Андеша кун, эй ҷони ман, фардо пушаймон мешавӣ!

❗Андеша кун, эй ҷони ман, дар хок яксон мешавӣ,
Кун тавба пеш аз вақти марг, фардо пушаймон мешавӣ.
Ин макри шайтони залил, олуда кард моро ба гил,
Гӯш деҳ бар амри Ҷалил, шодону хандон мешавӣ.
Бош ошики шайдои Ӯ, фармонбари фармони Ӯ,
Поят макан аз роҳи Ӯ, маҳбуби Раҳмон мешавӣ.
Имрӯз вақти бандагист, на фурсати шармандагист,
Занҷири шайтонро шикан, вориди даргоҳ мешавӣ.
Роҳе кушо дар зиндагӣ, бахри адои бандагӣ,
Таслими даргоҳаш бишав, бо нури имон мешавӣ.
Дар роҳи поки Мустафо, бош устувору бо вафо,
Дар маҳшари рӯзи ҷазо, ду дасти боло мешавӣ.
Гуфто Ҳамадонӣ хамин, сарро бизан ту дар замин,
Зеро пас аз дорул фано, оғӯшта бар хок мешавӣ!
✍️Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ.

Яндекс.Метрика