Санаи 6 - уми декабри соли равон, вохӯрии кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо корманди илмии Институти Шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих, Комилҷон Раҳимов баргузор гардид.
Дар мулоқот директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, Рустам Азизӣ муовини аввали Маркази исломшиносӣ, мудирони шуъбаҳо ва корманди илмии Институти Шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, Комилҷон Раҳимов иштирок доштанд.
Нахуст, Холиқзода Абдураҳим ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, дар бораи ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду кишвари ҳамсоя ва бародар - Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ибрози андеша намуда, аз саъю талошҳо ва сиёсатҳои хирадмандонаву дурандешонаи сарварони ҳарду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ёддовар шуд.
Мавсуф қайд намуд, ки ҳамкориҳои олимони тоҷику ӯзбек дар самти омӯзиши ислом хеле муҳим буда, имкониятҳои бештареро барои пайдо кардани паҳлӯҳои ҳанӯз ноаёни мероси бузургонамон ба вуҷуд хоҳад овард.
Директори Маркази исломшиносӣ ҳамчунин, зикр намуд, ки ошноӣ бо дастовардҳои олимони ҳарду кишвар барои таҳкими дӯстию бародарии олимони ду халқ хизмат хоҳад кард.
Дар идомаи вохӯрӣ ходими илмии Институти Шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов дар бораи натиҷаҳои пажӯҳиши илмии худ оид ба пайдоиш ва сайру таҳаввули таърихии тасаввуф дар Осиёи Марказӣ гузориш дод.
Дар фарҷоми вохӯрӣ доктор Раҳимов китобҳои нашркардаи худро ба Маркази исломшиносӣ тақдим намуда, аз ҷониби роҳбарияти Маркази исломшиносӣ низ китобҳои нашршуда ба меҳмонон тақдим карда шуд.
Абдуллоҳи Қодирӣ – шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир