Фазилати моҳи зулҳиҷа

Паёмбар (с) фармуданд: “Ҳеҷ рӯзи сол дар шарафу бузургӣ ба даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа баробар нест. Амалҳои солеҳ дар ин даҳа назди Худованд чунон маҳбубияти хосса доранд, ки дар дигар рӯзҳои сол чунин нест. Ҳеҷ амали солеҳе бо амалҳои ин даҳа баробар шуда наметавонад, ҷуз амалҳое, ки дар моҳи рамазон анҷом дода мешавад..” (Ривояти Имом Бухорӣ)

Амалҳое, ки дар ин даҳҳа бояд онро бештар анҷом дод:

1.Тавба намудан аз гуноҳон.

2. Рӯза доштан.

3. Бештар накӯӣ кардан бар волидайн.

4. Эҳсон ба хешону пайвандон.

5. Пардохт намудани закоти мол.

6. Садақа додан ба муҳтоҷон.

7. Анҷом додани ибодатҳои нафл.

8. Айёдати беморон.

9. Зиёрати қабристон.

10. Забонро бо зикри Худованд муаттар доштан.

11. Ҳаҷ ва Умра намудан. (ин ду амал аз шоистатарин амалҳо дар ин мавсим ба ҳисоб меравад).

12. Қурбонӣ кардан.

13. Қуръон тиловат кардан.

14. Такбир гуфтан.

15. Дигаронро аз фазилати ин даҳ рӯз огоҳ намудан ва ононро ба анҷоми корҳои нек фаро хондан.

 

Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.

Яндекс.Метрика