1. Конститутсия сутунмуҳраи назму тартиби ҷомеа.
Вақтҳои охир дар бораи Конститутсия баъзе аз ҳуқуқшиносон низ мисли ҷавонони шиорафкан бо ҳарфҳои баланд ва ҳуввияти хоса ҳарф мезананд. Ин албатта, аз нигоҳи тарғиботу мафкурасозӣ шояд мусбат бошад, вале барои фаҳми моҳияти асли Конститутсия рисолати худшиносии ҳуқуқӣ аз мутахассисони илми хукуқ шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои ҳаётии онро интизорӣ доранд.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2024-ро аз ҷониби Пешвои муаззами миллат маҳз ба хотири дарки дурусту фаҳми саҳеҳӣ Конститутсияи кишвар ва нақшу аҳамияти он барои саодату зиндагии миллати мо аст, на барои худнамоию шиорафкании беҷо. Муҳим он аст, ки мардум Конститутсияро ҳамчун муқарраркунандаи фазои орому мусоиди рушди ҳуқуқии худ дарк кунанд ва донанд, ки маҳз Конститутсия ҳимоятгари манфиату оромии зиндагӣ ва сутунмуҳраи ҷомеаи озоди онҳост.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло сараввал зарур шуморидем, ки роҷеъ ба аҳаммияти ин санади тақдирсоз ва ҳуҷҷати бунёдӣ дар иртибот ба вазъи ҷаҳони муосир ва ҳолати ташаккули давлатдории миллӣ ҳамчун нигоҳдорандаи низому тартиб изҳори назар намоем. Аз ин дидгоҳ, аз дигар ҷанба ба муқаддасияту мубрамияти Конститутсия танҳо бо сифатҳои ифтихории хушку холӣ «хоҷаам боғ дорӣ, бале» не, балки бо зуҳури дигар аз аломатҳои кишвардорӣ аз зумари садоқат ва масъулият назди ин санади бузурги таърихӣ ҳарф занем.
Конститутсияи кишварҳои олам агарчанде насли сеюми худро паси сар кунанд ҳам, онҳо то ба имрӯз ҳамчун ҳуҷҷати марказӣ ва танзимгари асосҳои бунёдӣ, муҳофиз ва таҳиягари назму тартиби иҷтимоӣ, мутаасифона ба оромии зиндагии башар дар тамоми олам ба куллӣ мусоидат карда натавониста истодаанд. Зеро олами давлатҳои дорои ҳуҷчатҳои бунёдӣ то ба ҳанӯз ноором аст. Ҷангу ҷидолҳо дар саросари кишварҳои рӯ ба рушд аланга мезанад ва гоҳҳо ҳатто кишварҳои дорои насли аввали конститутсияҳо ба нооромиҳои вазнину корпартоиҳои бесобиқа гирифтор мегарданд.
Дуруст аст, ки дар бесарусомонии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои олам ба танҳоӣ конститутсияҳои давлатҳо масъулу иллатдор нестанд. Манфиатҳои миллию геополитикии аз доираи дидгоҳи муҳандисони нави ҷаҳонии дар сояи сармоя обутоб ёфта, қираҳои сиёсати давлатҳои аз назари рушд гуногуни оламро тарзе роҳандозӣ менамоянд, ки вай ба тақсими одилонаи сарват ва имкониятҳои табиию таърихии миллатхо созгор нестанд. Ин ҳолат бо шиддати хориҷӣ ва таҳдиди амниятию иқтисодии худ хатти сиёсию ҳуқуқии давлатҳои миллиро осебпазир мегардонад. Воқеият чунин мешавад, ки меъёрҳои дар бештари маврид олию гуманистӣ, одилонаю танзимгари конститутсияҳои кишварҳои ру ба рушд ва давлатҳои миллӣ, дар чунин шароити таҳдидовар дар рӯзномаи давлатсозии онҳо камранг гардида, дар бисёр мавридҳо роҳ ба ҳаёти воқеии халқу миллатҳо пайдо намекунанд. Ин ҳолат аз як ҷониб авлавиятро ба масъалаҳои қудратӣ, муҳофизатӣ дода, аз ҷониби дигар доғи саҳлангориро ба сатҳи муайян ба мазмуни ин ҳуҷҷатҳои бунёдии давлатҳо ҳавола медиҳад.
2. Масъулияти конститутсионӣ кафили амнияти иҷтимоист, на вуҷуди Конститутсия.
