Аз имом Абуюсуф ривоят аст, ки гуфт: Ҳангоме ба хавориҷ хабар расид, ки Имом Абуҳанифа маърифати Парвардигорро, яъне тасдиқу иқрорро бидуни рукн будани амал аз асли имон эътибор мекунад ва ҳеҷ касеро ба содир кардани гуноҳ ҳукм ба куфр намекунад, барои мунозараи бо вай 40 нафар хавориҷи шорра, яъне фидоиёни онҳо ба Куфа омаданд ва шамшерҳояшонро аз ғилоф кашида ба Имом Абуҳанифа гуфтанд: Эй Абуҳанифа имрӯз охирин рӯзи ту аз дунё ва аввалин рӯзат аз охират мебошад. Мо ба назди ту бо ду масъала омадем, ки назди мо аз душвортарин масоил мебошанд. Пас агар он дуро посухи қаноъатбахш бидиҳӣ, наҷот меёбӣ, вале агар аз посух додан оҷиз бимонӣ, кушта хоҳӣ шуд. Имом Абуҳанифа ба онон гуфт: Оё боинсофона бо ман муъомала намекунед ва шамшерҳоятонро ғилоф намекунед? Гуфтанд: Чи гуна мо шамшерҳоямонро дар ғилоф кунем, ки умед дорем бо хуни ту дамҳояшонро рангин бисозем.?! Баъди ин таҳдидҳо ба сухан даромада гуфтанд: Дар мавриди ҷанозаи ду шахсе, ки яке аз онон шароб нӯшидаву ба худ наомада дар чунин ҳолат вафот кардааст ва дигараш занест, ки зино кардаву баъди ошкор шудани ҳамл бо истифода аз даво исқоти ҳамл кардааст ва дар асари он дар ҳолати нифос вафот кардааст, чи фатво медиҳӣ? Яъне он ду кофир мурданд ё не? Имом Абуҳанифа гуфт: Он ду аз ҷумлаи яҳудиён буданд? Гуфтанд: Не! Гӯфт: Аз ҷумлаи насрониён буданд? Гуфтанд: Не! Гуфт: Пас аз аҳли кадом дин буданд? Гуфтанд: Аз ҷумлаи касоне буданд, ки ба ягонагии Аллоҳ Таъоло ва пайғомбарии Муҳаммад(алайҳи-с-салом) шаҳодат медоданд. Имом Абуҳанифа ба онон гуфт: Шаҳодат нисфи имон аст, ё сеяк ва ё чаҳоряки он? Гуфтанд: Имон нисф, сеяк ва чаҳоряк намешавад, балки он тамомии имон аст. Имом Абуҳанифа гуфт: Тамомии имон аст? Гуфтанд: Оре, тамомии имон мебошад. Ҳазрати Имом ба хавориҷ гуфт: Пас чаро маро аз кӣ будани он ду мепурсед, дар ҳоле, ки худи шумо аз мусалмон буданашон шаҳодат додед? Яке аз хавориҷ гуфт: Инро бигзору бигӯ, ки он аз аҳли биҳишт мебошанд ё аз дӯзах? Гуфт: Дар мавриди онон он чиро мегӯям, ки ҳазрати Нӯҳ(алайҳи-с-салом) дар мавриди ашхоси аз ин ду гунаҳгортар (дар сураи " Шуаро", ояти 112-113) гуфтааст:"Нӯҳ гуфт:" Дониши ман ба он чи мекарданд, расанда нест. Агар бидонед, ҳисобашон ҷуз бар Парвардигори ман (бар касе) нест". Дар мавриди онон он чи мегӯям, ки Иброҳим(алайҳи-с-салом) дар шаъни қавми гунаҳгортар аз ин ду (дар ояти 36, сураи " Иброҳим" ) гуфтааст:" Ва ҳар ки пайравӣ аз ман кунад, пас, ҳамоно ӯ аз оини ман аст; ва ҳар ки маро нофармонӣ кунад, пас, ба дурустӣ, ки Ту Омурзандаи Меҳрубон ҳастӣ". Дар мавриди онҳо он чиро мегӯям, ки Исо(алайҳи-с-салом) дар мавриди ашхоси гунаҳгортар аз ин ду (дар ояти 118, сураи " Моида")гуфтааст: Агар онҳоро азоб кунӣ, онҳо бандагони Туанд; ва агар онҳоро биомурзӣ, Ту Ғолиби Устуворкор ҳастӣ". Дар шаъни ин ду он чиро, ки ба Муҳаммад(алайҳи-с-салом) ( дар ояти 31, сураи " Ҳуд") нозил шудаастро мегӯям:" Ва ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст ва на он ки ғайбро медонам; ва намегӯям, ки ман фаришта ҳастам; ва ба касоне, ки дар чашми шумо ҳақиранд, намегӯям, ки Худо ба онҳо ҳеҷ неъмате нахоҳад дод; Аллоҳ ба он чи дар замири онҳост, Донотар аст.( Агар чунин гӯям), ҳароина ман он гоҳ аз ситамгорон бошам".
Хавориҷ гуфтанд: Моро аз ин мусибат раҳо кардӣ, Аллоҳ Таъоло туро раҳо созад. Тавба кардем назди Парвардигор ва аз Парвардигор талаби бахшиш менамоем аз он боварие, ки бар он будем! Баъд аз он онҳо аз пайравони Абуҳанифа(раҳ) гардиданд".(Дар ривояти китоби " Ал-эътиқод" саҳ. 115)
Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон