МЕҲРПАРАСТӢ – ЯКЕ АЗ ОЙИНҲОИ ТОИСЛОМИИ МАРДУМОНИ ОРИЁИТАБОР ВА ТАЪСИРИ ОН БА ДИНҲОИ ҶАҲОНӢ

Халқҳои эронизабон дар ибтидо нерӯҳои табиӣ монанди офтоб, моҳ, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Меҳр худои рӯшноӣ, худои ҳақиқат, танзимкунандаи корҳои олам, ҳомии мазлумон, худои ҷангу набардҳо будааст, ки тамоми қабоил ва тавоифи ориёиҳои бостонӣ дар ҳар ҷо ва ҳар кишваре ӯро мешинохтанд ва месутуданд. Яке аз сурудҳои “Яшт”- дар Хурд Авесто Митраро монанди худое, ки подшоҳон қабл аз оғози ҷанг назди ӯ намоз мебурдаанд, ёд кардааст. Номи ин Худо дар китоби муқаддаси ҳиндувон – Ригведа низ зиёд омадааст. 

Ойини меҳрпарастӣ (митраизм) таълимоти худро дар асоси фалсафаи наҷоти фардӣ ё инфиродӣ бунёд ниҳода буд. Яъне ҳар фард бояд дар фикри наҷоти худ аз тариқи тай намудани марҳилаҳои муайян бошад. Дар меҳрпарастӣ шахси муъмин бояд имтиҳони сахтеро мегузашт, ки он аз иҷро кардани якчанд маросим: 1) ғусли таъмид, 2) маросими пок кардани гуноҳҳо ба воситаи асал (дар маротиби олитар), 3) маросими масрафи об, нон ва шароби муқаддас, 4) маросими ниёиш, 5) риёзат, 6) пок кардани вуҷуди худ аз гуноҳҳо ба воситаи қурбони кардани гов иборат буд. 

Умуман, таъсири эътиқодоти меҳрпарасӣ ба ташаккули тасаввуротҳо ва эътиқодоти динҳои яҳудиву насронӣ ва исломӣ хеле фаровон ба назар мерасад. Масалан, меҳрпарастон ба Митра ҳамчун ба худои рӯшноӣ ва наҷотбахши башарият эътиқод доштанд, насрониён бошанд чунин наҷотбахшро дар симои Исои Масеҳ мебинанд. Митра аз батни духтари бокира ба дунё омадааст, Исои Масеҳ низ, тибқи эътиқодоти насрониён ва мусулмонон аз батни Марям ба олам омадааст. Ҳам Митра ва ҳам Исои Масеҳ иродаи падархудоро дар рӯйи замин татбиқ менамоянд, фарқият фақат дар ҳамин аст, ки ин падархудо дар ойини меҳрпарастӣ Аҳурамаздост, аммо дар динҳои яҳудӣ ва насронӣ Яҳво хитобида шудааст. Чӣ тавре аз ривоятҳои Таврот бармеояд, яҳудиёни қадим Яҳворо бо Аҳурамаздо айният медодаанд. 

Ойини меҳрпарастӣ, ки аслан дини қадимаи эрониҳо буд, дар замони Сосониён низ аз байн нарафта буд. Мӯбадони зардуштӣ таълимоти онро ҳамчун ҷузве аз таълимоти дини зардуштӣ қабул ва ба таркиби Авесто ворид карда буданд. Яке аз муҳимтарин хизматҳое, ки Сосониён барои фарҳанг ва тамаддуни башарӣ анҷом додаанд, таълифи Авесто мебошад, ки дар он натанҳо таълимоти дини зардуштӣ, балки маросиму эътиқодоти меҳрпарастӣ ва дигар дину ойинҳои қадимаи мардуми эронитабор низ акс ёфта буданд. Эҳё ва рушди бесобиқаи фарҳанг ва дину ойинҳои бостонии эрониён дар давраи салтанати Сосониён метавонист дар ҳудуди империяи Рим низ мавҷи эронишавии ва эронигароиро ба вуҷуд оварад. Дар ин росто ягона роҳе, ки садди ҳуҷуми фарҳанги эронӣ шуда метавонист – ба вуҷуд овардани як низоми динӣ- идеологие буд, ки он мебоист аз таъсири меҳрпарастӣ ва дигар аносири фарҳанги эронӣ комилан озод бошад. Чунин низом дар шакли дини насронӣ тазоҳур намуд.

Бо вуҷуди ин, нақши бузурги ойини меҳрпарастӣ дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни аврупоӣ ва умуман, фарҳанги умумибашарӣ, хеле муассир ва бузург мебошад. Тавассути ин ойин мардуми Аврупо ва дигар манотиқи ҷаҳон бо як қатор ғояҳои муҳими динӣ - ахлоқии эронитаборони бостонӣ, мисли поквиҷдонӣ, вафо ба аҳд, хизмат ба ҳамкешону ҳамватанон, гуфтору пиндор ва рафтори нек ва ғайра аз наздик шинос шуда, аз онҳо дар ислоҳу тарвиҷи фарҳанги худ баҳрабардорӣ намудаанд. 

 

Саъдуллоев Аҳмадҷон -  мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

Яндекс.Метрика