РАМАЗОН - МОҲИ ХАЙРУ САХОВАТ

Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он барои ҳидояти мардум ба роҳи рост Қуръон фиристода шуд. Ҳамчунин ин моҳро нисбат ба дигар моҳҳо барои бандагонаш афзалтар шуморида, дарҳои биҳишт ва раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида, баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст.

Паёмбар (с) яке аз беҳтарин марди хайрхоҳу накукор ба ҳисоб рафта, ба ҷо овардани хайру сабаќаро амалҳои неки инсонӣ ҳисобида мефармояд: Беҳтарин ва дӯстдоштатарин амалҳои солеҳ дар назди Худо он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом диҳад. Ҳамчунин, расули Худо (с) пурсида шуд: Кадом садақа беҳтар аст? Фармуд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Расули Худо (с) дар моҳи мубораки Рамазон беш аз дигар моҳҳо ба бахшишу эҳсон мепардохт.

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз орад ҷаннати сарбастаро.

Ҳамчунин аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо фармуд:

«Парастори ятиме аз хешовандонаш ё бегонагон бошад, ин ду нафар дар биҳишт ба ман наздик мебошанд». 

Бояд аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марде назди Расули Худо омад ва аз беҳаёии дилаш шикоят кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ӯ фармуд.«Агар хоҳӣ, ки дилат нарм гардад, бечораро таъом деҳ ва сари ятимро сила кун».

Моҳи Рамазон моҳи хайру савоб ба ҳисоб рафта, тавре ки Паёмбари ислом дар ҳадиси худ зикр намуданд, эҳсонкорї гирифтани дасти ятимону барљомондагон ва бечорагон додани садаќа яке аз беҳтарин амалҳои инсонї ва амалҳои савоб ба ҳисоб меравад.

 

Шуъбаи пажуҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика