
Имрӯз, 13/08/2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ брифинг бо иштироки корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим иштирок ва дар мавзуи " Асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд" ва "Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ" суханронӣ намуд.
Шуъбаи итиилоот ва ташхиси диншиносӣ