Пӯшида нест, ки дар ҷомеаи муосир ба сиёсат пайвасткунии дин беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Агарчанде раванду ҳодисаҳои мазкур аслан дар олами ислом рух медиҳанд, лекин онҳо бавосита ё бевосита ба тақдири дигар қисматҳои ҷомеа низ таъсиргузор мебошанд. Дар робита ба раванди мазкур новобаста аз ҳолатҳои воқеии омехта намудани дин ва сиёсат дар тӯли таърих саволҳое пайдо мешаванд, ки тааммулу тааққул дар болои онҳо барои фаҳмиши моҳияти ҳодисаҳои рухдодаистода хеле муҳим мебошанд:
- магар табиати дин бо табиати сиёсат созгор аст?
-ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо то ба кадом андоза аз нигоҳи динӣ машруъ маҳсуб меёбад?
-магар ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо новобаста аз ҳолатҳои дар тӯли таърих ҷойдошта барои ҳастии минбаъдаи дин хатарнок нест?
-баъд аз ҳамоҳангсозии ду падидаи комилан мухталифи ҷамъиятӣ магар дин табиати аслии худро нигоҳ медорад?
-ҳамоҳангсозии дин ва сиёсат падидаи нав аст, ё вай дар тӯли таърих ҷой дошт?
-ҳамоҳангсозии ду падидаи мухталиф ва шомили ҳадафҳои мутазод барои ҷомеаи башарӣ чӣ оқибатҳо метавонад ба бор оварад?
Ба саволи аввал ҷавоб ҷуста таъкид намудан мехоҳем, ки табиати аслии динро се унсури муҳими зерин ташкил менамоянд: тарс аз Худо, муқаддас будани объекти эътиқод, боварӣ ба зиндагии пурфараҳ дар он дунё. Табиати аслии сиёсатро бошад, унсурони зерин ташкил менамоянд: ба даст овардани ҳокимият, ки онро муҳаққиқон як шакли таъсиррасонӣ низ таъриф додаанд[6,323], барои дастёбӣ ба ҳадафи мазкур истифодаи тамоми воситаҳо (ба қавли Н. Макиавелли «Ҳадаф воситаро дуруст мешуморад»[7]), муборизаи пайваста барои ҳифз ва интишори бештари он.
Агар мо дар асоси унсурҳои баёнгардида табиати онҳоро муқоиса карданӣ шавем, дар байни онҳо на танҳо ҳеҷ як хати буришро пайхас намекунем, балки онҳо ҳамдигарро истисно низ менамоянд. Зеро агар, маншаи ҳалли масоил дар дин нақл ё китоби муқаддас бошад, пас сарчашмаи мазкур дар сиёсат ақл ё силсилаи манфиатҳо ба ҳисоб меравад. Яъне, ба сиёсат даст задани дин диниятро истисно менамояд, ҳамчуноне ки динияти воқеӣ зимни шарҳи ҳолати зикршуда маънои ба табиати дин ворид намудани нуқсро ифода менамояд.
Дар робита ба саволи дуюм (ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо то ба кадом андоза аз нигоҳи динӣ машруъ маҳсуб меёбад?) мехоҳем таъкид намоем, ки амали мазкур номашруъ маҳсуб меёбад. Дар китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон дар бораи сиёсат ва ё ба даст овардани ҳокимият ҳамчун ҳадафи марказии сиёсат ҳеҷ ишорае нест. Дар ояти (4:59) итоат ба соҳибамрҳо амр шудааст, лекин дар ҳамин ҷо низ итоат дар партави дин сурат гирифтааст. Аз он маънои даст задан ба сиёсат ҳамчун соҳаи махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ набояд бардошт гардад. Гузашта аз ин, дар чунин ҳол низ барои ҳалли низоъ ахиран руҷуъ ба китоби муқаддас дастур дода мешавад.
Ин ҷо савол пайдо мешавад, ки номашруъ будани пайвастани динро бо сиёсат чӣ тавр бояд асоснок намуд? Агарчанде китоби муқаддас онро ҷоиз нашумурдааст(аслан фаҳмиши сиёсат ба маънои имрӯзааш барои фазои динии марҳилаи пайдоиши ислом бегона буд), лекин ин маънои онро надорад, ки вай ҷоиз нест. Зеро дар хусуси ҷоиз набудани маҳз падидаи мазкур мушаххасан дар Қуръон ишорае ҳам нест. Бинобар ин, масъалаи мубрам аз он иборат аст, ки кадом далелҳо пайвастани сиёсатро ба дин номашруъ меҳисобанд?
-аввалан, Қуръон худ ҳадафро аз офариниши инсон мушаххас нишон додааст, ки он ибодат аст, на чизи дигар: «Ва Ман ҷинну инсро наофаридам, магар барои ин ки Маро парастанд»(Зориёт:56). Ояти мазкур далели қавии қуръонист бар зидди сиёсатпардозони дингаро. Илова ба ин, мақоми сиёсат ҳамвазни хамру қимор аст, ки тибқи фармудаи Қуръон (Моида, ояти 90-91) дар байни одамон душманӣ ва нохушӣ андохта, аз зикри Аллоҳ боз медорад.
Сониян, агар мо унсурҳои муҳими табиати дин ва сиёсатро, ки дар боло қайд намудем, бо ҳам оварем, онҳо робитаи равған ва обро мемонанд. Дар яке ҳадафи олӣ дарёфти зиндагии пурфараҳ дар он дунёст, дар дигарӣ дарёфти он дар ҳаёти заминӣ. Дар яке ахлоқ мақоми хеле муҳим ва муайянкунанда дорад, дар дигаре ахлоқ на танҳо муҳим нест, балки дар ҳолати зарурӣ поймол низ мегардад.
Солисан, шакли ҳастии дин тарс аз Худост, шакли ҳастии сиёсат бошад, аслан иқтидори молиявӣ. Барои исботи далелҳои овардашуда ҳам аз таърихи дини масеҳӣ ва ҳам дини ислом намунаҳои бешумор овардан мумкин аст. Аз ин нуқтаи назар, пайвастани дин бо сиёсат амали номашруъ ба ҳисоб меравад. Ҳама гуна пайвастани дин ва сиёсат дар тӯли таърих ба сабаби манфиатҳои дунявии дингароён сурат гирифтааст, на ба сабаби машруияти онҳо аз нигоҳи динӣ.
Ба саволи сеюм дар хусуси хатарнокии ҳамоҳангсозии фаъолияти дин ва сиёсат бо дили пур метавон гуфт, ки вай дар худ барои дин хатари азимеро нуҳуфтааст. Ин хатар, пеш аз ҳама дар ивазшавии ҳадафҳо, беарзишгардии объекти эътиқод, шакли зоҳириро гирифтани ибодати он, ноайён гардидани қудсияти объекти эътиқод ифода меёбад. Таваҷҷуҳ бояд намуд, ки хатарҳои барои дин азимро таъкид намуда, ҳамзамон мо ба саволи чорум, яъне тағйирёбии табиати дин низ ишора намудем. Воқеан ҳам, дине, ки дар он тарс аз Худо гум шудаасту объекти эътиқод қудсияташро аз даст додааст ва ҳамчунин дар он ибодат либоси зоҳирӣ касб намудааст, аллакай дин нест.
Бинобар ин, саволи матраҳ аз он иборат аст, ки дини бо сиёсат олуда ҳамон дин аст ё аллакай чистияти худро гум карда, ба анъанаи таърихӣ ё идеология мубаддал гардидааст? Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки дин дар зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ аксаран ба анъанаи халқӣ мубаддал мегардад, яъне унсурҳои асосии дин - тарс аз Худою эътиқод ба ҳаёти пурфараҳ аҳамияти ибтидоии худро аз даст медиҳанд. Одамон ибодати диниро чун амалҳои расмшуда иҷро мекунанд. Ибодати динӣ аз тарафи иддае аз ашхос баъзан ба хотири он сурат мегирад, ки онҳо аз корвонии умумии тақлидкориҳои аҳли ҷомеа, ки ҳукми анъанаро гирифтааст, қафо намонанду мавриди истеҳзои ҳамсояҳо, дӯстон ва шиносҳо нагарданд. Зеро дар муҳити чунин навъи анъанаҳои зоҳирпарастона ҳукмрон шахс кӯшиш мекунад, ки аз анбӯҳ дар канор намонад ва аз нигоҳи равонӣ оромии худро таъмин карда тавонад. Исботи равшани ба анъанаи халқӣ табдил ёфтани расму маросими динӣ, ба қавли дигар, диндории аксари аҳли ҷомеа ба таври маъмулӣ аз тарафи қишри мазкур содир карда шудани гуноҳони кабира – дурӯғу фиреб ва меҳнати бесифати фиребгарона аст.
Дар зери таъсири равандҳои ба дин пайваст гардонидани сиёсат дин ҳамчунин ба идеология – маҷмӯи ғояҳо ва таълимотҳои таълифшуда, ки ифодакунандаи манфиатҳои дунявии умумиятҳои динӣ-мазҳабӣ мебошанд, мубаддал гардидааст. Дин дар ин ҳолат танҳо васила хоҳад буд. Идеологияи эҷодшуда таълимотҳои диниро таҳриф намуда, онҳоро ба ҳадафҳои дунявии худ мутобиқ мегардонад. Ба таври мисол, агар ба таълимоти идеологии гурӯҳҳои дар заминаи сиёсат бунёдёфтаи салафия, ҳизбуттаҳрир, ихвон-ул- муслимин, ТЭТ ҲНИ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки оятҳои хусусияти умумибашарӣ дошта ба фаромӯшӣ супурда шудаанду, баръакс оятҳои хусусияти лаҳзавӣ дошта, сифати ҳамагонӣ гирифтаанд. Баъзан оятҳо бевосита аз маънои аслияшон дур андохта шуда, бевосита мутобиқи фаҳмиши гурӯҳҳои ифротии зикршуда шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Яъне, барои ин гурӯҳҳо ояти «Нест табдилкунандае барои суханони Ӯ» маънояшро гум карда, сухани Қуръон қудсият ва ҳукми азалияшро аз даст додааст. Онҳо ҳамон маъноеро касб намудаанд, ки ифодагари манфиатҳои дунявии онҳо бошад. Агар соддатар баён намоем, дин барои қишрҳои зикршуда ба идеология - маҷмӯи ғояҳои ифодакунандаи манфиатҳои дунявии онҳо мубаддал гардидааст.
Идома дорад.
Абдухалилзода К.А.