Замони муосир ва ҳодисаҳои нанговари кишварҳои мухталифи Осиё, Африқо ва Аврупо дар ибтидои ҳазораи се моро ҳамчун фарзанди як миллати масъул ва ин замони ноором ҳидоят ба он дорад, ки ҳусни таваҷҷуҳи хешро ба масъулияти фардӣ ва иҷтимоии халқ ва қудрати сиёсӣ, ки Конститутсия назди ҳар халқу миллат вогузор намудааст, ҳидоят созем. Шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ҳама бояд дар иҷрои меъёрҳои Конститутсия намуна бошанд. Махсусан мақомоти назоратӣ ва татбиқкунандаи адолати судӣ дар таъмини волоияти меърҳои констиутсионӣ пайваста заҳмат кашанд.
Як омили номураттабии низомҳои нави ҳуқуқӣ дар шароити даврони пасомодернӣ ва фишори ҷаҳонишавии манфиатҳо ин таззоди меъёрҳои фаромиллӣ ба меъёрҳои миллии давлатҳои миллист. Дар баробари кӯмаку дастгирии низоми ҳуқуқи миллӣ аз ҷониби низоми ҳуқуқи байналмилалӣ баъзе мавридҳо дахолати ноҷо ва ғаразманд ба фазои хуқуқи миллӣ низ эҳсос мегардад. Баъзе аз ин мавридҳо мақсадноку баъзе дигар ҳолатҳояш аз нодуруст фаҳмонидани ҳадафи меъёрҳо рӯх медиҳад. Дар натиҷа ҳамон як навишта ва меъёр бо усулҳои гуногуни мухталиф ва ё дугона ҳазм мегарданд. Нақду баррасии духелаи баҳсҳои ҳуқуқӣ, ки ба муқобили Тоҷикистон ҳамчун субъекти байналмилалӣ татбиқ мегарданд, аслан ба фазои ҳуқуқӣ нооромию номуназзамиро ҳидоят менамоянд.
Бинобар он, мақомоти масъул – Суди конститутсиониро зарур аст, ки назорати конститутсионии тафсир ва татбиқи меъёрҳои конститутсиониро зери назар гирифта, принсипи айнияти конститутсионии Тоҷикистонро фаъол татбиқ намояд. Маҳз консепсияи миллии айнияти конститутсионӣ тавассути Суди конститутсионии кишвар имкон дорад фазои ҳуқуқиро аз дахолати беҷои созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар доираи манфиатҳои миллӣ дифоъ намуда, ба рақибон ва нақдкунандагони хориҷӣ ҷавобҳои саҳеҳ ва қонунӣ диҳад.
Таҷрибаи кишварҳои дигар собит менамояд, ки нақши Суди конститутсионӣ бо усули татбиқи принсипи айнияти конститутсионӣ дар фаҳмондадиҳии мувофиқи меъёрҳои Конститутсия ба табиати давлати миллӣ, манфиатҳои фазои хуқуқӣ, тартиботи дохилидавлатӣ омили муҳимми нигоҳдошти фишори интиқоли меъёрҳои фаромиллӣ ба фазои ҳуқуқии давлат аст (Ниг.: Зорькин В.Д. Право против хаоса. 2-е изд. – М.: НОРМА ИНФРА-М., 2020. – С. 193).
Ба ҳодисаҳои мудҳиш, бетартибиҳо, хунрезиҳо ва номуназзамии низоми идораи кишварҳои ноором тавассути ВАО ҳамарӯза шинос шуда, ба зудӣ эҳсос мекунӣ, ки чӣ тавр миллатҳо ва халқҳои муайян бо ҷурми кадом як ҳадафҳои соддалавҳона теша ба решаи истиқлоли худ, ба ҳастӣ ва ваҳдати миллӣ мезананд. Онҳо андешаи хотираи таърихӣ, имрӯзаи миллат ва ояндаи фарзандонашонро дар паҳнои ормонии меъёрҳои конститутсионӣ дуруст ҳазм наменамоянд. Таассуф ва ноҳинҷорӣ аз он аст, ки ин ҳама тарафкашию майдоншиниҳои миллатҳо, ин ҳама фитнагарию бетартибиҳои оммавӣ, ҳангомаю хунрезиҳо зери парчами ҳуқуқу озодиҳо ва раванди демократикунонии дар конститутсияи ин кишварҳо тарҳрезишуда, рӯх дода истодааст.
