Марҳилаҳои таърихии мазҳаби ҳанафӣ аз назари иҷтиҳод

Мутахассисону таҳлилгарони соҳа маҷмӯи масъалаҳои гуногуни таърихии мазҳабро аз назари иҷтиҳод ба се давраи муҳим ҷудо месозанд.

1). Давраи таъсис ва бунёдгузории мазҳаб: 

Он аз оғози фаъолиятҳои илмӣ ва фиқҳии худи Имом Абуҳанифа (ра) шуруъ гардида, даврони фаъолиятҳои илмии чаҳор шогирди бузургашро то вафоти Ҳасан ибни Зиёд (204ҳ.мувофиқ ба соли 819 - 820 милодӣ фаро мегирад. Имом ва чаҳор шогирди бузургаш : 

1.Яқуб ибни Иброҳим (Абуюсуф), 

2.Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, 

3.Зуфар ибни Ҳузайл ва, 

4.Ҳасан ибни Зиёд муҷтаҳидони дар шаръ ва муассисони мазҳаб ба шумор мераванд. Онҳо табақаи салаф ва фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ мебошанд.

2). Давраи интишор ва густариши он: 

Ин давра аз вафоти Ҳасан ибни Зиёд (204ҳ) оғоз гардида, то поёни ҳаёти Имом Абдуллоҳ ибни Аҳмади Насафӣ (710ҳ. мувофиқ ба соли 1311- уми милодӣ) - ро дар бар мегирад. Донишмандон ва фақеҳони ин давра аксаран муҷтаҳидони дар мазҳаб мебошанд. Онҳо бештар дар масоили иҷтиҳод пардохтаанд, ки аз табааи салаф ва соҳибони мазҳаб дар мавриди онҳо ривояте ба эшон нарасидааст. Ин давра ҳалқаи мутавассит ва пайванди миёнаи мазҳабро ташкил медиҳад ва муҷтаҳидони он ба табааи «халаф» шинохта мешаванд.

Албатта, фақеҳони ин давра ва давраи баъдӣ ба сатҳҳои гуногуни иҷтиҳодӣ тақсим мешаванд.

Ин давра аз ибтидои қарни сеюми ҳиҷрӣ то поёни қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, яъне ҳудуди панҷ асрро фаро мегирад. Дар ин муддат донишмандони бешуморе дар мазҳаби ҳанафӣ пой ба ҳастӣ ниҳодаанд. Арсаи иҷтиҳодоти фиқҳӣ густариш ёфт ва афкори мазҳабрo ба инкишоф ниҳод. Дар сояи иҷтиҳодоти машоихи бузурги мазҳаб дар ин давра тарҳи куллии мафҳуми мазҳаб ва хутути он муайян гардиданд. Садҳо китобҳои мухтасар, матн ва ҳамчунин шарҳҳои боарзише дар фиқҳ таълиф гардид.

Ин марҳила ба даврони хилофати наздик ба панҷ асраи Аббосиҳо рост меомад, ки он даврони шукӯфоӣ ва яке аз пурбортарин давраҳои тамаддуни исломӣ ба шумор меравад. Фиқҳи ҳанафӣ низ аҳди тиллоӣ ва ғанитарин фурсатҳои иҷтиҳодӣ - таҳқиқии худро дар даврони онҳо пушти сар намудааст. Дар сарзаминҳои шарқии хилофат дар даврони ҳукумронии сулолаҳои Тоҳириён, Сомониён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ғайра низ ҳамин мазҳаб мазҳаби расмии қаламрави онҳо ба шумор мерафт.

3). Давраи истиқрор: 

Ин давра аз вафоти Насафӣ (710ҳ) то имрӯз идома дорад. Дар ин давраи сарнавиштсоз ҷаҳони ислом ба мадду ҷазрҳои бунёдбарандоз ва ҳамлаҳои бераҳмонаи муғулон рӯ ба рӯ гардид. Муғулони муҳоҷим пас аз тасарруфи шаҳри Бағдод – пойтахти Аббосиҳо ба хилофати панҷ асраи онҳо хотима доданд. Сарзаминҳо ва шаҳрҳои бузурги хилофати шарқӣ ба куллӣ хароб ва аз сакана холи гардиданд. Он қавми бефарҳанг ба мисли гузаштагони истилогари худ, яъне фарангиён дастхатҳои нодир, китобҳои илмӣ ва навиштаҷоти дастнохурдаи фарзандони мусулмонро бо худ набурданд, балки ҳамаро ба оташ кашиданд ва бо ҳар роҳ нобуд сохтанд. Ин буд, ки миллатҳои мусулмон дигар то асрҳо натавонистанд қомати фарҳангу тамаддуни худро рост намоянд. 

Фақеҳони ин давра дигар на манбаъҳои илмии гузаштаро ба таври кофӣ дар ихтиёр доштанд ва на аз ҳимояи кофӣ дар сатҳи давлатӣ бархурдор буданд. То он, ки туркҳои Усмонӣ дубора хилофати исломиро барқарор намуданд ва дар даврони онҳо тамаддун ва фарҳанги исломӣ, аз ҷумла фиқҳ, дубора рӯ ба шукӯфоӣ ниҳод.

Бинобар ин, дар давраи сеюм дигар на мухтасару матнҳо ва на шарҳҳои пурарзиш, ба монанди давраи дуюм навишта шуд, балки аксари талошҳои илмии фақеҳон ва дастовардҳои донишварони ин давра дар навиштани ҳошияҳову поварақиҳо хулоса мегардад. Ҳатто барнома ва усул (метод) - и таълимие, ки мувофиқ ва ҳампои аср бошад, дар ҳеҷ манбае аз онҳо мушоҳида нагардидааст. Танҳо дар давраи хилофати исломии туркҳо, чуноне ишора шуд, тамаддуни исломӣ дубора рӯ ба шукуфоӣ ниҳод ва донишмандони фиқҳи исломӣ ба дастовардҳои нисбие ноил гардиданд.

Донишмандони ин давраро муҷтаҳидони мутааххир меноманд.

Хулоса, мазҳаби ҳанафӣ ҳамон гуна, ки дар даврони хилофати Аббосиҳо мазҳаби расмии давлатӣ ба шумор мерафт, дар даврони хилофати исломии туркҳо низ мақоми худро ҳифз кард, ба хусус пас аз фармоне, ки Султон Салим содир намуд, мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби расмии тамоми сарзаминҳои қаламрави хилофат ба шумор мерафт.

Дар тӯли наздик ба ҳазор сол дар даврони ду хилофат бо вуҷуди он, ки мактаби фиқҳии ҳанафӣ ба унвони мазҳаби расмӣ амал мекард, вале ҳеҷгуна фишори динӣ ва таассуби мазҳабӣ аз ҷониби тарафдорони он нисбат ба пайравони дигар мазҳабҳои исломӣ сурат нагирифтааст.

Ду омили муҳим, яке мақоми расмӣ доштани мазҳаб дар муддати наздик ба ҳазор сол, дуввум, тавонмандии роҳбарони садри аввал ва даврони дуюми он, ҳамчунин , ғановати нерӯҳои фикрӣ дар онҳо боиси интишори васеи он дар ҷаҳони ислом ва ба вуҷуд омадани мероси гаронбаҳои фиқҳии он гардид, ҳаргиз барои дигар мазҳабҳои аҳли суннат имконоти он фароҳам нагардидааст.

Аз ҳамин ҷост, ки бештар аз нисфи мусулмонони ҷаҳонро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳанд.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи

 пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ                                           Исоев Насим

Яндекс.Метрика