ТАРҒИБИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, корманди маркази исломшиносӣ Абдулло Қодирӣ, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс ва муовини раиси шаҳри Конибодом Ғафурзода Заррина бо аъзои фаъоли ҳизб, ходимони дин, раисони кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони соҳаи маориф ва занону ҷавонон оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т. ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас, меҳмонон оид ба мавзӯи мазкур баромад намуда, мардумро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан, рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошем.
Воқеан, имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд. Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халал ворид намуда, бо ҳар гуна воситаҳо ҷавонони моро гумроҳ созанд.
Ҳамчунин, аз байни иштирокчиён Ҷабборӣ Бурҳониддин - сардори шуъбаи маорифи шаҳр, Ҳидоятов Нурруллохон - имомхатиби масҷиди Тезгузар ва чанде аз ҷавонон андешаҳои худро бобати мавзӯи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ – ташвиқотиро дар байни ҷомеа пурзур намоем ва пеши роҳи онро сари вақт гирифта, баҳри таҳкими сулҳу субот саҳмгузор бошем.
Дар охир Ғафурзода Заррина - муовини раиси шаҳри Конибодом аз номи раиси шаҳр барои баромадҳои пурмуҳтавои меҳмонон арзи сипос намуд. Мулоқот судманду хотирмон анҷом ёфт.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика