РОҒУН - РАМЗИ ИТТИҲОД

Сиёсатмадори маъруфи рус, нависанда, публисист ва журналист Александр Проханов, ки аз майдони сохтмони НБО Роғун дидан карда, пас аз бозгашт ба Москва дар рӯзномаи «Завтра» таҳти унвони «Парвози Роғун» («Рогунский взлет») мақола нашр намудааст. Публитсисти машҳур Александр Проханов дар мақолаи худ НБО-и Роғунро самари ниятҳои бузург ва қувваи бузурги ҳаётбахш номида, аҳамияти онро махсусан такд намудааст. Аз ҷумла, ӯ навиштааст, ки «НБО - и «Роғун» касро бо зебоӣ ва мураккабиаш тасхир мекунад. Ҳазорҳо коргар бо меҳнати шабонарӯзӣ ин зебоӣ ва тавоноиро бунёд мекунанд. Ин неругоҳ на танҳо зебоии табиати дигаргуншуда ва рамзи техносфераи офарандашаванда аст, балки рамзи ғалаба бар қувваи харобиовари ҷанг, хусумат, шуури бехирадонаи кӯршуда аст».
Нависанда ва журналист Александр Проханов ҳамчунин НБО-и Роғунро рамзи сулҳ ва иттиҳоди миллатҳо номида, чунин менависад: «Ин неругоҳ-рамзи ғалаба, муҷассамаи қаҳрамонони ҳалокшуда, рамзи оштист, ки мардум даҳшати бародаркуширо аз сар гузаронида, ба ҳам омада, иттиҳод карданд. Ин неругоҳ-сохтмони коинотист, лоиҳаи онро муҳандисони бузурги Шуравӣ омода намуданд, ҳиссаи худро франсузҳо, итолиёвиҳо ва германиҳо низ гузоштанд. Ин ҷо олот ва мошинҳои Япония, Германия ва Беларус кор мекунанд. Ин ҷо славяниҳо ва осиёиҳо меҳнат доранд ва онро ҳамчун фарзанди дӯстдоштаи умумӣ парастиш мекунанд».
Коршиносони соҳа муайян намудаанд, ки афзоиши босуръати талабот ба неруи барқ боиси он мегардад, ки дар миёнаи асри ХХI тавозуни энергетикии ҷаҳонӣ 2,5 баробар афзоиш ёфта, дар охири аср - 4 маротиба зиёд мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аз ҷиҳати дорои захираҳои об бойи минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иқтидори гидроэнергетикии он зиёда аз 580 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Чунин афзалият имкон медиҳад, ки Тоҷикистон мушкилоти аксари кишварҳои минтақа бо неруи барқро аз байн барад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, нерӯи таҷдидшаванда дар дунё дар ҷои 8-ум қарор дорад. Инчунин, имрӯз аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои 6-ум қарор дорад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои таъмини худ ва кишварҳои минтақа бо неруи барқ азнавсозии НБО – и Роғунро ба роҳ монд.
Бояд гуфт, ки НБО - и Роғун яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 МВт баробар буда, он аз шаш агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр мебошад.
НБО-и Роғун ҳанӯз соли 1930 ба нақша гирифта шуда, соли 1960 корҳои омӯзишӣ ва соли 1976 бунёди он оғоз шуд. Сохтмони сарбанди неругоҳ соли 1987 шурӯъ гардида, баландиаш то соли 1993 ба 40 метр расид. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони неругоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфтанд. Дар ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» қатъ гардид. Дар санаи 23 июни соли 1993 сели даҳшатнок дарёи Вахшро банд кард ва дар натиҷаи аз кор баромадани дарғоти нақби №2, дарғоти 40 метраи неругоҳро об шуста хароб кард. Заҳмати беш аз бистсола баякборагӣ зери селовард монд. Танҳо соли 2004 сохтмони неругоҳи Роғун шурӯъ гардид. Бо ҳамин мақсад ширкати «Роғунсервис» таъсис ёфт ва корҳоро ҷиҳати муаяйн намудани вазъияти баамаломада дар сохтмон, барқарорсозии роҳҳо, таъмири манзилҳои истиқоматӣ барои мутахассисон ва ғайра оғоз бахшиданд.
Соли 2007 сохтмони НБО-и Роғун аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз нав оғоз гардид. Дар таърихи 27 августи соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмдории ягонаи давлату ҳукумат «Ҷамъияти саҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд. Доир ба лоиҳаи Роғун ва ниятҳои неки ҳамсоядорӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ҳануз соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун расман муроҷиат намуд. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои тендери байналмилалӣ Консорсиуми байналмилалӣ бо раҳбарии ширкати фаронсавии «Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения» ҳамчун паймонкор (пудратчӣ) ва ширкатҳои итолиявии «Электроконсалт” ва британии «Ҷи-пи-эй Энерҷи Ватер Консалтинг» барои гузаронидани ташхиси мустақили асосноккуниии техникую иқтисодӣ ва ширкати Швейтсарии «Пойри Энержӣ» барои баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоӣ интихоб гардиданд. То соли 2014 ташхиси муфассали ҷанбаҳои техникӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ, иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи Роғун баргузор гардид. Ҳамзамон дар давоми солҳои 2011-2014 силсилаи муҳокимаҳои кушод бо иштироки кишварҳои ҳамсарҳад доир ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои имконпазир пайваста бо сохтмони Роғун бо гузориши натиҷаҳои пешакии арзёбии лоиҳа таъмин гардид. Дар ҳисоботи худ мушовирони ширкати «Пойри Энержӣ» ва «Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения» ба хулоса омаданд, ки бунёди НБО-и Роғун бо баландии сарбанди 335 метр беҳтарин ва аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар аст. Дар моҳи июни соли 2014 ҳисоботи пешакии Бонки ҷаҳон доир ба лоиҳаи Роғун пешниҳод гардид, ки бехатар ва манфиатнок будани ин иншооти бузургро тасдиқ намуд.
Бо вориди навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм 9-уми сентябри соли 2019, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода шуд. Муҳимияти НБО-и Роғун боз дар он аст, ки:
— бо истифодаи неруи барқи ин иншоот рушди силсилаи корҳонаҳои азими саноатӣ имконияти хеле хуб пайдо менамояд, ки дар навбати худ сатҳи рушди кишварро ба сатҳи баландтар мебардорад, ба ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ мусоидат менамояд;
— барои истеҳсоли “неруи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба муҳити зист ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад;
— имконияти содиротии кишвар афзун мегардад, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи КАСА–1000, ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд. Ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост. Ҳамзамон, Тоҷикистон имкон дорад, ки тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.
— Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии кишвар аз 17 то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол ё қариб 3 баробар афзоиш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла КАСА–1000 то 10 миллиард киловатт-соат афзун мегардад.

Манижа Баҳромзода,
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ

Яндекс.Метрика