нуқтаи назар, он ба сифати ифодакунандаи робитаю муносибатҳои устувор ва ногузири ҳаёти инсон баромад менамояд. Яъне, он ҳамзамон падидаи иҷтимоиест, ки дар мафҳум шакл гирифтааст. 

Барои равшан шарҳ додани дунявият ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ба ҷанбаҳои зерини ҳаёти моддию маънавии аҳли ҷомеа таваҷҷӯҳ намудан зарур аст: 

- тарзу усулҳои қонеъ гардонидани талаботҳои аввалияи моддии инсон;

- тадриҷан тағйир ёфтани талаботҳои моддӣ ва маънавии инсон;

- тадриҷан дунявӣ гардидани қишри дингаро ва рӯҳонии ҷомеа (рӯҳониёни имрӯза аксаран баръакси рӯҳонияте,  ки тавассути адабиёти классикӣ мешиносем, «парҳезгорӣ чист?» намедонанд. Тааҷҷубовар аст, ки онҳо ба арзишҳои дунявӣ нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар майл доранд);

- равшан таҷассум ёфтани принсипи дунявият дар ҳаёти моддӣ ва маънавии занон ҳамчун қишри иҷтимоии дар тӯли таърих аз тарафи дин дар ҳолати маҳдудӣ қарордошта. 

Дар робита ба ҷанбаи якум бояд ёдовар шуд, ки инсон ҳамчун мавҷуди биоиҷтимоӣ дар табиати худ ниёз ба талаботҳои моддии хӯрдан, пӯшидан, нӯшидан, сарпаноҳ доштан, дар ҳолати бехатарӣ зистан ва амсоли инҳоро нуҳуфта аст. Пӯшида нест, ки ниёзҳои зикршуда талаботҳои аввалияи табиии инсон буда, ба ҳайвонот низ хос мебошанд. Аммо бояд қайд намуд, ки талаботҳои баёнгардида тадриҷан хусусияти иҷтимоӣ касб менамоянд. Хусусияти иҷтимоии талаботҳои зикршуда дар шаклҳо ва тарзҳои қонеъ гардонидани онҳо ифода меёбад.

Инсон ҳамчун мавҷуди соҳибақл пайваста дар ҷустуҷӯи роҳу усулҳои беҳтарину гуворотарини талаботҳои моддию маънавии хеш аст. Бо тағйирёбии шароитҳои моддии ҳаёт ва афзудани имкониятҳои инсон ақли вай ба ӯ роҳу усулҳои боз ҳам беҳтару гуворотарро талқин менамояд. Агар пӯхта хӯрдани гушту бо намак хӯрдани онро иқдоми аввалин дар самти мазкур маҳсуб донем, пас дар шароитҳои хуби санитарию гигиенӣ ва аз тарафи мутахассисони нағз, омода намудани хӯрок ва дар шароити гуворою муҳити зебо ошомидани он аз талаботҳои инсони имрӯза ба ҳисоб меравад. Чунин тарзи қаноатмандкунӣ бешак дар нисбати дигар талаботҳои аввалияи инсон, аз ҷумла нӯшидану пӯшидан ва муҳити зисти ӯ низ вуҷуд дорад. Пас, инсони соҳибақл мутобиқи талаботи табиати ҳастии худ тибқи ҳукми ақли худ амал карда, ҳеҷ гоҳ аз арзишҳои дунявии хусусияти ҳиссӣ-амалӣ дошта  даст намекашад. Баръакс, тамоми саъйу талоши худро баҳри ҳар чӣ беҳтару бештар қонеъ гардонидани талаботҳои дунявии худ сарф менамояд. Раванди мазкур дар замири ҳар фарди ҷамъиятӣ нуҳуфта будани дунявиятро собит намуда, падидаи ҷамъиятӣ будани онро амалан асоснок менамояд. 

