Ҳикмат. Баҳроми Гурро пурсиданд, ки подшоҳро чанд чиз бояд, то бодшоҳии ў тамом бувад ва беғам зияд? Гуфт: «Шаш чиз: аввал дастури нек, ки роз бар вай гушояду рой бо вай занад, ва дигар аспи нек, то агар рўзе коре пеш ояд, ўро бираҳонад, сеюм силеҳу теғи нек, чаҳорум хостаи бисёру сабуксанг ва гаронбаҳо чун гавҳару марворид ва лаълу ёқут ва он чи бад-ин монад, панҷум зане хубрўй, то ўро ғамгусор бувад, шашум таббохе (оштаз) нек, маликро чун табъ баста бувад, чизе созад, ки табъи ўро бигушояд» [1, С. 86].
Ҳикмат. Ардашер гўяд: «Сабзавор аст ҳар подшоҳеро, ки чаҳор чиз талаб кунад ва чун ёфт, нигоҳ дорад: яке вазири боамонат, дигар дабири бодониш, саввум ҳоҷиби бошафқат, чаҳорум надими бонасиҳат, ки чун вазир боамонат бувад, далел бувад бар саломатии мулк ва чун дабир доно бувад, далел бар хиради малик бувад, ва чун ҳоҷиб бошафқат бувад, далел бар хишмати (шарм, ҳаё, бузургӣ, бузургворӣ) подшоҳ ва хушнудии раият бувад ва чун надим бонасиҳат бувад, далел бар салоҳи корҳо бувад» [1, С. 87].
Адабиёт:
1.Имом Абўҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломии
муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент