❗Гум шудам дар худ чунон, к-аз хеш нопайдо шудам,
Шабнаме будам зи дарё, ғарқа дар дарё шудам.
Сояе будам зи аввал, бар замин афтода хор,
Рост, к-он хуршед пайдо гашт, нопайдо шудам.
З-омадан бас бенишону аз шудан бас бехабар,
Гӯиё як дам баромад, к-омадам ман, ё шудам.
На! Мапурс аз ман сухан, зеро ки чун парвонае
Дар фурӯғи шамъи рӯи дӯст нопарво шудам.
Дар раҳи ишқаш қадам дарнеҳ, агар бо донишӣ,
Лоҷарам, дар ишқ ҳам нодону ҳам доно шудам.
Чун ҳама тан дида мебоист буду кӯр гашт,
Ин аҷоиб бин, ки чун бинои нобино шудам.
Хок бар фарқам, агар як зарра дорам огаҳӣ,
То куҷост онҷо, ки ман саргаштадил он ҷо шудам.
Чун дили Аттор берун дидам аз ҳарду ҷаҳон,
Ман зи таъсири дили Ӯ бедилу шайдо шудам!
✍️Фаридуддини Аттор.