Ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX дар ҷануби Тоҷикистон ҳунармандӣ равнақ ёфта буд. Дар ин давра яке аз соҳаҳои пешрафта бофандагӣ буд, ки ба он асосан занон машғул буданд.
Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, дар ботини шахс муҳаббатро ба ҳунарҳои мухталифи мардумӣ боз ҳам афзун менамояд.
Маҳсули дасти бофандагони шаҳри Кӯлоб бо матоъҳои бофтаи ҳунармандони шаҳрҳои марказии Осиёи Марказӣ Самарқанду Бухоро рақобат карда метавонистанд.Оҳангарӣ низ яке аз ҳунарҳои мардумии ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад. Оҳангарони ин минтақа ин ҳунари пурбаракати аҷдодии худро то имрӯз фаромуш накарда, балки онро боз ҳам ривоҷу равнақ дода истодаанд.
Устоҳои оҳангар дар ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб бо асбобҳои сохтаи худ аз қабили теша, каланд, зоғнул, наъл барои асп ва ғайра мушкили мардумро осон менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳунари оҳангарӣ меросӣ буда, аз падар ба писар ва ба наслҳои минбаъда гузашта омада истодааст, ки ин боиси аз байн нарафтани ҳунари мазкур гаштааст.
Ҳунармандону устоҳои халқӣ, аз ҷумла, наққошону кулолгарон мисгарону зардӯзон ва қолинбофону косибон дар офаридаҳояшон нақшу нигорро чун воситаи асосии ороиши бадеӣ корбаст менамоянд. Ҳар як нақшу нигор маънои хос дошта, аз ҷониби халқ номгузорӣ карда мешавад ва аксари онҳо нишони эътиқоду боварӣ ба урфу одати мардум мебошанд.
Чунин хусусиятҳои дар боло зикршуда бештар дар санъати ороиши гулдӯзӣ ва чакан бештар мушоҳида карда мешавад.
Аз қадим то имрӯз фарҳангшиносону мардумшиносон зиёда аз 700 навъи нақши гулдӯзиро маълум намудаанд, ки намунаҳои маъруфтаринашон: аноргул, бодом, барги бед, гулгулак, ислимӣ, каҷак, лола, маҷнунбед, райҳон, себарга, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, парпар, пайи гунҷишк, ҳашттарк, моҳ, ситора, морпечон, гулбаст ва ғайра мебошад.
Ҳунармандони кӯҳистон то имрӯз сару либос, хилъат, камзулчаҳои кӯдакона, васкатҳои занона, рӯймоли миён, тоқӣ, чойникпӯш ва монанди инҳоро гулдӯзӣ менамоянд, ки аз санъату ҳунари баланд доштани мардуми мо гувоҳӣ медиҳад. Чунин гулдӯзиҳои зеборо дар хонадони ҳар як сокини ноҳияҳои ҷануби кишвар, аз ҷумла, Балҷувону Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик вохӯрдан мумкин аст.
Гулдӯзӣ ҳунар ва санъатест, ки чун воситаи муҳими зебоипарастиву ороишӣ хизмат мекунад ва аз насл ба насл мегузарад.
Дигар ҳунаре, ки дар байни мардуми ин минтақа машҳуру маъруф аст, навъе аз кашидадӯзӣ чакан мебошад. Насли калонсолу миёнасол хеле хуб дар ёд доранд, ки дар ҷануби кишвар ҳеҷ як арӯсро бе куртаи чакан ва чодару дигар намуди кашидадӯзиҳо ба хонаи домод гусел намекарданд. Набудани ин чизҳо барои арӯс айб ҳисоб мешуду буданашон ифтихору сари баланд.
Нақши чакан бо риштаҳои гуногунранг дар матои рангаш сафед, сурх, сабз ва зард кашидадӯзӣ карда мешавад. Нақшҳои чакан мафҳумҳои гуногунеро дар бар мегирад. Аз ҷумла, тасвири офтоб, моҳ, ситораҳо, оташ, ҷонварон ва рустаниҳо мебошанд, ки ҳар яки онҳо маънои ба худ хос доранд. Хушбахтона, то имрӯз чакану чакандӯзӣ на танҳо аз байн нарафт, балки боз ҳам рушд намуда, ба худ мазмунҳои тозаро касб намуд.
Ҳунари заргарӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи аҷдодиамон ба шумор мераванд, ки то имрӯз маснуоти онро занону духтарони тоҷик ба таври васеъ истифода менамоянд. Талаботи мардум ба ашёҳои заргарӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ин ҳунари қадима боз ҳам рушд намояд.
Дар ҷануби кишвар ҳунари заргарӣ низ рушд намуда, рӯз то рӯз талабот ба ороишоти заргарӣ зиёд шуда истодааст. Заргарон аз нуқра ангуштарин, даспона, қулфи гиребон, гӯшвораҳои чапарак, қафасӣ ва монанди инҳоро сохта пешкаши ҳаводорони худ менамоянд. Маҳсули дасти заргарон дасту гардани садҳо гуларӯсону модарони тоҷикро зебу оро медиҳанд.
Эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус, маҳсули дасти ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошанд. Сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат барои мо насли ҷавон имконият фароҳам овард, ки аз ҳунарҳои мардумии миллати бузурги халқи хеш ифтихор намоем ва онро рушд диҳему бо арзишҳои бузурги фарҳангии миллати тоҷик ифтихор намоем.
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.