Мушкил он аст, ки халқу миллатҳои муосири ба гирдоби чунин ҳодисаҳои нохуш гирифторшуда, муносибати яктарафа ба конститутсияҳои худ намуда, озодиро дида сарҳади онро гум кардаанд, ҳуқуқро қабул карда вазифаро аз хотир баровардаанд, имконияту афзалиятҳои фардиро эҳсос карда масъулиятро назди бародарони худ, ҷомеа, миллат ва дирӯзу фардои авлоду аҷдодашон аз ёд баровардаанд.
Биҳишти Худованду низоми идораи одилонаи Анушервони Одил, салтанати устувори дар пояи ҳуқуқ қоматафрохтаи Риму нахустин Эъломияи ҳуқуқу озодиҳои инсони Куруши Кабир, нусрати ҷаҳонии Сосониёни оламгиру назму тартиби башардӯстонаи Сомониён, қудрати имрӯзи Амрикои бузургу неруи муосири Иттиҳоди Аврупои муосир ҳама нахуст аз назму тартибу адлу инсоф будааст. Дар низоми муваффақиятҳои ин ҷомеаҳои одилона ва қудратҳои сиёсӣ эҳтироми сарҳади устувори озодии бо адлу инсоф, ахлоқу қонун маҳдудшаванда ҷойгоҳи муқаддас дошта, масъулияти қавӣ назди уҳдадориҳо, эҳтиром ба озодӣ ва ҳуқуқҳо дар чаҳорчӯби низоми қонунгузорӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Мардумони ободу ороми ин ҷомеаҳои номдор паҳнои озодии худро то сарҳади масъулиятҳо хуб эҳсос мекарданд. Ҳикмати Ситсерон нотиқ ва сиёсатмадори Рими бостонӣ «Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош», ҳикмати бузург ва дар як маврид одии давлатсозиро доро буд.
Аммо имрӯз онҳое, ки кӯшиши сохтани чунин ҷомеаҳои эътирофшударо доранд, бо усулҳо ва роҳҳои дигар ва аз бисёрҷиҳат шояд номукаммал ҳаракат доранд. Чунки натиҷаҳо қонеъкунанда нест. Ба назар чунин мерасад, ки фишангҳо ва назоратҳои мувозинатдиҳандаи меъёри ҳуқуқ ва низоми идораи кишварҳои рӯ ба тараққӣ рӯз ба рӯз номуназзам гардида, тақдири худ ва давлати хешро ба нерӯҳои бегона ҳавола карда истодаанд. Ин ҳолат беамалӣ ва ноустувории меъёрҳои кафолатдиҳандаи конститутсияҳоро дар мафкураи омма тавлид намуда истодааст. Конститутсияҳое, ки замоне ҳамчун орзую омоли халқи мубориз ва рӯзномаи амалкарди одилонаи халқу миллатҳо, бо хуни қурбониёни бешумор дастраси ҷомеаи инсонӣ гардида, ба дили халқу миллатҳо умеду орзуро бедор намуда буд, имрӯз бо мурури замон аз бисёр сифатҳои мусбати худ маҳрум шуда, нобоварӣ ва нигилизми ҳуқуқиро дар ҷомеаҳо зиёда намудааст.
Таҳлил ва назари умқӣ ба ин раванди номуносиб гувоҳи он аст, ки иллат на дар матни ин ҳуҷҷатҳои бунёдӣ, балки дар муносибати қудрати сиёсӣ ва халқу миллатҳо бо он аст. Яъне таъмини амният на дар вуҷуди хушку холии меъёрҳои конститутсионӣ, балки дар дарку ҳазми онҳо ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, масъулияти конститутсионӣ аз ҷониби шаҳрвандони ватандӯст таъмин мегардад.
Аз ин хотир, дар соли бузургдошти Конститутсияи кишвар зарур шуморидем, дар баробари зарурату аҳамияти Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати бунёдии давлатсозӣ ва ваҳдатофаринӣ дар таърихи зиндагии халқу миллатҳо назари худро ба чанд паҳлуҳои муҳим ва дар айни замон тақдирсози ин санади таърихӣ иброз намоем. Ҷиҳати дарки дурусти ин масъала мо ба кофтукови хамирмояи лағзиши шуури ҷамъиятӣ дар муносибат ба Конститутсия назар кардем. Ва ин иллатро қабл аз ҳама дар муносибати нодурусти масъулин ва халқҳо нисбат ба «Масъулиятҳои конститутсионӣ» дарёфт намудем.
Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шокиров Ҳусен Зокирович – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон