❗Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона ўро метавон занҷир кард.
Бе мураббӣ зери гардун мўътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кўҳкан таъсир кард.
Беибо натвон ба базми тундхўён по ниҳод,
Бе муҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.
То ба пойи хум нарафтам соғарам ёрӣ надод,
Дастгирӣ бо мани афтода рўҳи пир кардч
Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,
Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.
Қомати хилватнишинон мекунад кори камон,
Метавон мисвоки зоҳидро нишони тир кард.
Водии девонагӣ ҷойи фароғат будааст,
Хоби роҳат пой то дар хонаи занҷир кард.
Сайидо, ризқи ҳунарвар мерасад дархўрди кор,
Рўзии Фарҳодро гардун зи ҷўйи шир кард!
САЙИДОИ НАСАФӢ