
Ибни Сино яке аз энсиклопедистони машриқзамин дар илмҳои фалсафа, тиб ва дигар илмҳо буда, “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ то ҳол мавриди омӯзиши донишмандони фалсафа, ахлоқ, тиб ва дигар соҳаҳо қарор гирифтааст. Дар мақолаи зер доир ба этикаи табобати инсон аз нигоҳи Ибни Сино дар асоси “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ маълумот додаем. Аслан ӯ ахлоқи тиббиро аз ду нигоҳ-пажӯҳишҳои тиббӣ ва фалсафӣ-динӣ баррасӣ намудааст. Ӯ касби духтуриро муқаддас ва инсонро махлуқи баргузида меҳисобад. Аз ин рӯ, зарур мешуморад, ки табиб бояд бо бемор олитарин муносибати инсониро кунад, то хотири орзудаи беморро болида ва шод гардонад.
Аз муҳимтарин масоили ин бахш огоҳӣ ва пайвастагии табиб ба илми тиб, эҳтиром ба ҳуқуқи беморон, ба кор бурдани беҳтарин равиш, тасмимгирии табиб барои бемор, нигоҳи ҳаматарафа ба донишҳои тиббӣ, ташхиси бемор, дармон, пешгирӣ ва тавонбахшӣ будааст. Ибни Сино низ дар китоби “ал-Қонун фи-т-тиб” ба ин амр бо нигоҳи жарф нигариста, дар ҷилдҳои мухталифи китоб ба ин мавзуъ, ҳамчун пойдевори асосии илми тиб пардохтааст, зеро риояи тамоми нуктаҳои усули ахлоқӣ, аз ҷумла гирифтани розигии бемор барои анҷоми коре (ҷарроҳии махсус), дар иҷро ба иллати расонидани осеб ва афзудани дарди дигаре бар дардҳои бемор, коре бас ғайриахлоқӣ дониста шудааст.
Аз нигоҳи Ибни Сино шарти аввали табобат хуб огоҳ шудан аз вазъияти бемор ва шинохти беморӣ аст, зеро дар ғайри ин сурат бемории аслӣ пӯшида боқӣ мемонад ва бо дармони номуносиб вазъияти бемор бадтар мешавад ва ба навъе ба бемор зарар мерасад. Барои мисол Ибни Сино дар ҷилди аввали фасли 26-уми китоби “ал-Қонун” дар бораи шикофтан бар ин андеша аст: “Касе ки андомро шикоф медиҳад, бояд дар мавриди дар куҷо ҷойгир будани шараёнҳои хунгард маълумоти кофӣ дошта бошад, то хато накунад ва бахшеро набурад, ки беморро ба марг рӯбарӯ созад” [2, ҷ 1, 216]. Ибни Сино доманаи илми тибро бисёр густурда медонад ва гушзад менамояд, ки “табиб бояд дар бораи аносир, мизоҷҳо, андомҳои соддаву мураккаб, руҳу равон, қувваи табиӣ, ҳайвонӣ ва нафсонӣ, кунишҳо, ҳолатҳои тандурустӣ ва беморӣ, омилҳои муҳитӣ, маводи хӯрокаву ошомиданӣ ва дармон иттилооти комил ва тасаллути илмиву амалӣ дошта бошад ва бо таваҷҷуҳ ба иқтизои касбаш ба манзури ҳифзи беҳбудӣ ва муолиҷаи хуб, бояд бархе аз ин умурро ба танҳоӣ ба тасаввури илмии хуб дарк кунад ва ба мушоҳидаи худ чунин боварӣ пайдо кунад, ки натиҷагирии вай аз тарафи яке аз донишмандони илми тиб, пазируфта шудааст ва дар бораи бархе дигар аз ин умур бояд ба василаи касби худ далеле бар вуҷуди он ҳолат дошта бошад” [2, ҷ 1, 237].
Ибни Сино тасмимгирии духтурро бар пояи донишҳои кофӣ ва баҳрагирӣ аз таҷрибаҳо ва донишҳои дигарон медонад, ӯ комилан бар ин андеша аст, ки ба кор бурдани равиши дурусти табобат амри зарурӣ аст, бояд бемор азоб дода нашавад ва дармонҳои камхатартар тарҷеҳ дода шавад. Эшон ба табибон тавсия кардааст, ки фақат дар мавриди ногузир аз равишҳои малоловар истифода кунанд. Дар ҳамин иртибот дар китоби “ал-Қонун фи-т-тиб” ҷилди саввум, фанни саввум дар мавриди дармони санги масона (пешобдон), ки боиси қатъи пешоб шудааст, чунин овардааст: “Агар доруҳо сангро нарезонданд ва зарурати даридан ва буридан ба миён омада бошад, бояд касе ин корро анҷом диҳад, ки ба хубӣ ҳолату чигунагии масонаро бишносад. Ин амал дар бадан боиси ранҷи зиёди бемор мешавад, аммо чора чист. Бо ин ҳама ман ин амалро (яъне, гирифтани санги пешобдон аз тариқи ҷарроҳӣ)-ро хатари бузург медонам” [2, ҷ 3, 84].
