
Қисми II
Ҳамин тавр, Наврӯз дар сатҳи табиат – ин ҳанӯз он ҷашни фархунда ва хуҷастапай нест, ки мо онро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ва суруру шодмонӣ истиқбол мегирем ва таҷлил мекунем. Балки ҳодиса ё падидаи қонунии табиӣ мебошад, ки ҳамчун муҳаррик табиати зиндаро ба ҳаракат меорад. Ба ибораи дигар, наврӯз – аз нав тавлидкунандаи ҳаёти мавҷудоти зинда (наботот, ҳайвонот ва инсоният), марҳилаест, ки бо оғоз шудани он табиати хуфта аз хоби зимистонӣ бедор мешавад ва як соли навбатии умри худро аз сар мегузаронад. Наврӯз– воқеан ҳам оғози ҳар як гардиш ё чархиши навбатии Замин дар гирди Офтоб аст, ки расо як сол тӯл мекашад. Аз ин нуқтаи назар, яъне дар сатҳи табиат, ҳамчун як ҳодиса ё падидаи қонунманди табиӣ таҳқиқу баррасӣ кардани мазмун ва моҳияти Наврӯзи хуҷастапай барои ошкор кардани бисёр ҷанбаҳои муҳим вале ҳанӯз барои мо норавшану асроромези ин ҷашни бостонӣ мусоидат хоҳад кард. Масалан, мо дарк хоҳем кард, ки маҳз кашфи айёми ба вуқӯъ пайвастани ҳамин ҳодисаи қонунманди табиӣ ба мардуми ориёитабор имкон додааст, ки мавсими барои ҳамл ва бороварӣ мутобиқ шудани заминро ба таври аниқу дақиқ муайян карда, дар байни халқҳои бостонӣ аз авалинҳо шуда ба коркарди замин ва кишту зироат шурӯъ намоянд. Яъне, дар партави кашфи Наврӯз мардуми ориёитабор нахустин шуда ба кишти замин, зироаткориву боғпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ шурӯъ кардаанд. Бо ин восита онҳо тавонистаанд тадриҷан аз вобастагии куллӣ аз табиат раҳо ёфта, аз ҳаёти примитивӣ ва ваҳшиёна ба ҳаёти мутамаддин ва оқилона гузаранд. Пайдоиш ва рушди илмҳои гоҳшуморию тақвимсозӣ ва ситорашиносӣ дар байни мардуми бостонии ориёитабор низ, бо эҳтимоли зиёд, дар партави кашфи Наврӯз ба амал омада буд. Наврӯз дар сатҳи табиат ҳодисаи қонунманди табиӣ мебошад, ки ҳаёти солонаи табиати зиндаро оғоз мебахшад. Ин ҳодисаи табиӣ ҳар сол такрор меёбад ва рӯҳи табиатро барои ҳаракат нерӯ мебахшад. Ин ҳодисаи хайр ҳам барои кулли табиати зинда ва ҳам барои ҷомеаи инсонӣ, ки дар ибтидо дар оғӯши табиат парвариш ёфта, минбаъд то андозае мустақил шудааст, аҳамият ва арзиши аввалиндарҷаи ҳаётӣ дорад. Наврӯзро мо ба ин манзур ҳодисаи таҷассумгари тантанаи ғалабаи некӣ бар бадӣ ва ҳаёт бар марг дар сатҳи табиати зинда таъбир ва тафсир кардем, ки дар сурати ба вуқӯъ наомадани ин ҳодиса табиати зинда ба истилоҳ «мехобад» ё аз ҳаракат мемонад. Дар натиҷа набзи муқаррарии ҳаёти набототу ҳайвонот халалдор шуда, онҳо бо ҳар гуна мушкилоту хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, дар қутбҳои яхбастаи шимолию ҷанубӣ, ки дар он ҷойҳо айёми наврӯзӣ ва фасли баҳор умуман фаро намерасад, ба ҷуз баъзе навъҳои камшумори ба шароити сармои сахт мутобиқшудаи набототу ҳайвонот, дигар ҳеҷ навъе аз набототу ҳайвонот вуҷуд надорад. Яъне, табиати зинда асосан дар минтақаҳо ё қисматҳои дорои иқлими мусоиди Замин, дар ҷойҳое имконпазир аст, ки дар онҳо Наврӯз – ин ҳодисаи тавлидкунандаи ҳаёт мунтазам ба вуқӯъ меояд. Ва ҳамин ҳодисаи саропо некиро ававалин шуда аҷдодони мо – мардуми бостонии ориёитабор кашф карда, дар партави ин кашфиёт фарҳанг ва тамаддуни башардӯстонаи наврӯзии худро барпо кардаанд.
Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқисавӣ