Дар тӯли таърих башариятро ҳар чӣ беҳбуде ва пешрафте шудааст, маҳз, бо шарофати дониш будааст. Донистани ашёю ҳаводиси рӯзгор, донистани хубу бад, зарару фоида, дӯсту душман, муҳити зиндагӣ, сирру асрори табиат ва ҳазорҳо-ҳазор раванду ҳодисаҳое, ки инсонро дар тӯли зиндагияш дунболагирӣ менамоянду ба ҳаёти инсон дар ин ё он шакле таъсиргузоранд, ҳамеша ҳадафи тафаккури инсон қарор доштанд. Ҳар чӣ бештар огоҳӣ аз онҳо ба ҳамон андоза худи инсонро хушҳолу зиндагии ӯро сабуку гуворо сохтааст.
Аз ҳамин нуқтаи назар агар ба таърихи рушди ҷомеаи башарӣ назар андозем, ҳар марҳилаи рушди ӯ зинаи огоҳии бештари ӯро оид ба табиату ҷамъият ва олами маънавии худи ӯ инъикос менамояд. Пас, дониш андӯхтан пеш аз ҳама огоҳ гардидан аз асрори ҳастӣ ва мақсаднок истифода намудани ин огоҳист. Ба қавли дигар, соҳибдониш будан тавоною қудратманд будан аз болои табиат ва муаммоҳои зиндагист.
Ҷойгоҳи дониш дар фаъолияти таҳқиқотии мутафаккирони башарӣ ҳамеша баланд будааст. Агар мутафаккири бузурги англис Френсис Бэкон дар асри XVI ҷойгоҳи донишро дар ҳаёти инсон амиқ дарк намуда, «Дониш – ин неруст»гуфта бошад, пас мутафаккирони бузурги тоҷик Фирдавсию Низомӣ 500 сол пештар «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад!» ва «Дониш талабу бузургӣ омӯз!» гуфта буданд. Моҳиятан Бэкони англис фармудаҳои бузургони моро такрор намудаасту халос. Бо вуҷуди ин дар гуфтаҳои ин бузургон маъноҳои амиқе нуҳуфта аст, ки ҳақиқати онро мо имрӯз равшан мушоҳида менамоем. Нерӯ ва дурустии фармудаҳои ин бузургонро мо он ҳангоме равшан дарк менамоем, ки агар ду ҳолати муттазод – доноӣ ва нодониро дар шароитҳои якхела мавриди таҳлилу муқоиса қарор диҳем. Дар ҳолати беморӣ нодонӣ ранҷ асту доноӣ раҳои аз он, дар байни дӯсту душман, дар дилхоҳ коллективи меҳнатию таълимӣ доноӣ соҳибэҳтиромӣ асту нодонӣ адами он, дар ҳаёт ва фаъолияти маънавӣ доноӣ хушзавқию хушсуханӣ асту нодонӣ адами он, дар ҳаёт ва фаъолияти хоҷагидорӣ доноӣ беҳии зиндагӣ асту нодонӣ фақру нодорӣ, дар ҳаёт ва фаъолияти динӣ доноӣ мардумгулзанӣ асту нодонӣ гӯш фаро хондан, дар ҳолати мушкилоти зиндагӣ нодонӣ пойбандӣ ба мушкилот асту доноӣ рафъи мушкилот. Хулоса, дар ҳамаи давру замон ва дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ доноӣ дорои афзалиятҳои барҷастаест, ки аз он мақому манзалати инсон вобастагии зич дорад.
Қобили зикр аст, ки ниёгони тоисломии мо низ, муфовиқи маълумоти Муҳаммад Рашшод, ки дар китобаш «Фалсафа аз оғози таърих» овардааст, ба фарзандон омӯзонидани илму донишро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи падару модар маҳсуб медонистанд. Ин маънои онро дорад, ки ниёгони мо дар дарки аҳамияти дониш дар зиндагӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи он аз дигар қавму миллатҳо пештозӣ карда будаанд. Пас, насли имрӯза бояд ин анъанаи ниёгони худро идома бахшад.
Дар самти мазкур масъалаи хеле баҳснок ва муҳим муайян намудани объекти дониш аст. Яъне, чиро бояд донист? Мусаллам аст, ки ҳама чизро дониста намешавад. Пас, бояд чизеро донист, ки дар зиндагӣ ба шахс сабукӣ бахшад, яъне зиндагии шахсро осон гардонад. Пайғамбари ислом дар ҳадисе гуфтааст: «Дониш зиёда аз он аст, ки баршумурӣ. Пас, аз ҳама чиз беҳтарашро бигир». Ҷои шакке нест, ки ин гуфтаи пайғамбари ислом дар зерматни ояти қуръонии «Худованд ба шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехохад» (сураи Бақара, ояти 185) баён гардидааст. Яъне, асли таълимоти ислом низ донишеро зарур мешуморад, ки ба инсон манфиатбахш буда, зиндагии ӯро осон гардонад.
