Бе надонистани таърихи миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруфанд. Фарзандони фарзонаи бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромӯш нахоҳанд шуд.
8-уми июни соли ҷорӣ дар корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо иштироки Муовини Раиси Раёсат Муҳиддинзода Ш.Ф., доктори илмҳои таърих, профессор, Муллоҷонов Сайфулло Кучакович ва аҳли командони Бонк семинари илмӣ-оммавӣ доир гардид.
Муовини Раиси Раёсат Муҳиддинзода Ш.Ф. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки семинар имрӯза дар робита ба иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба таърихи халқу миллати куҳанбунёдамон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ҳамзамон иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик – шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” доир карда шудааст.
Дар доираи семинари мазкур ҷабҳаҳои муҳими китоби “Тоҷикон” ва хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби доктори илмҳои таърих, профессор, Муллоҷонов Сайфулло Кучакович ба саъми ҳозирин расонида шуд.
Бозгашт аз: https://ssb.tj/tj/khabar/seminari-ilm-ommav-dar-robita-ba-om-zishi-kitob...