Худкушӣ амали зишту нораво ва нангбор барои як миллат аст!

Худкушӣ ва ё даст задан ба ҷони хеш амалест, ки боиси нигаронӣ ва ташвиши ҳамагон аст.

Масъалае, ки барои ҳар як миллат нангбор аст.

Худкушӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон дар назди мушкилоти зиндагӣ оҷиз монда, роҳи дигари ҳал намудани мушкилотро намебинад ва таслим мешавад.

Худкушӣ кирдори номатлуб ва даҳшатбори ҷомеа буда, бо шунидани чунин хабари шум кас ба ваҳму таҳайюр меафтад.

Ин амали ношоиста натанҳо ба худи инсон, балки ба хешовандону наздикони ӯ ҷабри зиёд меоварад.

Равоншиносон худкуширо ба се синф ҷудо кардаанд:

1. Худкушии ҳақиқӣ;
2. худкушии намоишӣ;
3. Ба худкушӣ расонидан.

Худкушии ҳақиқӣ:

он синфи худкушиест, ки инсон муддатҳост, ки ин кирдорашро ҳаматарафа ба нақша мегирад: макон ё олоти худкушиашро якчанд маротиба месанҷад, қарзҳояшро бармегардонад, бо наздикон мисле, ки хайрбодӣ мекунад. Ёддоштҳои худкушии бо шарҳи чунин рафторашро менависад.

Оқибати кирдорашро ҳамаҷониба санҷида, баъдан даст ба чунин амал мезанад.

Тамоми фикру ақида ва ҳиссиёти наздиконаш барои ӯ аҳамияте надорад. Ин намуди худкушон дар марги худ касеро гунаҳкор намеҳисобанд.

Худкушии намоишӣ:

мақсади чунин афроди худкуш аслан қассос аст. Қассос аз волидайн, дӯстону наздикон ва ё атрофиён.

Дар ҳолате, аз ҷониби волидайн беаҳамиятӣ, сарзаниш ва хунукназарӣ зоҳир мегардад бо чунин рафтор онҳо мехоҳанд, ки қассос гиранд ва ё ҷазо диҳанд.

Ба худкушӣ расонидан:

равандест, ки бо сабаби дигарон даст ба худкушӣ мезананд, яъне аз ҷониби наздикон мазаммат, таҳқир, туҳмат, пастзанӣ, бадбинӣ карда мешавад.

Таҷовуз, лату кӯб, монда шудан аз зиндагӣ, надоштани шавқу ҳавас ба ҳаёт, тарс аз ҷазо ва доғдор шудан, дар ҳолате, ки аз ҷониби наздикон ва ҷамъият таҳқир карда мешавад, бархе аз омилҳое мебошанд, ки инсонро ба худкушӣ водор месозанд.

Мувофиқи моддаи 109 – и кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои водор сохтан ба худкушӣ ҷазо пешбинӣ шудааст, ки аз ду банд иборат аст:

1.Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор нисбати шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад ё ин ки дар ҳаққи ноболиғ содир шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика