Андешаҳо дар мавриди «Дидгоҳи давлатмеҳвар»

Имрӯз 24-уми феврал дар Маркази исломшиносӣ семинари илмӣ бахшида ба муаррифии китоби нави сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо доир гардид. Семинарро муаллифи китоб оғоз намуда, сабаби «Дидгоҳи давлатмеҳвар» ном ниҳодани китобро шарҳ дод ва ҳамчунин муҳтавои асосии онро бо забони фасеҳу равшан  мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён гардонд.

Дар семинар инчунин  устодон  Холиқзода Ғ., Муллоҷонов С., Азизӣ  Р. Маҳрамбеком М. ва Абдухалилзода К.А.  суханронӣ намуда, дар баромади хеш хеле мубрам, саривақтӣ ва муфид будани ғояҳои асосии китобро таъкид намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ғояи давлатмеҳвар барои таҳкими пояҳои давлатдории миллати тоҷик, баланд бардоштани эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ, таълиму тарбияи сиёсии аҳли ҷомеа, махсусан наслди ҷавон хеле манфиатовар буда, дар шароити сиёсии пурихтилофи имрӯза  аз мубрамияти зиёд бархӯрдор  аст. Иштирокчиёни семинар ба муаллиф доир ба муҳтавои китоб саволҳои зиёд доданд ва ба саволҳои хеш посухҳои қаноаткунанда гирифтанд. Умед карда шуд, ки ғояи марказии китоб-давлатмеҳвар аз тарафи аҳли ҷомеа, махсусан зиёиён дастгирӣ меёбад ва худи китоб китоби дӯстдоштаи меҳанпарастони миллат хоҳад гардид.

Дар охири китоб устод Холиқзода Ғ. барои боз ҳам беҳтар намудани муҳтаво ва нишонрас гардидани ҳадафи он чанд пешниҳоди хешро иброз доштанд,  ки онҳо аз тарафи муаллиф ба хушӣ пазируфта шуданд.

Яндекс.Метрика