Ибни Сино дар ҷилди аввали китоби мазкур дар мавриди табобати саривақтӣ ва саҳлангорӣ дар мавриди саломатӣ чунин овардааст: “Дар бемориҳое, ки хатарнок аст, таъхир дар табобат, ё сабук шуморидани он омили нобудии неру хоҳад буд, дар чунин вазъе набояд ором нишаст, балки бояд аз ҳамон аввал ба муолиҷаҳои қавӣ пардохт. Дар бемориҳое, ки дар онҳо бими хатар намеравад, метавон ба тадриҷ аз доруҳои сабук ба доруи қавӣ расид. Агар доруи сабук баҳрае надошт, набояд аз роҳи рост хориҷ шуд, зеро таъсир доруро ба хатар меандозад ва набояд ба роҳи нодурусте табобат карда шавад, ки зиёнанш ҷуброннопазир хоҳад буд.
Дар мавриди эҷоди ахлоқи неку дар кӯдакон Ибни Сино дар ҷилди аввали фасли чаҳорум чунин меоварад: “Бояд бисёр ҳушёр буд, ки дар мавриди интиқоли кӯдак ба хурдсолӣ, ахлоқу рафтори вай писандидаву муътадил гардад, барои ин набояд коре кард, ки кӯдак ба хашми зиёд, тарси зиёд, андуҳ ва шаббедории зиёд дучор шавад, то аз ҳамон замони туфулат ба ахлоқу рафтори неку хӯй бигирад” [2, ҷ 1, 43]. Ин маворид дар тибби имрӯзаи кӯдакона аз усули инкорнопазири ахлоқӣ ба шумор меравад, ки афроди хонавода ва табибро зарур аст, ки дар муомила бо кӯдак ин ҳолатҳоро дар ӯ ба вуҷуд наоранд.
Ибни Сино дар мавриди бордорӣ дар фасли ҳафтуми ҷилди саввум, чунин овардааст: “Дар баъзе ҳолатҳо духтур худро ногузир мебинад, ки нагузорад зан бордор шавад ва дастури манъи бордорӣ медиҳад, масалан дар мавриди духтари камсинну сол, ки издивоҷ кардааст, агар бордор шавад, мумкин аст сари фарзанд равад” [2, ҷ 3 95]. Дар ин ҷо Ибни Сино пешгирӣ аз бордориро вазифаи ахлоқии табиб медонад. Дар мавриди вазифаи табиб бар болини бемор аз Ибни Сино нақл кардаанд, ки эшон бар он андеша буд, ки ҳолати руҳии табиб дар дармони бемор бисёр муассир аст, ба ин маънӣ, ки агар табиб хушҳолу хандон бошад, дар дармони бемор таъсири зиёде хоҳад гузошт [3, 9].
Нуқтаи ахлоқии дигаре, ки дар саросари китоби “ал-Қонун” мушоҳида мешавад, ин истифода аз манбаҳои илмиву иттилооти мувассақи мухталиф бо зикри манбаъ ё номи соҳиби асар аст. Ибни Сино аз тибби Юнон, доруи Чин, Ҳинд, Миср ба Эрони бостон ба тарзи муносибе баҳра бурдааст ва дар ҳар ҷое, ки лозим аст, аз онҳо ишора кардааст. Ба ҳамин тартиб ӯ ганҷинаи илмии муносиберо барои баҳрабардории табибон фароҳам овардааст ва “ал-Қонун”-и ӯ марҷаи илмии тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ қарор гирифтааст.
Нуқтаи ахлоқии боризи дигар дар китоби “ал-қонун” ин зарурати анҷоми таҳқиқотҳои гуногун бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои онҳо дар ба вуҷуд овардани дармонҳои нави беморӣ аст. Дар муаррифии гиёҳони доруӣ дар ҷилди дуввуми “ал-Қонун” Ибни Сино бар таҳқиқотҳои гуногун исрор варзида ва усулҳои зиёдеро барои ба коргирии гиёҳони доруӣ муаррифӣ кардааст.
Шайхурраис ду роҳ барои шинохти таъсирбахшии дору муаррифӣ мекунад: Роҳи аввал муқоиса ва равиши дувум озмоиш. Ҳамин нигариши илмии Ибни Сино ба корозмоии доруҳо ва анҷоми бархе таҷрибаҳо сабаб шуда, ки Низомии Самарқандӣ гуфтааст: “Агар Ҷолинус зинда мебуд, дар баробари азамати илмии Ибни Сино таъзим мекард” [4, 156].
Нигориши фалсафӣ. Дар ҳамаи фарҳангҳо ва дар ҳамаи замонҳо ахлоқ дар ботини тиб вуҷуд доштаву аз ин тариқ усуле барои роҳнамоии табибон бо манзури иртибот бо бемор, ҳамкорон ва ҷомеа фароҳам шудааст. Ҳангоми мутолеаи осори Ибни Сино ин мавзуъ комилан равшан аст, ки эшон ба бақо ва зистани нафс пас аз марг ва охират эътиқоди росих дошт ва ҳастиро хайр ва камоли маҳз медонист, ки Воҷибалвуҷуд ба он огоҳӣ дорад ва ҳеҷ чиз аз нигоҳу огоҳии ӯ пинҳон нест. Аз ин рӯ дар қиболи Ҳакими мутлақ ва бандагони он аз ҷумлаи беморон эҳсоси тааҳҳуд ва масъулият мекардааст. Дар дини мубини Ислом ва Қуръони карим, ки худ тарсимкунандаи навъе равиши зиндагӣ аст, усули ахлоқии фаровоне зикр шудааст, ки Ибни Сино бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз донишмандони аввали тиб ва фалсафаи исломӣ ба шумор меравад, ба он илтизом дошта ва дар анҷоми корҳои табобатӣ, онҳоро ба кор мебурдааст [5, 97].. Вай ба иртибот байни қувваи руҳонӣ ва ҷисмонӣ боварии комил дошт ва руҳро падидаи ғайри моддӣ медонист, ки ҳамзамон бо ҷисм омезиш меёбад , аммо пас аз марг аз ҷисм ҷудо мешавад ва ба ҳаёти худ дар ҷаҳони абадӣ идома медиҳад [1, 21].. Бо ин авсоф дар баррасии дидгоҳи Ибни Сино нисбат ба ахлоқи тиббӣ, илова бар усули зикршуда дар “ал-Қонун” бояд бар усули ахлоқии ислом низ таваҷҷуҳи вижа дошт. Аз ин рӯ, Ибни Сино, ки худ аз пешгомони фалсафаи исломӣ буд ва ахлоқ низ ҷузъе аз он ба ҳисоб меравад, мебоист дар тиб ва табобат ба усули ахлоқии ислом ва шариат пойбанд бошад, аз сӯи дигар, тиб аз касбҳои муқаддас ва мавриди эҳтиром буда, афроде уҳдадори он мешуданд, ки ба фалсафа, ҳикмат ва илмҳои диниву адабӣ тасаллут дошта бошанд. Ибни Сино низ дар заминаҳои мухталифи фалсафаи исломӣ, ахлоқ, ҳикмат ва риёзӣ мутабаҳҳир будааст. Ӯ мабоҳиси мухталиферо дар боби инсоният, ҷомеа, дониш ва ахлоқ матраҳ кардааст. Аз назари вай мутобиқ бо фиқҳи исломӣ табиб дар баробари аъмоле, ки анҷом медиҳад, масъулияти шаръӣ ва ахлоқӣ дорад ва соҳибихтиёр нест, ки ҳар тавре, ки хоҳад, бо бемор рафтор кунад.
Метавон чунин бардошт кард, ки бо иноят ва эътиқодоти эшон ба мавозин ва мабонии ахлоқӣ ва муқаддас донистани касби духтурӣ риояти мавозини ахлоқиро дар рӯёрӯй бо бемор аз шурути лозим барои табобат ҳисобидааст. Ба таври умум “ал-Қонун фи-т-тиб” аз ҷумлаи осоре аст, ки намунаҳои фаровоне аз мавзуҳои инсондӯстона дар он ба чашм мехӯрад.
Аз мабоҳиси гуногун дар “ал-Қонун фи-т-тиб” метавон чунин бардошт кард, ки Ибни Сино дар бархӯрд бо беморон аслро бар доноӣ, огоҳӣ ва табаҳҳури табиб бар шинохту дармони беморӣ, ҳифзи каромати инсон ва бакоргирии равиши шинохташуда ва озмуда, ки камтарин осебро ба бемор бирасонад, қарор додааст. Бо вуҷуди ин ки Ибни Сино дар китоби мазкур бахшеро мустақиман ба паёмҳои ахлоқӣ ихтисос надодааст, аммо эътиқоди ӯ ба боварҳои динӣ, ки пизишкӣ фазилат аст ва табиб бояд маҳорату иттилооти кофӣ дар табобат дошта бошад, баръало ба чашм мерасад. Бад-ин сон муҳтавои шоҳкори нобиғаи Шарқ дар тиб саршор аз тавсияҳои ахлоқӣ ва матолибест, ки инсонро меҳвари аслии фаъолиятҳои тиббӣ қарор медиҳад ва нукоти ахлоқии фаровоне ба табибон дар боби рафтор бо бемор тавсия мекунад.
Рамазониён Аҳтам Бобосафар