Дар зерматни андешаҳои мазкур агар мо дар пайи дарёфти дониши мушкилосонкуну манфиатбахш шавем, зиндагии имрӯза бо ҳазору як далел мегӯяд, ки чунин дониш донишҳои математикӣ, физикию химиявӣ ва биологӣ, хулоса, тамоми донишҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мебошанд. Ҳар яке аз онҳо дар беҳсозии зиндагии инсон аз қадимулайём саҳмгир будаанд. Ба таври мисол, маҳз, донишҳои математикӣ ҳастанд, ки инсон тамоми ашё ва раванду ҳодисаҳоро дар доираи миқдор арзёбӣ менамояду ҳадди заруриро пешбинӣ мекунад ва вобата ба ҳадди муайяншуда амали худро ба нақша мекашад. Бо шарофати донишҳои биологӣ инсон ба фаъолияти тамоми мавҷудоти зинда назорат ҷорӣ намуда, самти рушди онҳоро ба манфиати худ тобеъ менамояд. Донишҳои физикию химиявӣ низ ҳар яке бо вижагиҳои худ дар гуногунрангию лаззатбахшии ҳаёти инсон нақшгузор мебошанд.
Ҷанбаи ниҳоят муҳим ва зарурии рушди донишҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ барои ҷомеаи мо боз дар он ифода меёбад, ки онҳо тасаввуротҳои хурофотиро, ки ба сабаби донишҳои сайқалнаёфта шакл гирифтаанд, решакан менамояд. Яъне, ҳар чӣ бештар дақиқ ва дуруст маънидод кардану шарҳ додани робитаю муносибатҳои байни ҳодисаҳои табиию ҷамъиятӣ барои ташаккул ва тавлиди тасаввуротҳои хурофотӣ монеа эҷод намуда, зеҳнҳои сироятёфтаро муолиҷа менамояд.
Албатта, ба ҷуз донишҳои номбурда боз самтҳои дигари маърифат, мисли донишҳо дар бораи забон, адабиёт, таърих, фарҳанг, санъат ва амсоли инҳо низ ҳастанд, ки насли одамӣ ба онҳо ниёз дорад. Онҳо низ дар ғанӣ гардонидани олами маънавии инсон, равшан намудани замири инсонҳо, бахшидани суруру нишот, чеҳраи кушодаю таскини асаб ва ғайраҳо саҳми бузург дошта, дар таъмини ҳаёти зебою гуногунранг нақши бузург доранд. Аммо боз ҳам бояд эътироф намуд, ки нақши бунёдӣ ва муайянкунанда боз ҳам ба донишҳои табиатшиносӣ тааллуқ доранд. Зеро, маҳз онҳо пешрафти ҷомеа ва осонии зиндагиро таъмин менамоянд ва ҳатто метавон иқрор намуд, ки рушди донишҳои навъи дуюм низ аз рушди донишҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, ки заминаи пешрафти иқтисодиёт маҳсуб меёбанд, вобаста аст.
Агар ҳол чунин аст, пас вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди фарҳангӣ ва соҳибэҳтирому донишпеша аз он иборат аст, ки худ аз ҳадди минималии донишҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ огоҳ бошаду таълими амиқи онҳоро барои фарзандони худ таъмин намояд. Зеро имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳар ҷомеае, ки пешрафт намудааст, хоҳ амрикоӣ бошаду хоҳ аврупоӣ ва ё осиёӣ ба шарофати рушди донишҳои фавқуззикр будааст. Яъне, бинои рушди иқтисодии дилҳоҳ ҷомеаи башарӣ имрӯз дар болои зербино (фундамент)-и донишҳои баёншуда қомат рост намудаанд. Ба қавли дигар, донишҳои бунёдӣ ҳамон донишҳое мебошанд, ки номашон зикр шуд. Донишҳои дигарро дар ин таносуб метавон рӯбинои ҷомеа ё зинатбахши ҷомеаю ородиҳандлаи ҳаёти инсон номид. Яъне, донишҳои ғайр низ барои инсон муҳиманд, танҳо баъд аз донишҳои бунёдӣ. Зеро, пешрафти ҷомеа, сатҳи накӯаҳволии мардум аз донишҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ё бунёдӣ вобаста мебошанд, ки ба қавли қуръонӣ осонии зиндагиро таъмин менамоянд.
Бо умеди рушди баланди донишҳои бунёдӣ ва решакан намудани тасаввуротҳои хурофотӣ фарорасии рӯзи донишро барои тамоми мардуми кишвар фархунда гуфта, бурдбориҳоро барои ҳар як донишҷӯю донишпеша орзумандем.
Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил – муовини директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент