Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари Рӯза!
Дидӣ ҳунари хӯрдан? Бингар ҳунари Рӯза!

Он шоҳи дусад кишвар тоҷет ниҳад бар сар
Барбанд миён зудтар, к-омад камари Рӯза!

З-ин олами чун сиҷҷин барпар сӯйи ъаллийин,
Бистон назари ҳақбин зуд аз назари Рӯза!

Эй нуқраи боҳиммат дар курраи ин муддат
Оташ кунадат хидмат андар шарари Рӯза!

Рӯза нами Замзам шуд, дар Исии Марям шуд
Бар торуми чорум шуд, ӯ дар сафари Рӯза!

Ку пар задани мурғон? Ку парри малак, эй ҷон?
Ин ҳаст пари чина! Он ҳаст пари Рӯза

Гар Рӯза зарар дорад, сад гуна ҳунар дорад,
Савдои дигар дорад, савдои сари Рӯза!

МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика