Мақому манзалати занон дар ҷомеаи Тоҷикистон (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2024, ш. Душанбе)

Мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии ҳар давру замон буд, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли фазлу дониш, илму адаб қарор дошт. Дар ин бора ҳар кас тибқи диду идрокаш ибрози назар мекунад. Аз ҷумла, Саъдии бузургвор мазмуни бисёре аз қиссаву афсонаҳо, ки бозтоби тасаввуроти қадимии одамон доир ба ҳодисаҳои зиндагӣ ва баёнгари таҷрибаи рӯзгори чандин наслҳо будаанд, зери назар гирифта, гуфтааст:
 
Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
 
Дар адабиёти ҷаҳонӣ, низ симои барҷастаи занони диловару ҷасур ва зебову бошарофат хеле зиёд офарида шудааст. Дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсола намояндагони адабиёти тоҷику форс дар бунёди образи зан дар адабиёти умумиҷаҳонӣ таъсири муайян гузошта, вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои нисбат ба давраҳои мухталифи таърихӣ доштаи худ боигарии маънавӣ, симо ва хислати типиву миллии занони Шарқро дар достонҳои ишқию ғиноӣ, қаҳрамониву ривоӣ мавриди тасвир қарор додаанд. Классикони адабиёти форсу тоҷик занро аз авомили пешрафти маънавии инсон, сабабгори лабрез гаштани ҷоми илҳоми суханварон ва боиси саршории завқи баланду истеъдоди суханварӣ ҳисобидаанд [1].
 
Дар ҳақиқат зан модар бузургтарин неъмат барои ҳар як фарзанд аст. Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ нақл намояд. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад [2].
 
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.
 
Имрӯз дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани мавқеи занону бонувон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар самти давлату Ҳукумат дар бахши занон дастгирии занону бонувон хеле назаррас мебошад. Ин аст, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии кишвар саҳми занону бонувон хеле назаррас эҳсос гардида, иштироки фаъолонаи занон ва бонувон дар ин самт мушоҳида мегардад [3].
 
Қайд кардан бамаврид аст, ки Пешвои миллат доир ба нақши бузурги занону бонувони тоҷик, дар тамоми суханрониҳои худ дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ” рисолати занону бонувони тоҷикро дар сатҳи баланд мебардоранд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати давлат муҳим арзёбӣ карданд. Инчунин гуфта шуд, ки “Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад”.
 
Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки “Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид”.
 
Зан - модари тоҷик имрӯз дар баробари тарбиятгари насли наврас буданаш боз дар баробари мардон дар тамоми сохторҳои давлатӣ барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон заҳмат мекашад. Дар солҳои охир ширкати занон дар умури идорӣ ва соҳаҳои дигар равнақи тоза ёфта, имрӯз қувваи асосии соҳаи маориф бонувон мебошанд, ки мо зикри ин нуқтаро дар Паёми Пешвои миллат дучор меоем: “Дар соҳаи маориф 73 фоиз бонувону занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 37 фоизи занони донишманд ва бо маърифати тоҷик, пурмаҳсул заҳмат мекашанд”.
 
Бояд қайд намуд, дар ягон таълимоти исломӣ зикр нагардидааст, ки занон нисбат ба мардон ҳуқуқи пастро соҳибанд ва ҳақ надоранд, ки ҳамқадами ҷомеа бошанд. Баръакс ягон дини дигар мисли ислом барои занҳо ҳуқуқи бештарро қоил нест. Бо дарназардошти мақом ва ҷойгоҳи зан дар дини мубини ислом ва аз нигоҳи дорои мавқеи вежа будани зан – модар дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, маҳз дар ин хусус дар Паём чун таъкид карданд: “Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд. Ҳамин тавр, зан – модар дар таълиму тарбияи фарзандон нақши калидӣ дошта, ӯ ягона шахсест, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти фарзанд, ташаккули шахсияти ӯ заҳмат мекашад. Зан – модар аввалин мураббии тамоми инсоният аст”.
 
Рӯйхати Сарчашмаҳо
 
1. Раҳматуллоева Г. Мақоми зан ва эҳтироми ӯ дар фарҳанги миллӣ. Сомонаи интернетии Институти забон ва адабиёти ба А. Рӯдакии АМИТ. www.izar.tj 
 
2. Бозорова Н. Паёми Пешвои миллат – номаи васфи мақоми бонувони занон дар ҷомеаи Тоҷикистон. Сомонаи интернетии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ. www.izar.tj 
 
3.Шоназарова С.Д. Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон). Сомонаи интернетии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.ombudsman.tj 
 
Cадуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика