ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА АНДЕШАИ МИЛЛАТСОЗ

(Ба пешвози 30-юмин солгарди
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ)

Имсол аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гардид, 30 сол пур мешавад. Ин чорабинии сиёсӣ барои давлату миллати мо моҳияти сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашиҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд.

Бо вуҷуди он ки ҳанӯз оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳадафҳои нави давлатдорӣ, таҷзияи ҳокимият, эҳёи анъана ва суннатҳои неки таърихии халқи тоҷик, кафолати ба амал баровардани ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ба ҳамаи сокинони мамлакат ва инкишофи озодонаи онҳо сабт гардида буданд, аммо вазъияти мураккаби сиёсии онвақтаи кишвар имкон надод, ки меъёрҳои дарҷшуда татбиқи воқеӣ ва амалии худро пайдо намоянд.

Тоҷикистон он солҳо дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони амиқи сиёст фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ сарнавиште интизор аст.

Дар чунин як вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва касе дар он рӯзҳои сахту душвор масъулияти таъмини суботро дар кишвар бар дӯш гирифтан намехост.

Маҳз ба шарофати хираду заковати азал, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар - вилояти Суғд макони баргузории Иҷлосияи 16-ум интихоб гардид.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб, ки минбаъд дар таърихномаи миллати тоҷик ҳамчун маскани барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ сабт гардид, бо иштироки вакилони мардумӣ, аъзои ҳукумат, ашхоси номдор, пирони рӯзгордида, олимону адибон, намояндагони ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар маҷмуъ аз 230 нафар вакил 193 нафар иштирок доштанд.

Вакилони мардумӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар кори Иҷлосияи 16-ум фаъолона ширкат доштанд, хуб дарк мекарданд, ки фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бидуни таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст. Бар замми ин, тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷонибдори барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат буданд, оғози кори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва қарорҳои онро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва умед доштанд, ки пас аз баргузории он дар кишвар сулҳу субот пойдор мегардад.
Вакилони мардумӣ дар ҷараёни Иҷлосия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, барои ҳимояи онҳо талош меварзиданд.

Дар ин Иҷлосия маҷмӯан 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст.

Ба шарофати рӯҳи матин, нангу номуси ватандорӣ ва ҷонибдории аксари мардуми Тоҷикистон мо тавонистем ба яъсу ноумедӣ хотима бахшида, иродаву иқдомоти сулҳофарии халқамонро ба самти созанда равона созем ва раванди бебозгашти сулҳу оштӣ ва оромиву суботро дар кишвар таъмин намоем, ки ин ҳама хизмати бузургу бебаҳо ва қаҳрамононаи халқи тоҷик дар назди Ватан аст.

Нуриддин Акрамов
Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт"

Яндекс.Метрика