Дар робита ба ҷанбаи дуюм – тадриҷан тағйир ёфтани талаботҳои моддию маънавии инсон ҳаминро бояд гуфт, ки худи пешрафти ҷомеа ин тағйиротро муайян менамояд. Аз маврид истифода бурда ин ҷо мехоҳем, ки дар бораи мухолифони назарияи мазкур низ ёдовар шавем, зеро афкори ба он шабеҳ дар ҷомеаи мо низ интишор ёфтааст. Юсуф Қарзовӣ ба муқобили ҷонибдорони дунявият андеша ронда, пеш аз ҳама чунин мавқеи ҷонибдорони дунявиро қайд менамояд, ки ба масъалаи матраҳшаванда робитаи зич доранд. «Тибқи ҷонибдорони дунявият, менависад Ю. Қарзовӣ, -дунявият бар мо фарз шудааст, яъне падидаи зарурист. Отатурк ва пайравонаш мегӯянд, ки ҳаёт тағйирёбанда ва таҷдидшаванда аст, шариат бошад, собит ва устувор аст. Аз ин рӯ, чӣ тавр мо метавонем, ки бар ҳаёти тағйирёбандаю  навшаванда бо шариати аҳкомаш устувор, тағйирнаёбанда  ҳукм намоем» .  Қарзовӣ ҳар ду масъалаи баёншударо қобили қабул намеҳисобад. Ба андешаи ӯ тамоми ҳаёт навшаванда нест ва тамоми он тағйирёбанда низ нест. Дар ҳаёт баъзе ҷанбаҳо тағйирёбанда буда, баъзе собит аст. Дар ҳаёт ашё тағйир меёбанд, лекин ҷавҳари он устувор аст. Дар ин ҳаёт дар инсон низ бисёр чизҳо тағйир ёфтаанд: маълумоташ, маорифаш, олоту адавоташ тағйир ёфтаанд, лекин ҷавҳари инсон ҳамон аст. Аз рӯи ақл ва ғароизаш инсон ҳамон инсони замони Қобилу Ҳобил аст, танҳо сураташ дигаргун шудааст. Яъне, ҳам дар ҳаёт ва ҳам инсон ашё тағйир ёфтаанд, лекин ҷавҳарашон устувор аст .  Дар робита ба ин андешаҳои беасос ҳаминро гуфтанием, ки пеш аз ҳама мо бояд муайян намоем, ки дар зери ҷавҳар мо чиро дар назар дорем. Аз нигоҳи дин ҷавҳари инсонро рӯҳ ташкил менамояд, аммо аз нигоҳи илм инсон мавҷуди биоиҷтимоист, яъне асоси ҳастии онро қонунҳои биологӣ ва ҷомеа муайян менамоянд. Яъне, инсон агар нахӯраду напӯшад, мемирад. Ҳамчунин дар ҷомеа вай ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ шакл гирифта, дар доираи қонунҳои он мезиҳад. Берун аз қонунҳои ҷомеа низ ҳастии ӯ ҳамчун инсон моҳияти худро гум менамояд. Ҳамчунин дар хусуси ҷавҳари ҳаёт сухан ронда, таъкид менамоем, ки онро бузургон мубодилаи моддаҳои сафеда таъриф додаанд. Яъне, чӣ дар олами наботот, чӣ ҳайвонот ва чӣ инсоният гирифтани ғизо ва зистан дар шароити сазовор асоси ҳастӣ ба шумор меравад. Аммо чун инсон, ки мавҷуди соҳибхирад аст, шакли ҳастии ӯ либоси фарҳангӣ мегирад. Маҳз аз рӯи шакли ҳастӣ, ки шомили орзуву омол, нияту ғараз ва талаботу манфиатҳост, вай аз дигар намуди мавҷудот фарқ менамояд, ки ин ҳақиқат барои дингаро ба сабаби ҷаҳонбинии маҳдуд даркнашавандааст.

Ҳамин тавр, пешрафти назарраси ҷомеа барои инсон дар баробари арзишҳои пешина боз истироҳати бофароғат доштан, ба кашфи асрори табиат даст задан, унсурҳои мухталифи санъатро ҷузъи муҳими ҳаёти маънавии хеш ҳисобидан, баҳрамандӣ аз зебоиҳои манзараҳои табиат, иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, соҳиби озодиҳои васеъ будан ва амсоли инҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳаёти ҷамъиятии ӯ дар мадди аввал мегузорад. Албатта арзишҳои мазкур барои қишри болои ҷомеа, ки ақаллияти хурдтаринро ташкил мекарданд, дастрас буданд, аммо барои аксарияти оммаи мардум онҳо шомили аҳамияте ҳам набуданд. Чун зиндагии тоқатфарсои аксарият барои онҳо танҳо қонеъ гардонидани талаботҳои аввалияро дар мадди аввал гузошта буд. Дар ин сатҳи инкишофи ҷомеа қишри мазкур ба дарёфти лаззатҳои фаровони зиндагӣ танҳо дар он дунё умед мебаст. Чун пешрафти зарурии ҷомеа ба қишри мазкур баҳрамандӣ аз арзишҳои бештари дунявиро имконпазир мегардонад, он барои дарёфт ба он саъй менамояд. Яъне, на танҳо кишри боло, балки аксарияти кулли ҷомеа кӯшиш менамояд, ки саодату хушбахтиро тавассути баҳрамандӣ аз арзишҳои нав на дар он дунё, балки дар ҳамин дунё соҳиб гардад. Аз ин гуфтаҳо метавон чунин бардошт намуд, ки дунявият ҳамчун талош баҳри саодату хушбахтӣ дар рӯи замин дар сиришти ҳар як инсон нуҳуфта аст ва аз табиати ботинии ӯ сар мезанад. 

Дар хусуси тадриҷан дунявӣ гардидани қишри дингаро ва рӯҳонии ҷомеа ҳаминро гуфтанием, ки аз қонунияти дар боло зикргардида қишри дингарою рӯҳонии ҷомеа истисно нестанд. Ҳамчун мавҷуди биоиҷтимоӣ онҳо наметавонанд, ки аз лаззатҳои дунявӣ комилан даст кашанд, агарчанде дар мавъизаҳои хеш дар хусуси гузаранда, фонӣ, бозии беҳуда будани ҳаёти индунё ва ҳаёти ҷовидонӣ будани он дунё, қавли қуръонии «Ва ҳар оина охират барои ту беҳтар аз дунё хоҳад буд» (93:4), танҳо мазраи охират будани ин дунё сухан меронанд. Дар таърихи интишори ислом ва ҳамчунин дар ҳаёти имрӯза пайваста мушоҳида менамоем, ки  арзишҳои дунявӣ дар ҳаёти индунёии рӯҳониён мақоми баланд дошта, маҳз онҳо чӣ дар байни рӯҳониёни як деҳа, чӣ як ноҳия, чӣ як минтақа ва чӣ худи дин дар умум яке аз сабабҳои тафриқа будаанд. Ин ҷо аз овардани мисолҳои мушаххас дар ин самт худдорӣ намуда (агарчанде намунаи онҳо дар ҷомеаи  мо беҳисобанд), танҳо бо овардани  иқтибосе аз мақолаи Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ «Ислом ба зоти худ надорад айбе…», ҳафтаномаи «Фараж»,11.12.2013 иктифо менамоем: «Пешвоёни давлатҳои исломӣ орзӯи амалӣ кардани нақшаҳои ғаразнокро тавассути ҳадафҳои моддӣ ба роҳ мемонанд. Мардуми оммӣ ба чанд нафар рӯҳониёни аввалиндараҷа тақлид мекунанд ва дар масъалаҳои динӣ ва фиқҳӣ ба фатво ва рисолаҳои онҳо муроҷиат менамоянд ва аз рӯи гуфташон амал мекунанд. Онҳоро «марҷаъ» низ меноманд. Ҳар сол марҷаъҳо аз пайравонашон «хумс» ё ин ки панҷяки даромади солонаи ҳар як шахсро аз худ мекунанд. Агар нафаре аз даромади солонаи худ панҷякашро ба марҷааш пардохт накунад, гӯё намозу рӯза ва ҳаҷҷу дигар ибодатҳояш қабул намешавад. Ҳамин аст, ки марҷаъҳои кишварҳои исломӣ миллиардерони бузург ҳастанд…». Ҷои шубҳае нест,  ки муносибати байни марҷаъ ва пайравонаш муносибати соф дунявӣ буда, ба хотири арзишҳои заминӣ танҳо зоҳиран либоси «динӣ» касб  намудааст. Дар замони мо муносибати байни пиру мурид ба муносибати марҷаъҳо ва пайравонашон шабоҳат дошта, маҳз тавассути арзишҳои дунявӣ маънӣ пайдо менамояд. Хулоса, аз равандҳои дунявӣ дар канор набудани ҳатто қишри рӯҳонии ҷомеа падидаи иҷтимоӣ будани дунявиятро сароҳатан ба маъраз мегузорад.

Барои собит намудани дунявият ҳамчун падидаи иҷтимоӣ мо инчунин ҳаёти занонро ҳамчун намуна иловатан таъкид намудем, зеро онҳо дар тӯли таърих  қариб дар доираи ҳамаи динҳо дар ҳолати ногувор қарор доштанд. Баъд аз пешравиҳои азим дар ҷомеа ва  қабул гардидани қонунҳои зиёд дар хусуси баробарҳуқуқии шаҳрвандон вазъият ба таври куллӣ тағйир ёфт. Ба зудӣ эҳсос гардид, ки занҳо нисбат ба мардҳо бештар дунявитаранд. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, махсусан дунявишавии ҷомеаи башарӣ, ки маҳсули пешрафти илму технологияи ҷадид ва инъикоси он дар ҳаёти башарӣ буд, ба ҳаёти мусулмонони олам бетаъсир намонд. Оятулло Ҳумайнии бунёдгаро, ки дар оғози инқилоби худ барои ба шавҳар баромадани духтарон синну соли диниро муқаррар намуда буд, маҷбуран қарори худро иваз намуд. Арабистони Саудӣ, ки дер боз занҳоро аз иштирок дар майдонҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои хусусияти ҷамъиятӣ дошта маҳрум карда буд, ночор қарорҳои худро иваз намуд. Имрӯз баръало мушоҳида менамоем, ки дар тамоми кишварҳои исломӣ ҳар чӣ бештари занон ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуда истодаанд, ҳар чӣ бештари онҳо азми таҳсил дар макотиби олиро доранд, ва аз ҳисоби онҳо тимҳои мухталифи варзишӣ ташкил ёфта истодаанд. Зиёд шудани  иштироки онҳо дар чунин навъҳои варзиш, ба мисли шиноварию рақси бадеӣ, футболу волейбол, боксу ҷудо  таҷдиди назар намудани шарҳи баъзе аз аҳкоми шаръиро тақозо менамояд. 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика